, Душанбе, 16-март

НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ-ҶАШНИ ЭҲЁИ ТАБИАТ ВА ЗИНДАГӢ


НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ-ҶАШНИ ЭҲЁИ ТАБИАТ ВА ЗИНДАГӢ

Бигиряд абр бо фармони Наврӯз,
Бихандад лола аз борони Наврӯз.
Диҳад аз осмон хуршед дастур,
Гули имзост дар дастони Наврӯз!

Ҳамасола дар моҳи март, баъди ба анҷом расидани фасли зимистон, нафаси гарму нарм ва накҳати муаттару муанбари баҳор фаро мерасад. Дар ҳамин айём мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу субот ва оромӣ ду ҷашни бузург-Рӯзи модар ва Наврӯзи оламафрӯзро таҷлил менамоянд.

Гиромидошти ин идҳои муқаддасу мӯътабар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ибтикору иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати тоза касб намуда, ба сатҳи баланд бардошта шудааст.

Моҳи март, дақиқтараш 21-уми март, ҳамасола ҷашни бузургтарини миллии мо-Наврӯзи ҷаҳонафрӯзи ориёӣ таҷлил карда мешавад, ки бо талошу ташаббуси Пешвои миллат эътибори байналмилалӣ касб намудааст. Ҷашни Наврӯзро бе «Маликаи баҳор» ё «Подшоҳи хубон» тасаввур кардан душвор аст.

Наврӯз ҷашни дарки зебоӣ мебошад. Гӯё Худованд ба инсон нишон медиҳад, ки зебоӣ чист. Вақте ки табиат ҳама чизро бо як чашм менигарад ва ба зиндагӣ неру мебахшад, маънавиёти баланд зоҳир мегардад. Ин ҷашн рамзи рушду камол ва ободонӣ аст. Бузургон мегӯянд: «Як ниҳол бишинон, сабз кун», зеро ободии табиат ва зиндагӣ аз ҳамин амалҳои нек оғоз меёбад.

Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст. Бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мардум зиндагии хушу хуррам ва пур аз шодию нишот ҳадя мекунад.

Вожаи Наврӯз аз забони форсӣ-тоҷикӣ гирифта шуда, маънояш «рӯзи нав» мебошад. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷик буда, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд.

Наврӯз арзишмандтарин ва гаронбаҳотарин мероси ниёгони мост, ки насли имрӯзаро бо гузаштагони меҳанпарасту муборизи мо мепайвандад. Дар тӯли таърих аҷнабиён борҳо кӯшиш кардаанд, ки ин ҷашни суннатиро аз байн баранд ва аз хотираи мардум пок созанд, вале баръакс, бо гузашти солҳо ин ҷашн боз ҳам шукуҳу шаҳомати бештар касб намуда, устувортар гардидааст.

Насими форами Наврӯзӣ аз талу пушта ба гӯши сабзаҳои навдамида таронаи шодӣ месарояд. Навои рӯҳбахши дарёчаҳои кӯҳӣ, ки бар сангу сангчаҳои кӯҳсор ҷорӣ мешаванд, дар фазои дара танинандоз мегардад. Муғчаҳои дар хоби зимистон рафтаи дарахтон оҳиста-оҳиста чашм мекушоянд. Суруди қумрию овози булбул фазои даштро фаро мегирад.

Ҷаҳон ба пешвози беҳтарин, зеботарин ва хуррамтарин фасли худ-баҳори нозанин аз гулу себарга, лолаю райҳон пойандоз меандозад. Барои оламу одам иди баҳор-Наврӯзи хуҷастапай фаро мерасад.

Наврӯзи ниёгони мо анъанаҳои хоси худро дорад, аз ҷумла: гулгардонӣ, хонабаророн, омода кардани таомҳои баҳорӣ, баргузор намудани бозиҳои варзишӣ дар базмгоҳҳо, қироати шеър, сурудхонӣ ва рақси занону духтарон, инчунин оростани дастурхони ҳафтсин ва ҳафтшин.

Наврӯз на танҳо рамзи оғози рӯзи нав, балки пайёми рӯҳбахш аз табиати тоза ва эҳёи эҳсоси муҳаббат ба зиндагӣ мебошад. Бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форами табиат, садои мурғакони хушхон, суруди кишоварзон ва хандаю бозии тифлакон ин ҷашн ба ҳар хона ва ҳар маҳал шодӣ мебахшад.

Расму оинҳои Наврӯзӣ бо покию тозагӣ ва беҳдошти зиндагии хонаводагӣ ва ҷомеа робитаи ногусастанӣ доранд. Ин суннат аз замонҳои бостонӣ сарчашма гирифта, бар пояи арзишҳои ахлоқии ниёгон-пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек, бунёд ёфтааст.

Бо баракати истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз имрӯз ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати бештар ва бо барномаҳои ҷолибу нав таҷлил мегардад.

Матлабро бо иқтибосе аз мутафаккири бузурги тоҷик Умари Хайём, ки  дар асари машҳури худ «Наврӯзнома» чунин фармуда «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хурсандӣ гузаронад», ҷамъбаст намуда, халқи азизамро ба таҷлили сазовору шоиста аз ойини ниёгон даъват менамоям.

Фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бод!

Бунафша Шарифова, омӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат