, Душанбе, 16-март

ИДОМАИ ҲАМОИШИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ДАР ДОНИШГОҲ


ИДОМАИ ҲАМОИШИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши иттилоотӣ дар доираи татбиқи муқаррароти “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025–2027” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои дахлдор, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ дотсент Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва зикр кард, ки Дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи башарӣ бо равандҳои мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ аҳамияти махсус касб намудааст. Дар ин замина, яке аз зуҳуроти хатарнок ва нигаронкунандаи замони муосир савдои одамон ба ҳисоб меравад, ки на танҳо ҳуқуқу шарафи инсонро поймол месозад, балки ба суботу амнияти ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад.

Ин падида бештар тавассути фиреб, ваъдаҳои бардурӯғ дар бораи кори сердаромад, таҳсил ё издивоҷ амалӣ гардида, бисёр вақт шаҳрвандони осебпазир-занон, ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатиро ба доми худ мекашад.

Сипас, Бухоризода Беҳрӯз - намояндаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, Чамшед Ҳайдаров - коршиноси миллӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва Сафарзода Фаррухҷон - сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, махсусан занону кӯдакон, инчунин тадбирҳои андешидашуда дар ин самт маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

 Баромадкунандагон бо мисолҳои мушаххас масъалаҳои марбут ба савдои одамон, шаклҳои зуҳури он ва роҳҳои пешгирии чунин ҳолатҳоро шарҳ доданд.

Дар қисмати дигари ҳамоиш миёни иштирокчиён ва маърӯзакунандагон саволу ҷавоб сурат гирифта, донишҷӯён доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои муҳофизат аз чунин ҷиноятҳо маълумоти муфид дарёфт намуданд. Чорабинӣ дар фазои созанда баргузор гардида, аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар самти муқовимат ба савдои одамон таъкид гардид.




Ба рӯйхат