, Чоршанбе, 18-март

ДДК. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ


ДДК. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Имрӯз (18.03.2026) дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Кӯлоб- Ғанизода Мансур Қадаммурод, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар Атахон, ректори донишгоҳ, дотсент – Сафарзода Мунир Ватан, роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута ва фаъолону намояндагони соҳаи тиб иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаи мубрами рӯз, ҳолати риояи қонунгузорӣ ҳангоми таъини доруҳои психотропӣ аз ҷониби кормандони тиб, тартиби дуруст навиштани дорухатҳо (рутсепҳо), инчунин риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми хариду фурӯши доруҳои дорои таъсири психотропӣ дар дорухонаҳо, пешгирии фурӯши ғайриқонунӣ, бе дорухат ё бо вайрон намудани тартиби муқарраршуда дар давоми солҳои 2024-2025 ва давраи сипаришудаи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки масъалаи риояи қонунгузорӣ ҳангоми муомилоти доруҳои психотропӣ ва сахттаъсир яке аз самтҳои муҳимми таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ ба шумор меравад. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар баробари дастовардҳо, дар фаъолияти баъзе дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ ҳануз ҳам камбудиҳо, аз ҷумла ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунӣ, риоя нагардидани тартиби муқарраршуда ва истифодаи нодурусти доруҳои мазкур ба назар мерасад, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Зикр шуд, ки пешгирии чунин қонуншиканиҳо тақвияти ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои тандурустӣ ва дигар ниҳодҳои марбута, инчунин баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа ва назорати ҷиддиро талаб менамояд. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ҷиҳати пешгирии истеъмоли маводи нашъадор ва психотропӣ бояд боз ҳам пурзӯр гардонида шавад.

 

 




Ба рӯйхат