, Чоршанбе, 18-март

НАВРӮЗ ТАҶАССУМГАРИ ФАЛСАФАИ ОРИЁӢ


НАВРӮЗ ТАҶАССУМГАРИ ФАЛСАФАИ ОРИЁӢ

Бо чунин ном санаи 17.03.2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори кафедраи фалсафа бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Дар кори ҳамоиш олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни фалсафӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҷашни Наврӯз, инчунин саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муаррифии шоистаи ин ҷашни бостонӣ дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ ба шумор рафта, аз қаъри таърих сарчашма гирифта, то имрӯз ҳамчун рамзи оғози соли нав, эҳёи табиат ва навсозии зиндагии инсон боқӣ мондааст. Наврӯз мактаби бузурги ахлоқ, маърифат ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар ин айём мардум кинаву адоватро канор гузошта, дилҳоро ба ҳам наздик месозанд, ба якдигар некӣ мекунанд ва зиндагии навро бо ниятҳои неку созанда оғоз менамоянд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз дар худ ғояҳои амиқи фалсафӣ - абадияти табиат, давомнокии ҳаёт ва робитаи инсон бо муҳити зистро таҷассум менамояд.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо дар мавзуи “Наврӯз мероси тамаддуни башарӣ ва ҷашни таҷассуми арзишҳои миллӣ”, дотсенти кафедраи фалсафа Сайдалиев Додарбек оид ба “Таҳаввулоти маънавии муҳоҷирати меҳнатӣ дар партави фалсафаи Наврӯз ва сегонаи Авесто: муқовимат ва ба дасткориҳои зеҳнии ВАО”, муаллими калони кафедра Зайналов Қурбон дар мавзуи “Наврӯз қадимтарин ҷашни миллии тоҷикон” ва мудири кафедраи мазкур, номзади илмҳои фалсафа Ҳасанов Муҳаммадсаид дар мавзуи “Фалсафаи наврӯз ва нақши он дар таҳаввули ҳаёти маънавӣ” маърӯзаҳои ҷолиби диққатро ироа намуданд.

Дар муҳокимаҳои илмӣ таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақому нуфузи нав пайдо кард. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Наврӯз аз доираи ҷашни миллӣ берун рафта, ба арзиши фарҳангии байналмилалӣ табдил ёфт.




Ба рӯйхат