,
Ҷумъа, 27-ноябр
Аз 23 то 27 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилачорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ ба ифтихори бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму адаби тамаддуни тоҷику форс-Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегарданд.
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳи байналмилалӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, олимону донишмандон ва аҳли ҳунари кишвар иштирок доранд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар ҳайати мазкур Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро низ олимону донишмандони соҳибтаҷриба муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик-Ашурова Нодира, номзади илмҳои кимиё, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он-Холиқзода Сафар ва доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси адабиётшиносӣ- Шамшоди Ҷамшед, дар чорабиниҳои мазкур фаъолона иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмии худ саҳми арзанда гузоштанд.
Мувофиқи барномаи чорабиниҳо, 23 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абӯалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ» баргузор гардид. Дар доираи бахши «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои табиӣ ва дақиқ» дотсент Холиқзода Сафар дар мавзуи «Таркиби обҳои ошомиданӣ ва махлут шудани онҳо бо маъданҳои зеризаминӣ аз назари Абӯалӣ ибни Сино» маърӯза намуда, дидгоҳҳои илмии ин мутафаккири бузургро дар иртибот бо масъалаҳои илмҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамзамон, 24 ноябр Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём: аҳаммияти ҷаҳонӣ ва пажуҳишҳои муосир» баргузор гардид. Дар бахши «Мероси Умари Хайём ва аҳаммияти он дар замони муосир» профессори кафедраи адабиёти тоҷик-Ашурова Нодира, бо мавзуи «Симои инсон дар рубоиёти Хайём» ва дотсент-Шамшоди Ҷамшед, бо мавзуи «Ҷанбаҳои умумибашарии ашъори Умари Хайём ва аҳаммияти онҳо дар фарҳанги муосири ҷаҳонӣ» маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд.
Дар баробари конфронсҳои илмӣ, барномаи чорабиниҳо ифтитоҳи намоишгоҳи китобу дастхатҳои марбут ба осори Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, барномаи фарҳангӣ ва консерти ҳунармандони тоҷик дар қароргоҳи ЮНЕСКО, инчунин баргузории консерти ҳунармандони кишвар дар шаҳри Парижро дар бар мегирад.
Иштироки олимону донишмандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чунин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ бозгӯи нуфузи илмии муассиса, иқтидори зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорон ва талошҳои пайвастаи донишгоҳ дар самти рушди тадқиқоти илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин иштироки арзишманд ҳамчунин далели пайванди устувори илмҳои муосир бо мероси ғании ниёгон ва идомаи суннатҳои илму донишпарварии тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад.
Бешубҳа, чунин иқдомҳои сатҳи байналмилалӣ дар муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангӣ, фалсафӣ ва илмии миллати тоҷик, таҳкими муколамаи тамаддунҳо ва баланд бардоштани мақоми илму фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ иштироки намояндагонаш дар ин ҳамоиши сатҳи баланд дастоварди назаррас ва мояи ифтихори тамоми ҷомеаи меҳнатии муассиса мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки ҳайати олимону донишмандони донишгоҳро дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳамчун дастоварди муҳими илмии соли таҳсили 2026-2027 арзёбӣ намуда, ин муваффақиятро ба тамоми ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ табрик мегӯяд. Ҳамзамон, ба олимони соҳибэҳтиром дар роҳи идомаи фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ, густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ ва ба даст овардани комёбиҳои нав барору муваффақият таманно менамояд.