,
Сешанбе, 17-ноябр
(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз)
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки мо - халқи азизи Тоҷикистон соли 2026 дар фазои сулҳу суботи комил, бо баҳрамандӣ аз дурахши хуршеди истиқлол 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рӯйдоди ниҳоят муҳими сиёсиву таърихии кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем ва то ба имрӯз тантанаҳои ин ҷашни миллӣ дар саросари кишвар ҳамоно идома доранд. Ҳамчунин, зикри ин нукта муҳим аст, ки маҳз ин рӯйдоди бузург саҳифаҳои равшани таърихи давлатдории навини моро оро дода, силсилаи сабақҳои пурарзишу илҳомбахшро барои тақвияти худогоҳӣ, боло бурдани масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ва таҳкими пояҳои ватандӯстӣ миёни наслҳо фароҳам меорад. Агар ба моҳияти ин дастовард ва рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ бо нигоҳи таҳлилӣ назар афканем, ба хубӣ равшан мегардад, ки истиқлолу озодӣ бозтобгари иродаи мардум, нишонаи барҷастаи расидан ба орзую ормонҳои дерини миллат ва рамзи ягонагиву ҳамбастагии халқу давлат мебошад. Таҷлил ва арҷгузорӣ ба ин рӯйдод моро водор месозад, ки нисбат ба арзишҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ ва дастовардҳои бузурги ин марҳилаи давлатдориву давлатсозӣ бо ҳисси баланди садоқат, арҷгузорӣ ва омодагӣ барои ҳифзу густариши онҳо муносибат намоем. Ин санаи воқеан ҳам таърихӣ имкон медиҳад, то ҳар шаҳрванди кишвар дарк кунад, ки посдорӣ аз истиқлолу озодӣ масъулияти азалӣ, рисолати шаҳрвандӣ ва паёми ниёгони фарҳехтаву оламгир аст, ки моро ба ваҳдат, муттаҳидӣ, меҳнатдӯстӣ ва эътимод ба ояндаи дурахшони давлату миллат ҳидоят мекунад. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт”.
Дар ҳақиқат, истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо ба даст овардани озодии сиёсӣ ва ҳуқуқи мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлат, балки оғози марҳилаи нави эҳёи ҳувияти миллӣ, бозгашт ба арзишҳои аслии таърихию фарҳангӣ ва эҳсоси масъулияти муштарак дар назди сарнавишти Ватан ба ҳисоб меравад. Зеро соҳибистиқлолӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани пояҳои устувори давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, худшиносии шаҳрвандон ва эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ метавонад ба омили воқеии пешрафту тараққиёт табдил ёбад. Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолият вазифаи танҳо як насл ё як давраи таърихӣ набуда, рисолати ҳамешагии тамоми ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Таърихи давлатдории навини мо гувоҳ аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як рӯйдоди тақдирсоз ва наҷотбахш замоне баргузор гардид, ки пояҳои давлатдории навбунёди халқи тоҷик таҳти таъсири буҳрони ниҳоят шадиди сиёсӣ ва парокандагии ҷомеа қарор гирифта буданд. Дар замони ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва шароити фурӯпошии сохторҳои идорӣ, афзоиши ҷудоиандешӣ, доман густурдани даргириҳои дохилӣ ва аланга задани оташи ҷангу низоъҳо баргузории ин иҷлосия қадами устуворе гардид, ки аз иродаи матини мардум барои ҳифзи давлатдории тоҷикон шаҳодат медиҳад. Иҷлосия аҳамияти таърихӣ пайдо кард, тадбирҳои дар он андешидашуда тавонистанд муҳити бесарусомониро ба фазои ташкили давлатдории қонунӣ табдил дода, роҳи ислоҳ, субот ва эҳёи низоми конститутсиониро муайян намоянд. Он дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамчун минбари барқарории давлат ва эҳёи сохтори сиёсӣ нақши сарнавиштсоз гузошт.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақш ва ҷойгоҳи Иҷлосияи тақдирсоз дар ҳаёти мардуми мо таъкид мекунанд: “Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз иҷлосияи таърихии XVI сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад. Чунки он ба марҳалаи таҳкими истиқлолияти миллӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ва оштиву сарҷамъии миллат заминаи мустаҳкам гузошт”.
