,
Ҷумъа, 07-ноябр
5 ноябри соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Давлатзода Шуҳрат-номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини декани факултет, сармутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Ғаниев Фируз, ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Маҳфилро Давлатзода Шуҳрат-номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро бо маърӯзаҳои пешниҳодшуда шинос кард.
Дар идомаи маҳфил, донишҷӯёни фаъол бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд:
Нусратуллозода Масабур, донишҷӯи курси чорум, дар мавзуи "Таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Наимов Мустафо, донишҷӯи курси чорум, дар мавзуи "Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Дар қисмати ҷамъбастӣ, сармутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Ғанизода Фируз фаъолияти маҳфили мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, донишҷӯёнро ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмӣ даъват кард.