,
Чоршанбе, 18-март
Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз иқдоми идона таҳти унвони «Пайки Наврӯз» роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи ин ташаббус, субҳгоҳон гурӯҳе аз кормандони муассисаҳо бо оро додани нақлиётҳо бо унсурҳои миллӣ, аз ҷумла чакану сӯзанидӯзӣ, дар шоҳроҳҳои шаҳр ба ҳаракат баромада, бо савту наво ва фазои идона омадани Наврӯзро ба сокинон мужда медиҳанд.
Имрӯз дар ин чорабинӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, бо бар намудани либосҳои миллӣ ва дар иҳотаи чаканҳои гулбасар ба сокинони шаҳр руҳу илҳоми нав бахшиданд. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳёи суннатҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон, фазои шаҳрро бо шодию сурур ва эҳсоси фарорасии баҳор рангоранг гардонд.