, Душанбе, 16-март

ДАР ДДК МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД


ДАР ДДК МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангиву маърифатӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти классикӣ дар назди кафедраи адабиёти тоҷик маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки ҳайати устодон ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид. Маҳфили мазкур бо роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедра Ашурова Нодира баргузор шуда, дар фазои илмиву адабӣ ҷараён гирифт.

Дар раванди маҳфил роҳбар масоили марбут ба мазмуну муҳтавои асари безаволи Шоҳнома-и Абулқосим Фирдавсӣро аз нигоҳи илмӣ ва бадеӣ шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти таърихӣ, тарбиявӣ ва маънавии ин шоҳасари адабиёти форсу тоҷикро таъкид намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи арзишманди фарҳангӣ дар тарбияи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯён дар робита ба мавзӯъҳои баррасишуда аз «Шоҳнома» порчаҳои назмиро бо маҳорати баланд қироат намуда, дар бораи қаҳрамонони асар, мазмуну паёми ахлоқии он ва аҳамияти омӯзиши ин асари безавол андешаронӣ карданд. Қироати порчаҳои шеърӣ ба маҳфил ҳусни тоза бахшида, муҳити маънавиро боз ҳам ғанӣ гардонд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва адабдӯстонаи Роҳбарияти олии кишвар роҳандозӣ гардида, ба татбиқи амалии ҳадафҳои маърифатпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мусоидат менамояд. Ҳамчунин, ин гуна чорабиниҳо ба омодагии донишҷӯён барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки бо мақсади тарғиби осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, таҳкими ҳисси худшиносӣ ва боло бурдани завқи адабии ҷавонон баргузор мегардад, заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Зикр гардид, ки маҳфили «Шоҳномахонӣ» минбаъд низ ба таври мунтазам баргузор гардида, барои густариши донишҳои адабӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти классикии тоҷик мусоидат хоҳад кард.




Ба рӯйхат