,
Шанбе, 28-ноябр
Дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Посдорони забон”-и кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ бо иштироки омӯзгорони кафедраи ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Маҳфил бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, таҳкими донишу малакаи забондонии донишҷӯён ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши нозукиҳои забони тоҷикӣ баргузор карда шуд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни курси якуми факултети география ва иқтисоди рақамӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Аз ҷумла Хайруллоева Робия дар мавзуи “Таркиби луғавии забони тоҷикӣ” маърӯза намуда, оид ба хусусиятҳои таркиби луғавии забони тоҷикӣ ва вижагиҳои он маълумот пешниҳод кард. Ҳамчунин, Бобоқулзода Мухлиса дар мавзуи “Садонокҳои ӯ ва и ва мавридҳои истифодаи онҳо” баромад намуда, доир ба қоидаҳои истифодаи ин садонокҳо ва хусусиятҳои имлои онҳо андешаҳои худро баён кард.
Дар қисмати ҷамъбастии маҳфил музокирот сурат гирифта, иштирокчиён атрофи мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуданд.