, Ҷумъа, 27-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ

Дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети химия ва биология баргузор гардид. Дар он сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Дар кори маҳфил Алихонзода Дилноза-донишҷӯи курси сеюми факултет, дар мавзуи «Ҳифзи гуногунии биологӣ ва захираҳои табиии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» маърӯза намуд.

Ҳамзамон, Музафарзода Марям-донишҷӯи курси сеюм, дар мавзуи «Нақши кимиёи сабз ва технологияҳои муосири кимиёвӣ дар ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори Тоҷикистон» баромад намуда, андешаҳои худро баён кард.

Дар анҷоми маҳфил миёни омӯзгорону донишҷӯён саволу ҷавоб ва муҳокимаи озод баргузор гардид. Иштирокчиён доир ба мавзуъҳои матраҳгардида мубодилаи афкор намуда, ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои баррасишударо мавриди таҳлил қарор доданд.

Маҳфил дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, барои тақвияти донишҳои назариявӣ, рушди тафаккури илмӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии таҳқиқотии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.




Ба рӯйхат