, Шанбе, 28-ноябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДДК


БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДДК

28 ноябри соли 2026 бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ташаккули рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва механизмҳои беҳтаргардонӣ дар шароити самаранокии иқтисодӣ ва рақамикунонӣ” баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону кормандони донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Конференсия бо тамошои намоишгоҳи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, адабиёти илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дастовардҳои устодону кормандон оғоз гардид. Сипас, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми расмии чорабинӣ ифтитоҳ ёфт.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳозирин ва меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Дар зимни суханроӣ ба муҳиммияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар шароити муосир ишора карда, таъкид намуд, ки рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, зарурати таҳқиқи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, таҳияи пешниҳодҳои илман асоснок ва тақвияти ҳамкории олимону муҳаққиқон дар ин самт муҳим арзёбӣ гардид.

Дар идомаи қисми пленарии конференсия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фасеҳзода Ислом дар мавзуи «Ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз” дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳадафҳои рушди устувор: сармоягузориҳо ва натиҷагирӣ», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Маҳмарасул дар мавзуи «Таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат: аз ҷойивазкунии касбҳо то ташаккули имкониятҳои нави шуғл», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Нусратзода Муҳаммадӣ дар мавзуи «Омилҳои таъсиррасон ба рушди тиҷорати электронӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ» ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Назаров Муродалӣ дар мавзуи «Масоили сатҳ ва сифати зиндагии аҳолии минтақа» маърӯзаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.

Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои мубрами рушди иқтисодиёти миллӣ, роҳҳои ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаҳои афзалиятнок, ташаккули иқтисодиёти «сабз», таъсири равандҳои рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат, рушди тиҷорати электронӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, доир ба имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти соҳибкорӣ, зарурати такмили механизмҳои иқтисодӣ ва таҳияи роҳҳои нави баланд бардоштани самаранокии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ андешаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.

Дар фарҷоми қисми пленарӣ таъкид карда шуд, ки натиҷаҳои таҳқиқот, пешниҳодҳо ва тавсияҳои илмию амалии конференсия метавонанд дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, такмили механизмҳои идоракунии иқтисодӣ, густариши равандҳои рақамикунонӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо мавриди истифода қарор гиранд.

Кори конференсия нимаи дуюми рӯз дар ду бахш идома ёфта, дар доираи он беш аз 90 мақолаи илмии олимону муҳаққиқон ва мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон доир ба масъалаҳои гуногуни рушди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои марбут ба мавзуи конференсия мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро ироа карданд.




Ба рӯйхат