,
Сешанбе, 24-ноябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пас аз баргузории раҳпаймоии осоишта ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо иштироки доираи васеи ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас филми ҳуҷҷатӣ доир ба марҳилаҳои қабули Парчами давлатӣ ва аҳмияти он дар сиёсати давлатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Баъд аз тамошои филм бо риояи эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори ҳамоиш ворид карда шуд.
Дар ҳайати раёсати ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Каримҷонзода Манучеҳр ва муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Собирзода Сайёд иштирок доштанд.
Пешбурди кори ҳамоишро сардори маркази матбуоти донишгоҳ Муҳаммадҷони Абдувоҳид ба уҳда дошт.
Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои ҳастии миллӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик ба шумор меравад. Арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ пеш аз ҳама таҷассумгари эҳтиром ба таърихи пурифтихори давлатдорӣ, фарҳанги бостонӣ, ормонҳои миллӣ ва муборизаҳои гузаштагон дар роҳи озодиву истиқлол мебошад.
Дар идома бо таваҷҷуҳ ба нақши таърихии Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати созанда ва талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат дар кишвар эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандӣ ва ифтихори давлатдорӣ мақоми шоиста пайдо кардааст. Зикр гардид, ки Парчами миллӣ оинаи ҳувияти миллӣ, пайвандгари наслҳо ва таҷассумгари ормонҳои волои миллати тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба он бояд дар шуури ҳар як шаҳрванд ҳамчун эҳсоси самимии масъулият дар назди Ватан, садоқат ба давлату миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷой дошта бошад.
Сипас, тибқи барномаи ҳамоиш, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо дар мавзуи «Парчами миллӣ - рамзи ифтихору сарбаландӣ ва ҳастии давлатдорӣ» маърӯза намуда, мақому манзалати Парчами давлатиро ҳамчун омили таҳкими ифтихори миллӣ, ваҳдату сарҷамъӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ шарҳу тавзеҳ дод. Дар идома декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Каримҷонзода Манучеҳр дар мавзуи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии давлатӣ ва арзиши конститутсионӣ: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои такмили ҳифзи он» баромад намуда, паҳлуҳои ҳуқуқии мақоми Парчами давлатӣ, заминаҳои конститутсионии ҳифзи он ва зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамчунин, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Собирзода Сайёд дар мавзуи «Парчам - оини худшиносии миллӣ ва рамзи озодию истиқлол» суханронӣ намуда, бо такя ба далоили таърихӣ нақши Парчамро дар ташаккули ҳувияти миллӣ, ҳифзи асолати фарҳангӣ ва идомаи суннатҳои давлатдории тоҷикон бозгӯ кард.
Маърӯзаҳои пурмуҳтавои иштирокчиён паҳлуҳои гуногуни аҳаммияти таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии Парчами давлатиро фаро гирифта, барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тақвияти руҳияи ватандӯстии аҳли донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бори дигар собит сохт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии миллат дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҷойгоҳи хосса дошта, эҳтирому гиромидошти он қарзи виҷдониву шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад