,
Чоршанбе, 18-март
Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва арзишманди фарҳангию таърихии кишварҳои Шарқ ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи эҳёи табиат, фарорасии баҳор ва оғози зиндагии нав таҷлил карда мешавад.
Наврӯз ҷашнест, ки мардумро ба дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ даъват намуда, арзишҳои неки инсониро тарғиб мекунад. Бо талошу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо кард. Имрӯз ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. Он ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ мардумони кишварҳоро ба ҳам мепайвандад ва муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳоро таҳким мебахшад.
Дар айёми соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз мақоми хоса касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои хоси миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии абармарди дунёи сиёсат, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамин тавр 19-уми феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки 21-март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шавад. Пеш аз ин, 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид гардид.
Ин пешниҳодҳо исботи возеҳи он аст, ки ҷашни Наврӯз дорои арзишҳои умумибашарӣ буда, ҳамчун нишони сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо хизмат менамояд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ дарҷ гардидааст, ки Наврӯз ҳамчун оғози соли нави астрономӣ ва оғози киштукор дар давраҳои қадим таҷлил мегардид.
Дар адабиёти классики форсу тоҷик низ ба ҷашни миллии тоҷикон Наврӯз гуфтаҳои зиёде мавҷуданд. Аз ҷумла, Фирдавсии бузург дар “Шоҳнома”-и безаволи худ ба пайдоиш, нақш ва аҳамияти ҷашни Наврӯз ишора намуда, онро ба замони подшоҳи Шоҳ Ҷамшед маҳсуб медонад. Дар ин осор Наврӯз ҳамчун рӯзи тантанаи адолат, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва оғози зиндагии нав тасвир карда шудааст.
Ҳамчунин, дар офаридаҳои мутафаккирони бузурги Шарқ, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ ва дигар олимон, Наврӯз ҳамчун ҷашни табиат ва оғози киштукор тавзеҳ ёфтааст. Ин ҷашн на танҳо як маросими фарҳангӣ, балки як падидаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ ба ҳисоб мерафт, зеро оғози киштукор бо фарорасии фасли баҳор алоқаманд буд. Наврӯз дар фарҳанги мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле баланд дорад. Ин ҷашн рамзи покизагӣ, навсозӣ ва эҳёи маънавӣ мебошад. Дар арафаи Наврӯз мардум хонаҳои худро тоза намуда, ба корҳои ободонӣ машғул мешаванд. Ин амал нишони поксозии зиндагӣ аз ҳама гуна бадиҳо ва оғози ҳаёти нав мебошад.
Яке аз анъанаҳои муҳим ва кӯҳанбунёди Наврӯз ин омода намудани хӯрок ва таомҳои миллӣ, махсусан суманак мебошад. Суманак нишонаи фаровонӣ, баракат ва умеду орзуҳои неки соли нави аҷдодӣ ба шумор рафта, омода намудани суманак бо иштироки занон ва духтарон сурат мегирад.
Ба ғайр аз ин, дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ бозиҳои мухталифи миллӣ, аз қабили бузкашӣ, гӯштингирӣ ва дигар намуди мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда мешаванд. Ин чорабиниҳо баҳри мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҳамбастагӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ нақши калиди мебозанд. Дар айёми соҳибистиқлолӣ Наврӯз ҳамчун ҷузъи зарурии сиёсати фарҳангии давлат ҷойгоҳи махсус пайдо кардааст. Бо ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи Роҳбарияти олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳё ва рушди арзишҳои умумибашарии миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Чӣ гунае, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Наврӯз ҷашни эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав буда, мардумро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнату созандагӣ ҳидоят менамояд». Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз мардум дар баробари тозаю озода намудани хонаю манзил дастархони идона меороянд ва бо шодию нишот аз фарорасии баҳори зебо истиқбол менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо тантана ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Он яке аз муҳимтарин анъанаҳои ниёгон буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи суннатҳои нек нақши муҳим дорад. Бо дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни бостонӣ сол то сол бошукӯҳтар баргузор гардида, аҳамияти фарҳангии он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар мегардад.
Наврӯз ҷашни сулҳу дӯстӣ, эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав мебошад. Арҷ гузоштан ба ин ҷашни бостонӣ нишонаи эҳтиром ба фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.
Шокир Ниёзов, муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