, Шанбе, 28-ноябр

ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА ИНТИШОРОТИ АКАДЕМӢ


ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА ИНТИШОРОТИ АКАДЕМӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дар муассиса тадбири муҳимми илмӣ-таълимӣ бо иштироки зиёии хирадафрӯз, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо баргузор гардид.

Ин иқдом бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ҷиҳати таҳкими ҳар чи бештари ҳамкориҳои байнимуассисавӣ, ҳамзамон баланд бардоштани савияи тахассуси устодон, муҳаққиқон, докторантони PhD ва магистрантон семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирализода Абдусалом Мустафо дар мавзуи “Таҳқиқоти илмӣ ва интишороти академӣ” доир шуд.

Профессор Мирализода А.М. дар ҷараёни суханронӣ ба самтҳои афзалиятноки рушди илми педагогика, зарурати таҳқиқоти илми замонавӣ дар раванди таълиму тарбия, роҳҳои татбиқи усулҳои инноватсионӣ ва масъулияти илмии омӯзгорон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард. Профессор бар он таъкид намуд, ки самаранокии фаъолияти илмӣ на танҳо ба интихоби дурусти мавзуи таҳқиқот, балки ба риояи меъёрҳои методологӣ, истифодаи сарчашмаҳои боэътимоди илмӣ, таҳлили амиқи натиҷаҳо ва дуруст ба роҳ мондани интишори дастовардҳои илмӣ вобастагии зич дорад. Омода намудани мақолаҳои илмӣ мутобиқ ба талаботи маҷаллаҳои тақризшаванда, риояи меъёрҳои ахлоқи академӣ, пешгирӣ аз асардуздӣ ва саҳеҳу асоснок пешниҳод намудани натиҷаҳои таҳқиқот аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ба шумор мераванд. Дар ин замина, зарурати тақвияти малакаҳои таҳқиқотӣ ва нашриявии омӯзгорону муҳаққиқони ҷавон махсус таъкид карда шуд.

Иштироки фаъолонаи магистрантон ва докторантони PhD дар раванди муҳокима, саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор аз нишонаҳои болоравии сатҳи маърифат ва завқи илмии насли ҷавон гувоҳӣ медод. Ҳамзамон, иштирокчиён баргузории чунин машғулиятҳоро омили муҳимми рушди худшиносӣ, густариши ҷаҳонбинии касбӣ ва таҳкими асосҳои таҳқиқоти мустақилона арзёбӣ намуданд.

Тадбири мазкур як бахши муҳимми ибтикороти раёсати донишгоҳ дар роҳи ҷалби донишмандони сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбад. Он инчунин ҳамчун намунаи арзишманди ҳамгироии илм ва амалия, мусоидат ба рушди неруи зеҳнии устодону муҳаққиқон ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати омӯзгорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни баргузории семинар профессор Мирализода Абдусалом ба магистрантон ва докторантони PhD, ки дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои матраҳгардида иштироки фаъолона доштанд, асарҳои тозанашри худро, ки метавонанд ҳамчун сарчашмаи муфиди илмӣ барои омӯзиши амиқтари мавзуъҳои соҳавӣ, такмили донишҳои назариявӣ ва густариши ҷаҳонбинии илмии муҳаққиқони ҷавон хизмат намоянд, тақдим намуд.




Ба рӯйхат