, Сешанбе, 19-август

ТЕРРОРИСТОН-ДУШМАНИ СУЛҲУ ОЗОДӢ ДАР РӮЙИ ҶАҲОН


ТЕРРОРИСТОН-ДУШМАНИ СУЛҲУ ОЗОДӢ ДАР РӮЙИ ҶАҲОН

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи ниҳоят ҳассос ва пурмоҷаро қарор дорад, ки таъсири он ба табақаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистони азизамон, махсусан ба ҷавонон ҳам мерасад. Пеш аз ҳама имконияти дастрас намудани маълумоти зиёд ва таъҷилӣ ба ҷомеаи муосир имконияти вайрон намудани арзишҳои фарҳанги асрҳо қабул намудаи халқамонро фароҳам меоварад ё чуноне ки мегӯянд, таъсири манфии худро мерасонанд.

Шабакаи ҷаҳонии Интернет ва дигар рӯзномаю маҷаллаҳо дар баробари фоидаю саҳми беандозаи худ ҷиҳати дастрас намудани ҳама гуна маълумоту дархостҳо ба равнақи арзишҳои имрӯзаи миллӣ зуд таъсир мерасонад. Пешрафти техника ва технологияи иттилоотӣ ба истифодабарандагони он зарари маънавӣ ва ҷисмонӣ ворид мекунад.

Дастрас будани ҳаргуна бозиҳо ва филмҳои таблиғгари зуроварӣ, фаҳшу фоҳишагӣ ва дуздиву роҳзанӣ боиси даст задани ҷавонони имрӯза ба кору амали ношоям ва инчунин пайрав ба гурӯҳҳои ифродгаро ва экстремистӣ мегарданд. Ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, вақти зиёди худро бефоида мегузаронанд ва дар баробари ин ба саломатӣ ва ҳолати иқтисодии худ низ зарар мерасонанд. Дар матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳамарӯза шоҳиди чунин ҳолатҳо мегардем, ки ҷавонон бо ақидаҳои барғалат ба гурӯҳҳои террористиву ифродгароӣ майл пайдо кардаву пайрави ақидаҳои онҳо гардидаанд.

Террорезм амали нангинест, ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамасола дар ҷаҳон ҳазорон нафар одамони бегуноҳ аз амалиётҳои террористон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Таърихи тӯлоние, ки терроризм дорад, он ба ҳар гуна роҳу шева зуҳур намуда, ин падида ҳазору панҷсад сол аст, ки дар мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон ҷони ҳазорон одамони бегуноҳро рабудаю мерабояд. Императорҳои Рим, султонҳои Туркия, шоҳони Рус ва ғайраҳо қурбонии терроризм гаштаанд.

Дар ҷаҳон террористон ҳамеша вуҷуд доштанд. Фаъолияти гурӯҳҳои аввлини террористӣ аз ҷумла «секта» тариқати сикариҳо (асри 1 то эраи мо) дар Фаластин нишонгари он аст, ки онҳо намояндагони саршиноси яҳудиёнро, ки бо римиҳо дар тамоси сулҳ буданд, нобуд месохтанд. Ханҷар ва шамшери кутоҳи сику чун силоҳ дар ихтиёри онҳо қарор дошт. Онҳо чун миллатгароёни мусаллаҳ бо рӯҳияи экстеремистӣ ҳаракати иҷтимоии сатҳи поёнро ба муқобили табақаи боло роҳбарӣ менамуданд. Дар ҳаракати сикариҳо фантазияи динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид. Онҳо дар азобу шиканҷа хушнудиеро эҳсос менамуданд ва бар ақидаи барғалат бовар доштанд, ки баъди аз байн бурдани ҳар гунна низом Худованд лутфу марҳаматро сӯйи мардум ниҳода, онҳоро аз андӯҳу азоб ва парешониҳо наҷот мебахшад. Шоҳи Байтулмуқаддас Конрад Монфератский аз дасти онҳо кушта гардид.

Терроризм, натиҷаи сиёсатбозиҳои бемаънӣ аст, ки гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа гузошта, барои ба ҳадафҳои шуми худ расидан аз террор истифода карданӣ мешаванд. Аксар вақт худро «ҳомӣ»-и ислом муаррифӣ мекунанд, ки ин фикри бофтаю дуруғгин буда, дини мубини ислом террор ва амалҳои террористиро маҳкум карда, онро амалҳои шайтон медонад. Тундгарони исломӣ дар нуқоти доғи дунё худкушиҳоро  «тарбия» карда, он раҳгумзадаҳои фиребхӯрда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ серодам, пойгоҳҳои низомӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, мактаб, масҷид, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра амалҳои интиҳориро иҷро карда, даҳҳо ва ҳазорҳо нафарро ба қатл мерасонанд.

Дар солҳои охир  терроризм чун проблемаи рақами 1 дар ҷаҳони муосир шинохта шудааст. Агар солҳои 70-ум асри гузашта дар ҷаҳон 800 ҳамлаҳои  чашмраси террористӣ ба қайд гирифта бошанд, солҳои 90-ум беш аз 900 ҳодисаҳои террористӣ рӯх додаанд. Аз давраи солҳои 1970 то солҳои 1985  дар Аврупо се ҳазор ҳодисаҳои террористӣ рӯх дод. Дар Амрикои лотинӣ 1573, Шарқи наздик 1330 ва дар Шимолии Амрико 448 ҳодиса ва ҳолатҳои террористӣ ба амал омаданд.

Аз солҳои 1980 то ба имрӯз афзоиши теъдоди ҳамлаҳою ҳодисаҳои террористӣ дар гушаю канори дунё 50 то 60 дарсадро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки ин шумора доимо зиёд гардида, одамони бегуноҳ мавриди ҳамлаҳои террористии бераҳмона қарор мегирад.

Терроризм, экстремизм ё ки ифротгароӣ ин кору пайкор ва амали ифротии шахсонест, ки тавассути даъват мехоҳанд сохти давлатдориро халалдор ва ба сохти конститутсионӣ латма ворид созанд. Ифротгароён баъзан бо даъватҳои пардапӯшонаи худ мехоҳанд ҳокимиятро ғасб намуда, оташи миллатгароӣ, нажотпарастӣ ва бадбинии мазҳабиро аланга зананд. Онҳо ба ягон миллату дину мазҳаб мансуб набуда, амалҳоеро пиёда мекунанд, ки иборат аз куштору сӯхтор, инфиҷор ва даҳшатфиканист. Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид хотир нишон, кардааст, ки дар 5 соли охир аз амалҳои террористӣ наздики сесад ҳазор одамон ҳалок гардида, беш аз 1 млн одамон ҷаҳорат бардошта, хисороти воридгашта аз амалҳои террористӣ ба як миллиард доллар баробар аст.

Калимаи «террор» дар асри ХVIII аз тарафи олимони фаронсавӣ таҳти омӯзиш қарор додашуда, истилоҳи калимаи «террор»-ро ҳамчун «даҳшат» эътироф намуда, қайд карданд, ки даҳшатро дар таркиш, сӯхтор ва тирпаронӣ дидан мумкин аст. Калимаи «террор» ва «терроризм» дар забони русӣ аввали асри ХVIII аз забони фаронсавӣ ворид гардид.

Яке аз олимони рус И.И.Татишев соли 1816 аввалин маротиба мафҳуми «терроризм»-ро ҳамчун «системаи хавфноки идоравӣ ва амалҳои даҳшатовар» шарҳ додааст.

«Террор»-ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ ба мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.

«Терроризм»-бошад, даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади мафҳумро васеътар намудааст.

«Экстремизм» (ифродгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психоло-гияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида, ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хафнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти Конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.

Дар ҳақиқат ин се мафҳум «террор», «терроризм», «экстромизм» душманони ҳақиқии инсоният, душмани тинҷию озодӣ, сулҳу ваҳдати миллатҳои дунёанд. Кишвари мо инро солҳои 1991 то солҳои наздик аз тарафи аъзоёни ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати ислом, махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравони онҳо дида буд. Ҳоло баъзе решаҳои ин ҳизб аз ҳисоби «дӯстон»-у «рафиқон»-ашон, «падархонду модархондашон» берун аз кишвар лоф зада истоданд ва навдаҳояшон бошанд дар ҷумҳурӣ мисли барги хазон дар фасли тирамоҳ аз тан канда шуда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату вохӯриҳояшон доир ба пешгирӣ аз шомил шудан ба гурӯҳои террористӣ, экстремистӣ ибрози назар намуда, баҳри ҷилавгирӣ аз ин вабо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад ва таъкид мекунад, барои тарбияи солимии насли наврас, пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, дар вуҷуди онҳо парваридани зиракии сиёсӣ аҳамияти авалиндараҷа дода, мақсаду ҳадаф ба он нигаронида шавад, ки насли ояндаи миллат аз овони мактабхонӣ ва бакамолотрасӣ баду нек, дӯстро аз душман фарқ карда тавонанд. Зеро ин омили асоси посдории шаъну шуҳрати Ватани азизу маҳбубамон, якпорчагии он, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, аз ҳама болотар худшиносии миллии ҳар як фарди тоҷик аст.

Бесабаб нест, ки имрӯз Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналхалқӣ дар роҳи мубориза бар зидди амалҳои террористӣ, экстремистӣ яке аз кишварҳои фаъол мешиносанд ва дар раванди мубориза ба ин гурӯҳҳои номатлуб арзёбӣ мекунанд. Бинобар ин аз ҳар як пиру ҷавони мардуми Тоҷикистони азизамон хоҳиш карда мешавад, ки ҳар як нуктаю ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарчашмаи кори ҳаррӯзаи худ намуда, аз воқеаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро дар зери хавфу хатар мондааст, аҳли оила ва худро эмин нигоҳ доранд.

Шариф Бегиев-муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими они ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!