,
Ҷумъа, 27-ноябр
24 ноябри соли ҷорӣ дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он Исоева Фариза дар гурӯҳи таълимии 107-и ихтисоси биология-экология дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.
Дарси кушод ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба таърихи пайдоиш ва ташаккули Парчами давлатӣ, мақому ҷойгоҳи он ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, инчунин нақши парчам дар таҳкими худшиносиву ифтихори миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни машғулият омӯзгор оид ба таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънои рангҳои он ва рамзҳои дар парчам таҷассумёфта маълумот пешниҳод намуда, таъкид кард, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва нишонаи соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Ҳамчунин, доир ба зарурати эҳтиром ва гиромидошти рамзҳои давлатӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ андешаронӣ карда шуд.
Дар рафти дарс донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзуи баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд. Суҳбату мубодилаи афкор барои боз ҳам амиқтар дарк намудани арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва тақвияти ҳисси ифтихор аз давлату миллати тоҷик мусоидат намуд.
Дарси кушоди тарбиявӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонон баргузор гардид.