, Ҷумъа, 27-ноябр

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ СОҲИБИ МАҚОМИ ДУЮМ ГАРДИД


ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ СОҲИБИ МАҚОМИ ДУЮМ ГАРДИД

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2008–2009 бахшида ба гиромидошти хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Сайдаброров Саймаҳмад баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур Раҷабзода Хисрав, донишҷӯи курси якуми ихтисоси забони англисии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, фаъолона иштирок намуда, дар вазни 71 кг маҳорати баланди варзишӣ нишон дод ва сазовори ҷойи дуюм гардид.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҷабзода Хисравро ба муносибати ин дастоварди арзанда табрик гуфта, дар мусобиқаҳои минбаъда барору комёбиҳои навро таманно менамояд.




Ба рӯйхат