,
Душанбе, 16-март
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмии “Ҷаҳони андеша”, ки назди кафедраи фалсафа фаъолият мекунад, бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои гуногуни донишгоҳ баргузор гардид.
Маҳфилро роҳбари он, муаллими калони кафедраи фалсафа Раҷабов Аминҷон ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти чунин маҳфилҳо дар рушди тафаккури фалсафӣ ва густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ибрози назар намуд. Сипас, Ҷаборзода Ҷасур, донишҷӯи курси якуми факултети химия ва биология дар мавзуи “Гуфтаҳо аз таърихи Наврӯзи аҷам” ва Сайфиддинзода Робиямо, донишҷӯи курси якуми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзуи “Наврӯз - ҷашни ниёгони мо” маърӯзаҳои худро ироа карданд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён ва омӯзгорон мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифта, аҳамияти таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯз ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.