, Душанбе, 09-декабр

Маркази таҳсилоти фосилавӣ


Маълумоти умумӣ

Маркази таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта, раванди низоми фосилавиро, гурӯҳҳои фосилавии донишгоҳро идора мекунад. Маркази таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди ғоибонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст ва фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводҳои таълимӣ, муносибат байни омӯзгор ва донишҷӯён (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, семинарҳо дар режими оnline ва оfline) ба воситаи интернет азхуд мешаванд.

Раванди таълим тариқи низоми фосилавӣ бо воситаи портали омӯзишӣ fosilavi.kgu.tj ба роҳ монда шудааст. Портали мазкур ба талаботи ягонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Портал ҳам тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва ҳам тариқи шабакаи дохилии донишгоҳ 24 соат дар 1 шабонарӯз фаъолият мекунад.

Маркази таҳсилоти фосилавӣ тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофаи дур бе иштироки шахсии омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад. Омӯзгорон  имкон доранд бо донишҷӯ тавассути системаи таҳсилоти фосилавӣ форум (рузҳои қабули оnline ва оfline) ташкил намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маводҳои таълимиро ба донишҷӯён дастрас мебошанд. Донишҷӯён дар давоми як нимсола ду маротиба имконияти супоридани рейтингро тариқи оnline ва оfline доранд. Дар вақти  ворид шудан ба системаи таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш ворид гардида, имкон дорад, ки маводҳои дарсиро аз худ намуда барои ҷавоб гардонидан ба супоришҳо омодагӣ пайдо мекунад.

Маркази таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

  1. алоқаи доимӣ бо устод, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ (почтаи электронии дохила, skype ва ғайра)
  2. имконияти ташкили мубоҳиса, форумҳо, корҳои якҷоя бо гурӯҳ дар вакти омӯзиши курс ҳар лаҳза
  3. дастрасии маводҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли электронӣ (слайдҳо, презентатсияҳои овознок, видеофрагментҳои дарс)
  4. Истифода бурдани китобхонаи электронӣ
  5. Шинос шудан бо нақшаи шахсии таҳсил
  6. Муайян намудани бал аз рӯи фанҳо барои семестри ҳозира ва гузашта
  7. Системаи тестии таълимӣ
  8. Иваз намудани профили худ (ба монанди парол, расм ва баъзан маълумотҳои иловагӣ)
  9. Ҷадвали дарсӣ

Рӯйхати ихтисосхо

Дар таҳсилоти фосилавӣ аз рӯи 23-ихтисос донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки ҳангоми ворид шудан  ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯён ба саҳифаи хеш дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.

  1. 1- 25 01 08 03 - Баҳисобгирии муҳосибӣ,таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷавӣ - илмӣ
  2. 1- 25 01 07 - Иқтисодиёт ва идора дар корхона
  3. 1- 26020206 - Менеҷменти иҷтимоӣ
  4. 1- 26 02 02 03 - Менеҷменти инноватсионӣ
  5. 1- 260203 - Маркетинг
  6. 1-31 02 01 02 03 - Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат
  7. 1-02050401 - Физика ва математика
  8. 1-02 05 01 - Математика
  9. 1-02 05 05 - Информатика
  10. 1-31 030408-Web дизайн ва графикаи компютерӣ
  11. 1 - 03 02 02 00 -Тарбияи ҷисмонӣ бо ихтисоси иловагии омодагии дифои ҳарбӣ
  12. 1-030201 –Тарбияи ҷисмонӣ
  13. 1-01 02 02 00- Таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти рус
  14. 1-01 02 01 – Таҳсилоти  ибтидоӣ
  15. 1-01 01 02 – Таҳсилоти томактабӣ
  16. 1-23 01 11 -03 – Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ
  17. 1-02 01 02 – Таърих. Ҳуқуқ
  18. 1-02 01 01 – Таърих
  19. 1-020406 - 01 – Химия - биология
  20. 1-02 04 06 -Химия – экология
  21. 1-020404 – Биология -экология
  22. 1 – 02 03 02 - Забон ва адабиёти рус
  23. 1-02 03 01 - Забон ва адабиёти тоҷик

Ҳайати кормандон

Навруз Н
Навруз Носири
   
сардори марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ


 



  Алиев Дилшод
Алиев Дилшод
сармутахассис

 

 

 

 

Гулов Д
Гулов Далер
мутахассис

 

 

 

 

Ахмедов Рустам
Ахмедов Рустам
мутахассис     








Ёрматов Алишер
 Ёрматов Алишер
мутахассис








Бобоев Самандар
Бобев Самандар
мутахассис








Назиров Мадали
Назиров Мадали
мутахассис








Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Телефони корӣ: (83322) 25974;
E-mail: fosilavi@kgu

Таълим

ОХИРИН ХАБАРҲО