, Ҷумъа, 27-ноябр

ПАЙВАНДИ НАСЛҲО: ДАРСХОНА БА НОМИ ПРОФЕССОР МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО


ПАЙВАНДИ НАСЛҲО: ДАРСХОНА БА НОМИ ПРОФЕССОР МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО

(Дар заминаи гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи соҳаи маориф ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди илму таълим дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Илму маърифат дар ҳама давру замон ба шахсиятҳое такя мекунад, ки бо дониш, таҷриба ва фаъолияти пурсамари худ барои ташаккули муҳити солими таълиму тарбия замина мегузоранд. Устодони соҳибмактаб, ки фаъолияти хешро ба омӯзишу парвариши насли ҷавон ва рушди низоми маориф бахшидаанд, на танҳо дар ташаккули мутахассисони варзида саҳм мегузоранд, балки бо кору пайкори худ барои наслҳои оянда роҳнамо ва намунаи ибрат мешаванд. Ба номи чунин шахсиятҳо гузоштани синфхонаю дарсгоҳҳо яке аз роҳҳои муассири зинда нигоҳ доштани хотираи неки онҳо ва муаррифии мактаби касбию илмии устодон ба насли имрӯз мебошад.

Бо чунин ҳадаф имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарсхонаи таълимӣ ба номи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо таъсис дода шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, намояндагони ҳайати роҳбарикунанда ва садорати факултетҳо иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ ин иқдомро дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлат, хосса сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва гиромидошти хизматҳои арзандаи аҳли маориф муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба фаъолияти шахсиятҳои соҳибтаҷриба бояд ба як ҷузъи муҳими фарҳанги донишгоҳӣ табдил ёфта, барои донишҷӯён воситаи шинохти таърихи муассиса, дастовардҳои устодон ва сабақомӯзӣ аз таҷрибаи зиндагии онҳо бошад.

Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки солҳои роҳбарии профессор Мирализода Абдусалом Мустафо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2020-2022) яке аз марҳилаҳои назарраси фаъолияти созанда дар таърихи муассиса ба ҳисоб меравад. Дар ин давра бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи ӯ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддию техникии донишгоҳ ва беҳтар намудани шароити фаъолияти таълимию корӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо ибтикори устод дар ҳудуди донишгоҳ чоҳи амудии обӣ бунёд карда шуда, мушкилоти таъминоти муассиса бо оби ошомиданӣ ҳалли худро ёфт. Ин иқдом дар беҳтар гардидани шароити инфрасохтории донишгоҳ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди фаъолият барои омӯзгорону донишҷӯён нақши муҳим гузошт. Бешубҳа, чунин корҳои созанда аз таваҷҷуҳи роҳбари донишгоҳ ба ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи муассиса ва фароҳамсозии шароити муносиб барои пешбурди раванди таълиму тарбия шаҳодат медиҳанд.

Профессор Мирализода Абдусалом Мустафо аз иқдоми роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуда, чунин таваҷҷуҳро нишонаи эҳтиром ба заҳматҳои аҳли илму маориф ва қадршиносӣ аз фаъолияти омӯзгорӣ маънидод кард. Ӯ таъкид дошт, ки минбаъд низ бо истифода аз имконияту неруи мавҷуда ва дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро ба тарбияи фарзандони миллат, омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат ва хизмат ба халқи шарифи Тоҷикистон равона хоҳад намуд.

Дар идомаи чорабинӣ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо чанде аз асарҳои тозанашри худро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, бо мақсади тақвияти захираи адабиёти илмӣ ва фароҳам овардани имконоти бештар барои донишандӯзии донишҷӯён онҳоро ба китобхонаи донишгоҳ тақдим кард. Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи устод ба густариши фарҳанги мутолиа, дастрасии ҷавонон ба сарчашмаҳои илмӣ ва рушди тафаккури таҳқиқотӣ мебошад.

Профессор Мирализода Абдусалом Мустафо 22 марти соли 1961 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Давраи таҳсилоти миёнаи худро солҳои 1968-1978 дар мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Фархор сипарӣ намуда, баъдан барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шудааст. Пас аз солҳои таҳсил, соли 1987 муассисаи мазкурро аз рӯйи ихтисоси физика ва омӯзгорӣ хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи илму маориф оғоз кардааст.

Нахустин таҷрибаи фаъолияти касбии ӯ ба солҳои 1987-1988 рост меояд, ки дар вазифаи лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) фаъолият намудааст. Солҳои минбаъда фаъолияти худро дар Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ба номи Ю. А. Гагарин идома дода, дар ин муассиса ба ҳайси омӯзгор, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯёну омӯзгорон ва мудири шуъбаи ғоибона кор кардааст. Ин давраи фаъолияти ӯ бо андӯхтани таҷрибаи нахустини омӯзгорӣ, ташкили раванди таълим ва кор бо муҳассилин алоқаманд мебошад.

Марҳилаи муҳими ташаккули фаъолияти илмӣ ва омӯзгории профессор Мирализода ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста аст. Аз соли 1995 ба ҳайси муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ба фаъолият пардохта, ҳамзамон дар самти ташкил ва роҳандозии корҳои таълимию методӣ масъулиятҳои гуногунро бар дӯш доштааст. Солҳои 1996-2004 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, солҳои 2004-2005 декани факултети такмили ихтисоси муаллимони мактабҳои олӣ ва солҳои 2005-2011 мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика буд.

