,
Шанбе, 08-ноябр
Субҳи рӯзи шанбеи 8-уми ноябри соли 2025 дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи дастаҷамъии пагоҳирӯзӣ бо иштироки фаъолонаи ҳайати раёсат, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории машқи пагоҳирӯзӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, боло бурдани рӯҳияи варзишӣ ва бедор кардани нерӯи ҷисмониву равонии донишҷӯён дар назар дошта мешавад. Тамринҳо таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они муассиса сурат гирифта, иштирокчиён маҷмӯи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро карданд.
Ҳузури роҳбарияти донишгоҳ дар ин иқдом гувоҳи таваҷҷуҳи онҳо ба масъалаи саломатии ҷисмонӣ ва равонии ҷавонон аст. Ин барнома дар доираи чорабиниҳоҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба ташвиқи варзиш миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.