,
Шанбе, 28-ноябр
Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзои маҳфил баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик ва маърифати оиладорӣ Сафарзода Бибиҷон дар мавзуи “Ифодаи ибораҳои номӣ дар романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ” ва донишҷӯйи курси якуми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Амирзода Фаришта дар мавзуи “Мавқеъ ва корбурди муродифоти шаклҳои гуногуни феълӣ дар «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ” маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил мубодилаи афкор дар шакли саволу ҷавоб сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба такмили донишҳои назариявӣ, рушди малакаҳои таҳқиқотӣ ва таҳкими фаъолияти илмӣ-методии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.