Бо такя ба таҷрибаи андӯхта ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ, ӯ минбаъд дар вазифаҳои масъули роҳбарии соҳаи маорифи олӣ фаъолият намуда, солҳои 2011-2012 сардори раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2012-2017 муовини аввал ва муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ буд. Ин марҳилаи фаъолияти ӯ бо масъалаҳои идоракунии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва такмили сохтори таълимию методии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пайванди мустақим дорад.

Солҳои 2017-2020 роҳбарии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-ро ба уҳда доштааст. Фаъолият дар ин ниҳоди муҳими фарҳангӣ барои густариши таҷрибаи идоракунӣ ва шиносоии бештар бо равандҳои рушди китобдорӣ, ҳифзи мероси хаттӣ ва тарғиби фарҳанги мутолиа мусоидат намудааст. Сипас, солҳои 2020-2022 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намуда, дар ин давра дар пешбурди корҳои таълимию илмӣ ва идоракунии муассисаи мазкур саҳм гузоштааст. Аз моҳи июли соли 2022 роҳбарии кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба зимма дошта, ҳамзамон аз моҳи феврали соли 2024 узви ҳайати Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳбарӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба таҳқиқоти илмӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намудааст. Соли 1997 дар мавзуи «Асосҳои иҷтимоию педагогии омодасозии хонандагон дар интихоби касб» рисолаи номзадӣ ва соли 2006 дар мавзуи «Системаи педагогии омодасозии донишҷӯён дар ташкили раҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон» рисолаи докториро ҳимоя кардааст. Ба даст овардани дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ ва унвони профессор, ки мутаносибан солҳои 2006 ва 2008 ба ӯ дода шудаанд, натиҷаи заҳмати пайгирона ва фаъолияти пурсамари илмии мавсуф ба шумор мераванд.

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ӯ масъалаҳои такмили маҳорати касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, интихоби бошууронаи касб аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, роҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии насли наврасро фаро мегиранд. Маҳз таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо дар ташаккули дидгоҳҳои илмӣ ва таҳияи асарҳои таълимию методии ӯ нақши муассир гузоштааст.

Натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии профессорро теъдоди зиёди корҳои илмӣ ва таълимию методӣ ташкил медиҳанд. То имрӯз 10 монография, беш аз 15 дастури таълимӣ ва китоби дарсӣ дар алоҳидагӣ ва ҳаммуаллифӣ, инчунин зиёда аз 120 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавии ӯ ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, асарҳои «Ҷанбаҳои иҷтимоию педагогии интихоби касб», «Системаи роҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон», «Асосҳои интихоби касб», «Педагогикаи умумӣ ва касбӣ», «Педагогикаи мактаби олӣ» ва «Психологияи мактаби олӣ» аз ҷумлаи корҳои илмӣ ва таълимии ӯ мебошанд, ки ба баррасии масъалаҳои муҳими назария ва амалияи педагогика бахшида шудаанд.

Яке аз самтҳои назарраси фаъолияти илмии профессор омода намудани кадрҳои илмӣ ва дастгирии муҳаққиқони ҷавон мебошад. Бо роҳбарии илмии ӯ 17 нафар муҳаққиқ дар самтҳои гуногуни илми педагогика рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя намудаанд. Ин нишондиҳанда аз саҳми назарраси устод дар ташаккули муҳаққиқони соҳибихтисос, тақвияти иқтидори илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва идомаи анъанаҳои мактаби илмии педагогика дарак медиҳад.

Хизматҳои арзандаи профессор Мирализода Абдусалом Мустафо дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадршиносӣ гардидаанд. Соли 1995 бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», соли 2008 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва соли 2018 бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Ин унвону ҷоизаҳо бозгӯи эътирофи саҳми ӯ дар пешрафти соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанги кишвар мебошанд.

Дар маҷмуъ, фаъолияти профессор Мирализода Абдусалом Мустафо намунаи пайвастани илму амал, омӯзгорӣ ва роҳбарӣ буда, таҷрибаи чандинсолаи ӯ дар муассисаҳои гуногуни таълимию фарҳангӣ барои рушди низоми маорифи кишвар аҳаммияти хос дорад. Аз омӯзгори ҷавон то ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ расидан, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, таълифи асарҳои сершумор ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон аз марҳилаҳое мебошанд, ки роҳи пурмаҳсули фаъолияти касбии ӯро таҷассум менамоянд.

Таъсиси дарсхона ба номи профессор Мирализода Абдусалом Мустафо дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги донишгоҳро метавон иқдоми дорои аҳаммияти маънавию тарбиявӣ арзёбӣ намуд. Ин макон минбаъд метавонад на танҳо барои баргузории машғулиятҳои таълимӣ, балки ҳамчун василаи муаррифии дастовардҳои илмӣ, шинохти таҷрибаи омӯзгорони соҳибмактаб ва ташвиқи донишҷӯён ба пажуҳишу навоварӣ хизмат намояд. Ҳамзамон, тақдими асарҳои тозанашри устод ба китобхонаи донишгоҳ ин иқдомро бо мазмуни амалии донишандӯзӣ ва густариши фарҳанги китобхонӣ ғанӣ мегардонад.




Ба рӯйхат