, Ҷумъа, 07-ноябр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар соҳибихтиёр гаштани миллати тоҷик ва рушду нумуи Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона нақши бунёдии Конститутсия хеле муҳим аст. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад”. Санаи 05.11.2025 бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими арзишҳои демократӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Каримҷонзода Манучеҳр-номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳои факултет ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, декани факултет Каримҷонзода Манучеҳр суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Сипас, Назаров Бахтиёр-муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Нақши Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ”, Ғафори Мурод-магистранти курси якуми факултет дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рушди низоми идоракунии давлатӣ дар шароити муосир” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Зимни баромади хеш маърӯзачиён қайд намуданд, ки ҳар як миллате, ки ба соҳибихтиёрии воқеӣ ноил гаштааст, ҳамаи кӯшиши худро ба он равона месозад, ки заминаҳои давлатдории миллиро устувор гардонад. Ин заминаю асосҳо самтҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ ва ғайра доранд, ки дар ҳар яки он бояд миллат пешрав ва қобили ҳифзи манфиати хеш бошад.

Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!