,
Шанбе, 08-ноябр
Санаи 7 ноябр соли 2025 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими он Ташрифи Шариф дар мавзуи "Кониститутсия-бахтномаи миллат" дар гурӯҳи таълимии 405-и ихтисоси биология ва экология бо иштироки садорати факултет ва устодони кафедра баргузор гардид.
Муаллим Ташрифи Шариф дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - қонуни асосии кишвар аст, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Он Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян мекунад. Конститутсия асосҳои сохти давлат, вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба танзим медарорад.
Дар идомаи дарси намунавӣ донишҷӯёни гурӯҳ бо ибрози андешаҳои худ оид ба мавқеи Кониститутсия дар ҷомеаи соҳибистиқлол баромад карданд. Ҳамзамон, донишҷӯён шеърҳоеро дар васфи Кониститутсия қироат намуда, бо суханони пурмазмун аҳамияти эҳтироми Кониститусия таъкид карданд.