Аз таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло маълум мегардад, ки Иҷлосияи XVI дар марҳилаи пуртаниши сиёсию иҷтимоӣ ба он мушарраф шуд, ки заминаи воқеии ризояти миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро ба вуҷуд орад. Ҷавҳари санадҳову қарорҳо ва муҳокимарониҳои ин анҷумани таърихиро коҳиш додани пояҳои ихтилофу душмании дохилӣ ва ҷон бахшидан ба рӯҳияи бахшандагӣ, ба созиш омадан ва таҳаммулпазирӣ дар бар мегирифт. Маҳз ҳамин ғоя тадриҷан ба ташаккули андешаи ваҳдати миллӣ асос гузошт, ки баъдан ҳадафи стратегии сиёсати давлат қарор гирифт.
Аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои умумимиллӣ бар манфиатҳои маҳдуд ва гурӯҳӣ бартарӣ пайдо карданд. Ин иҷлосия ба ҷомеа собит намуд, ки ҳатто дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ бо такя ба хиради миллӣ, иродаи сиёсӣ, муколама ва масъулиятшиносӣ метавон роҳи наҷоти давлатро пайдо кард. Аз ин ҷиҳат, омӯзиши ҳамаҷонибаи аҳаммияти таърихии иҷлосияи мазкур барои насли имрӯзу оянда мактаби муҳими дарки арзиши сулҳ, зарурати ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои давлату миллат мебошад.
Дарвоқеъ, ин рӯйдоди таърихӣ дар роҳи ба саодатрасии мардуми тоҷик нақши муассир дошта, бо дастовардҳои беназири худ аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст. Яке аз дастовардҳои муҳими Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ интихоби роҳбари қонунӣ буд, ки ба Тоҷикистон имконият дод, то дар миёни гирдобҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳи наҷотро пайдо кунад. Ин Иҷлосияи тақдирсоз сиёсатмадори ҷавону пурғайрат, фарзанди ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуда, ба кишвар роҳбари дурандешу фидоиро ба армуғон овард.
Ба баёни Шукурҷон Зуҳуров: “Бешак, тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифинро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ба миллат ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид сохт, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, дуруст гуфтаанд, ки кори як минбар, як маъpӯза ва ҳатто як китоб ҳам нест. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозанд”.
Аз самари ҳамон интихоби дуруст дурнамои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона тарҳрезӣ гардида, заминаҳои эъмори низоми нави идориву ҳуқуқӣ гузошта шуда, ҳадафҳои ормониву ҳазорсола тадриҷан амалӣ гаштанд. Иҷлосияи сарнавиштсози миллат тавонист асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатро дубора эҳё намуда, фалаҷшавии ҳокимиятро бартараф созад ва ба идомаи давлатдорӣ тавону неруи тоза бахшад. Роҳбари тозаинтихобу боғайрат бо шоистагиҳои сарварӣ ва фазилатҳои Худодӣ дар раванди баргузории Иҷлосия бо иродаи қавӣ нишон дод, ки манфиати умумимиллӣ аз манфиатҳои гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва фурсатталабона боло меистад ва барои наҷоти кишвар ҳамгироии тамоми қувваҳо зарур аст. Дар ҳамин замина фарҳанги нави сиёсӣ бар пояи ҳамдигарфаҳмӣ ва дурӣ ҷустан аз хушунат шакл гирифт. Воқеан ҳам, бо сипарӣ шудани зиёда аз се даҳсола аз замони баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарнавиштсоз будани он барои миллату давлати соҳибистиқлоламон гаштаву баргашта собит мешавад.
Маҳз дар ҳамин марҳилаи тақдирсоз сифатҳои муҳими роҳбарӣ, аз ҷумла дурандешӣ, ҷасорат, масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ ва тавоноии қабули қарорҳои муҳим дар шароити буҳронӣ аҳаммияти махсус касб карданд. Зеро давлатдорӣ дар баробари идора кардани сохторҳои сиёсиву маъмурӣ, пеш аз ҳама, ҳунари муттаҳид сохтани ҷомеа, муайян намудани ҳадафҳои умумӣ, ба ҳам овардани неруҳои созанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Дар ин замина, ташаккули мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ҳамчун таҷрибаи таърихии барқарорсозии давлат, тақвияти ниҳодҳои давлатӣ ва таҳкими масъулияти сиёсӣ дар назди миллат мавриди омӯзиш ва намунаи ибрати ҳамагон қарор дод.
