, Ҷумъа, 07-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЛИТЕРАТУРНЫЙ РАССВЕТ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЛИТЕРАТУРНЫЙ РАССВЕТ”

Дар кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили доимамалкунандаи “Литературный рассвет” бо иштироки мудири кафедра, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Сараввал роҳбари маҳфил Мунисаи Раҳим бо рӯзномаи маҷлис ҳамагонро шинос намуд.

Дар маҳфил маърӯзаи донишҷӯи курси чоруми факултет таҳти унвони "Творчество Чингиза Айтматова в контексте литературного развития 70-80 годов ХХ века" ироа гардид.

Дар бахши дигари маҳфил, ки ба 6- ноябр Рӯзи Конститутсия бахшида шуда буд аз ҷониби донишҷӯён порчаҳои шеърӣ қироат гардида, дар охир викторина доир карда шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!