,
Шанбе, 28-ноябр
27 ноябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ таҳти раёсати ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шурои олимон ва роҳбарону масъулони сохторҳои таълимию илмии донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимию илмӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, натиҷаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ вобаста ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаи арзёбии сифати таълим дар факултети молиявию иқтисодӣ, фаъолияти Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, баррасии ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва тасдиқи мавзуъҳои илмии унвонҷӯён аз ҷумлаи масъалаҳои асосии рӯзнома буданд.
Нахуст, масъалаи «Натиҷагирӣ аз амалишавии Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025» тавассути сардори раёсати тарбия Шарипов Анвар Абдурасулович мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни муҳокима доир ба раванди татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои вазифаҳои дар ин замина пешбинишуда ва тақвияти корҳои тарбиявию ташкилии донишгоҳ маълумот пешниҳод гардида, зарурати идомаи пайгиронаи ин раванд таъкид карда шуд.
Сипас, масъалаи «Натиҷаи арзёбии сифати таълим дар ихтисосҳои амалкунандаи факултети молиявию иқтисодӣ» аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Кӯлобизода Мирзо баррасӣ гардид. Дар ин замина, вазъи раванди таълим, сифати омодасозии мутахассисон ва мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба талаботи муосири бозори меҳнат таҳлил карда шуд. Таъкид гардид, ки арзёбии мунтазам ва саривақтии сифати таълим, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва такмили раванди таълим аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии хатмкунандагон ба ҳисоб мераванд.
Дар идома, раиси Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ Яқубзода Фирӯз оид ба масъалаи «Фаъолияти Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ: ҳолат ва дурнамо» ҳисобот пешниҳод намуд. Зимни баррасии масъала ба натиҷаҳои фаъолияти шуро, ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди неруи зеҳнию эҷодии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки тақвияти фаъолияти илмии муҳаққиқони ҷавон дар рушди иқтидори илмии донишгоҳ нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатҳои озмунӣ, фаъолияти комиссияи озмунӣ ва мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вобаста ба масъалаҳои мазкур андеша ва пешниҳодҳо ироа гардида, зарурати таъмини шаффофият ва риояи талаботи меъёрии раванди озмун таъкид карда шуд.
Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ низ як қатор масъалаҳои марбут ба самтҳои гуногуни фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур шуданд. Ҳамзамон, мавзуъҳои илмии унвонҷӯён мавриди муҳокима қарор гирифта, масъалаи мувофиқати онҳо ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва талаботи муқарраргардида баррасӣ гардид.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома ректори донишгоҳ ва аъзои Шурои олимон ба баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохторҳо, таҳкими назорати иҷрои қарорҳои қабулгардида, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи пайгиронаи сиёсати тарбиявӣ, тақвияти ҳамкории сохторҳои масъул ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ташаккули мутахассисони дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланд ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба роҳбарони сохторҳо ва масъулони соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти фаъолияти таълимию илмӣ ва таъмини иҷрои саривақтии вазифаҳои ба зиммагузошташуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.