Қобили зикр аст, ки дар он рӯзгори ноумедиҳо Иҷлосияи XVI заминаи барқароршавии сулҳи пойдорро фароҳам овард ва мардуми кишварро ба роҳи бунёдкориву офариниш раҳнамун сохт, ки арзиши бузурги таърихии ин рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз низ дар ҳамин таҷассум меёбад. Кӯшишҳои баъдии роҳбарияти олӣ ва ҳиммати мардуми кишвар, ки аз ин иҷлосия маншаъ гирифта буданд, дар ниҳоят 27 июни соли 1997 ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ оварда расонданд. Имрӯз боиси ифтихор ва шарафи бузурги мардуми тоҷик аст, ки СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф намудаанд, ки ин худ натиҷаи хираду вижагиҳои сиёсии иҷлосия ва роҳбари кишвар буд. Бо рақам задани ин рӯйдод дар кишвар марҳалаи нави худшиносӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, суботи устувор ва рушди давлатдории тоҷикон ба таври шоиставу сазовори таҳсин оғоз шуд, ки то имрӯз бо низом ва дастовардҳои рӯзафзун идома дорад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷумлаи арзишмандтарин дастовардҳои таърихи навини давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Ин таҷриба нишон дод, ки роҳи расидан ба сулҳи пойдор аз гузаштҳои мутақобила, эътирофи манфиатҳои умумимиллӣ, таҳаммулпазирӣ ва эътимодсозӣ мегузарад. Маҳз тавассути чунин раванд Тоҷикистон тавонист аз марҳилаи муқовимати мусаллаҳона ба марҳилаи ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ гузарад. Аҳаммияти ин таҷриба на танҳо дар барқарор намудани оромӣ ва суботи дохилӣ, балки дар ташаккули фарҳанги нави сиёсӣ, ки ба ҳалли масъалаҳо тавассути гуфтушунид ва муколама асос меёбад, ифода меёбад. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дорои арзиши фаромиллӣ буда, метавонад ҳамчун намунаи омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои сулҳсозӣ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат намояд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ғоя метавон иброз дошт, ки фаъолияти Роҳбари Тоҷикистон дурустии ин аслро бори дигар собит кард, ки шахсият дар авзои душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ нақши ниҳоят бузург дорад. Сарварони воқеъбин, ба аҳдофи олии давлатӣ содиқ, мустақилона амалкунанда метавонанд ваҳдатро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, мардумро ба масири созандагӣ ва сулҳу салоҳ равона намоянд, давлатро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ доранд.
Дар баробари барқарорсозии сулҳу субот, масъалаи бунёди ниҳодҳои муосири давлатӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ низ дар маркази сиёсати давлат қарор гирифт. Эҳёи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташаккули низоми нави идоракунӣ, таҳияи заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи соҳибистиқлол ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиме буданд, ки дар марҳилаи аввали истиқлолият аҳаммияти ҳаётӣ доштанд. Ин раванд тадриҷан барои ташаккули низоми устувори давлатдорӣ, баланд бардоштани масъулияти сохторҳои давлатӣ ва фароҳам овардани заминаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар шароит муҳайё сохт. Аз ин нигоҳ, давлатсозии навини Тоҷикистонро бояд ҳамчун раванди мураккабу пайвастае арзёбӣ намуд, ки дар он иродаи сиёсӣ, саъю талоши мардум ва ҳамбастагии ҷомеа нақши муайянкунанда доштанд.
Шодиовар аст, ки бо густариш ёфтани фазои истиқлолу озодӣ ва таҳким гардидани суботи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар, барои мардуми шарафманди тоҷик дар партави сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилае фаро расид, ки арзишҳои милливу фарҳангии ниёгон аз нав эҳё гардида, дар баробари ин ба чеҳраҳои барҷастаи таърихӣ ва фарзонафарзандони миллат ба таври шоиставу ифтихорӣ арҷ гузошта шуд. Сиёсати инсонмеҳваронаву фарҳангпарваронае, ки роҳбарияти давлат пайгирона татбиқ менамояд, шароити воқеан мусоидеро фароҳам овард, ки дар он наслҳои имрӯзу фардо битавонанд аз сарчашмаҳои худшиносии таърихӣ, маънавӣ ва адабӣ озодона баҳра гирифта, қудрати фарҳангии миллатро ҳамчун неруи муттаҳидсозанда эҳсос намоянд. Маҳз дар ҳамин замина давлат имкон пайдо кард, ки равандҳои арзишофарини миллӣ, аз эҳёи рамзҳо то гиромидошти чеҳраҳои фарҳангу сиёсат, ба марҳалаи таҳким ва такомули нав роҳ ёбанд.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ ва барқарор намудани робитаи маънавии наслҳои имрӯза бо мероси гаронбаҳои гузашта мебошад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ чеҳраҳои бузурги илму адаб, фарҳангу тамаддун, давлатдорӣ ва андешаи сиёсиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Арҷгузорӣ ба чунин шахсиятҳо, эҳёи арзишҳои миллӣ, гиромидошти забони давлатӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва густариши анъанаҳои фарҳангӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин замина, сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлол ба омили муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои таъриху фарҳанги қадима дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Боиси ифтихору шодмонист, ки дар пайи ин рӯйдодҳои рӯҳафзову ҳастибахш, дигаргуниҳои сиёсиву маънавӣ, дастовардҳои фарҳангиву маърифатӣ Парламенти кишвар бо дарназардошти нақши таърихофарӣ, давлатсозӣ, барқарорсозии сохтори сиёсии кишвар ва сулҳоварии Пешвои миллат дар таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Лозим ба таъкиди хос аст, ки қабули ин санади дорои аҳамияти воло воқеияти таърихӣ, яъне нақши беназири фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадоре, ки давлатро аз вартаи нобудӣ ба соҳили созандагӣ расонд, ба таври ҳуқуқӣ мустаҳкам карда, ба он арзиши таърихӣ бахшид.
Дар ҳошияи ин рӯйдоди нусратбахш бо дарки он ки рушди давлатдорӣ ба неруи созандаи ҷомеа, фарҳанги худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон, арҷгузориву гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад, ба тақвими расмии ҷашнҳои давлатӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иқдоми фарҳангӣ ворид гардид.
Қабули санади мазкур ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон дар заминаи эҳтиром ба таърихи ташаккули давлатдории муосир ва гиромидошти арзишҳои конститутсионӣ арзёбӣ намуд. Зеро дар ҷомеаи соҳибистиқлол эҳтиром ба ниҳодҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва дарки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди давлату миллат аз омилҳои муҳимми суботи сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин, омӯзиши фаъолияти мақомоти олии давлатӣ ва марҳилаҳои ташаккули низоми конститутсионӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, махсусан ҷавонон, аҳаммияти муҳим дорад. Маҳз тавассути чунин муносибат насли наврасу ҷавон метавонад арзиши истиқлолият, давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандиро амиқтар дарк намояд.
Мавриди ёдоварист, ки ҷашнгирии Рӯзи Президент дар давлатдории ҷаҳон таърихи пешина дорад. Ҳанӯз соли 1782 бошандагони иёлоти Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зодрӯзи Президенти нахустини ИМА Ҷорҷ Вашингтонро ҷашн гирифтанд. Ҳамон сол дар як қатор иёлотҳои дигари Амрико зодрӯзи Президенти аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидаи мардум Авраам Линколнро ҷашн гирифтанд. Аз ибтидои асри XIX ин ҷашн хусусияти умумимиллӣ пайдо карда, рӯзи истироҳат эълон карда шуд ва дар ин ҷашн сайру гаштҳои саросарӣ доир мегардид. Соли 1970 Конгресси ИМА таъсиси Рӯзи Президентро эълом кард ва аз он ба баъд ҳар сол ин сана бо як тантанаи ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.
Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ моҳи декабри соли 2011 парламенти кишвари Қазоқистон хизматҳои шоёни Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба назар гирифта, 10 декабрро Рӯзи Президенти Қазоқистон эълон кард.
Мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14-уми майи соли 2016 дар саросари Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи кишвар ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрамандӣ аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он алоқаманд аст, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати муносибатҳои сиёсиву иқтисодии байналмилалӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тақвияти мавқеи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ва муаррифии шоистаи дастовардҳои миллӣ аҳаммияти рӯзафзун касб менамояд. Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, мутавозин ва созанда дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад. Пешниҳодҳои байналмилалии кишвар дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкории созанда дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардаанд. Дар ин раванд, нақши роҳбарияти олии кишвар дар муайян намудани самтҳои сиёсати хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Месазад гуфт, ки ҷашни мазкур дар радифи қадршиносӣ ба фарзанди фарзонаи миллат дар худ паёми умед, ваҳдат, эҳтироми арзишҳои давлатӣ ва масъулияти шаҳрвандиро таҷассум намуда, наслҳоро ба пайравӣ аз рӯҳияи созандагӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад. Ин санаи таърихӣ имрӯз ба унвони омили асосии худшиносии миллии тоҷикон ва ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги давлатдорӣ маънидод мегардад. Тавре ходими давлатӣ Зуҳурҷон Шукуров баён дошта ва ин андеша, ки аз умқи зеҳну қалби мардум сарчашма мегирад, барои мо низ азизу арҷманд буда, бо эҳсосу боварҳои миллии мо ҳамоҳанг аст: “Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш ороиши ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон мебошад. Он замонҳо фикр мекардам Худованд, табиат, замона ва таърих, дер ҳам бошад, садои дили ин миллати азияткашидаро шунида, ба ӯ фарзанди асили бардорандаи бори таърих ва замонаро додааст, ягона хоҳишу илтиҷои мо ҳифз ва гиромидошти ин амонат буд. Дар ӯ сифатҳои зиёди инсонии олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан ба ҳам омадаанд”.
Дар баробари дастовардҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ низ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии давлат ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум, густариши имкониятҳои иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат равона шудаанд. Татбиқи чунин ҳадафҳо дар баробари иродаи сиёсӣ, инчунин иштироки фаъолонаи соҳибкорон, мутахассисон, олимон, омӯзгорон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд. Зеро пешрафти воқеии давлат натиҷаи ҳамкории муассири ниҳодҳои давлатӣ ва неруи созандаи шаҳрвандон мебошад.
Ҳамин тавр, таҷлили Рӯзи Президент ва ёдоварӣ аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин на танҳо эҳтиром ба шахсияти таърихӣ, балки нишони шукргузорӣ аз сулҳ, ваҳдат ва давлати озоду соҳибистиқлоли мост. Мо, устодону донишҷӯён ва зиёиёни кишвар, бояд аз мактаби давлатдории Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ватандориву худшиносӣ омӯхта, бо эҳсоси баланди масъулият дар таҳкими ваҳдату субот, тарбияи насли ватандӯст ва рушди ҷомеаи муосир саҳмгузор бошем.
Дар ин замина, нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аҳли зиё ва махсусан омӯзгорону муҳаққиқон дар тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии миллӣ, маърифати сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ниҳоят муҳим мебошад. Донишгоҳҳо на танҳо марказҳои омодасозии мутахассисони соҳибкасб, балки муҳити ташаккули андешаи созанда, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва тафаккури мустақил низ ҳастанд. Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, таҳлили таҷрибаи сулҳи миллӣ, шинохти дастовардҳои даврони истиқлол ва тарғиби ғояҳои ваҳдату ватандӯстӣ бояд ҷузъи муҳими фаъолияти таълимию тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон насли огоҳу соҳибмаърифат, дорои эҳсоси баланди худшиносӣ ва омодаи саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи кишварро тарбия намуд.
Ҳамзамон, дар шароити муосир масъалаи ҳифзи ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва коҳиши масъулияти шаҳрвандӣ, аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Ҷавонон бояд бо такя ба донишҳои илмӣ, маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарки воқеии манфиатҳои давлату миллат аз ҳар гуна андешаҳои тафриқаангезу таҳмилӣ ҳушёр бошанд. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама, дар омӯзиши пайваста, меҳнати содиқона, риояи қонун, ҳифзи амнияти ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан таҷассум меёбад. Ин аст, ки тарбияи шаҳрвандони масъулиятшиносу худогоҳ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Таманнои онро дорем, ки давлати соҳибистиқлоли мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам шукуфон, мардумамон сарбаланд ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша ободу зафарманд бошад!
Сафарзода Мунир Ватан, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор