, Шанбе, 28-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ «РУССКАЯ РЕЧЬ»


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ «РУССКАЯ РЕЧЬ»

Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии кафедраи забони муосири рус таҳти унвони «Русская речь» бо роҳбарии ассистенти кафедра Шарипов Мадиброҳим баргузор гардид.

Дар оғози маҳфил роҳбари он суханронӣ намуда, нақши забони русиро дар густариши ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти муошират ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни миллатҳо таъкид кард. Сипас, маърӯзачиён ва мавзуъҳои баромади онҳо ба ҳозирин муаррифӣ гардиданд.

Дар идома донишҷӯи курси сеюми факултет Каримова Меҳрона дар мавзуи «Влияние миграции в современном русском языке» ва донишҷӯи курси якум Ҳайдарова Шаҳноза дар мавзуи «О вкладе М.В. Ломоносова в науке о языке» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.




Ба рӯйхат