,
Ҷумъа, 07-ноябр
Имрӯз (5.11.2025) дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “The modern linguist”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидова Нилуфар, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Рузиева Барно, роҳбари маҳфил Бобоев Аъзам, ҳаёати омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, номзади илмҳои филологӣ Саидова Нилуфар суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуд. Ҳамзамон роҳбари маҳфил Бобоев Аъзам доир ба фаъолияти маҳфил ва маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфили имрӯза ба ҳозирин маълумот доданд.
Сипас, донишҷӯи курси дуюми факултет – Суҳробов Худобахш дар мавзуи “Methods of learning foreigh language” ва донишҷӯи курси чоруми факултет – Самадов Толиб дар мавзуи “Good or bad social media” маърӯзаҳои пурмуҳтавои худро тариқи рӯнамо, инчунин пурра бо забони англисӣ ироа намуданд.
Дар фарҷом ҳозирин доир ба баргузории маҳфили мазкур фикру андешаҳои худро баён намуда, ба маҳфил баҳои хуб доданд.