, Ҷумъа, 27-ноябр

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ


ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ

Бо ташаббус ва ҳамкории Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Саратови Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Рақамикунонии таҳсилоти олӣ: технологияҳо, зеҳни сунъӣ ва пешгирии хавфҳо тавассути ҳуқуқи ҷиноятӣ” баргузор гардид.

Ҳамоиши илмии мазкур бо мақсади баррасии масъалаҳои мубрами рақамикунонии низоми таҳсилоти олӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, инчунин муайян намудани роҳҳои пешгирии хавфҳои ҳуқуқӣ ва ҷиноятӣ дар муҳити рақамӣ роҳандозӣ гардида, дар он омӯзгорону муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Россия тариқи ҳузури ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар конференсия Азизаи Нурулло, омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, тариқи онлайн баромад намуда, дар суханронии худ аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Россия, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва истифодаи самараноки технологияҳои муосирро дар раванди таълиму тарбия муҳим арзёбӣ кард.

Дар қисмати маърӯзаҳои илмӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фаъолона иштирок намуданд.

Аз ҷумла, Исломов Шермуҳаммад, донишҷӯи курси чоруми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, дар мавзуи “Таҳлили ҳуқуқии хавфҳои зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти олӣ” баромад намуда. Фаридун Давлатзода, донишҷӯи ҳамин факултет, дар мавзуи “Таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамои ҳамоҳангсозии қонунгузории Россия ва кишварҳои ИДМ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” маърӯза пешниҳод намуда, масъалаҳои таҷрибаи ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳуқуқии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ кард.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар таҳкими ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, муаррифии иқтидори илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ барои омӯзгорону донишҷӯён нақши муҳим мегузорад.




Ба рӯйхат