, Сешанбе, 21-январ

ТАҲЛИЛИ РАВАНДҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 11.01.2025 86

ТАҲЛИЛИ РАВАНДҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои мухталифи кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар Паёми Пешвои миллат, ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ барои рушди сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва равшангари имрӯзу фардои мамлакат ба ҳисоб меравад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, кишвари мо дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани нақшаву стратегияҳои нави соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Бояд ёдовар шуд, ки ҳаҷми ММД дар соли 2024 зиёда аз 150-миллиард сомониро дар бар гирифта, суръати рушди он ба 8,4-% расонида шуд. Ёдовар бояд шуд, ки дар давоми 5-соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ афзоиш ёфта ба ҳисоби миёна 7,7%-ро дар бар мегирад.

Чунонки зикр гардид, бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимою иқтисодии мамлакат ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона гардидаааст.

Бояд қайд намуд, ки даромади пулии аҳолӣ сол аз сол зиёд гардида, тибқи нишондодҳои дар Паём оварда шуда, аз 48 миллиарди соли 2019 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд. Яъне нишондод ба он гувоҳи медиҳад, ки афзоиши даромади аҳолӣ ба 99 миллиард сомонӣ ё ин ки 32,6 % зиёд гардидааст. Ин бевосита аз рушди иқтисодиёти мамлакат гувоҳӣ медиҳад ва моро месазад, ки боз ҳам талош бар он дошта бошем, то ба зинаҳои баланди тараққиёти ин соҳаҳои афзалиятнок расида бошем.

Тавре ба ҳамагон маълум гардид, нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат 1,8 ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар давоми 5 сол яъне аниқтараш аз соли 2020 то соли 2024 чор маротиба, дар маҷмуъ 100% зиёд карда шуд, ки ин гувоҳӣ аз рушди иқтисодиёти мамлакат медиҳад.

Яке аз масъалаи асосии иқтисоди миллӣ ин гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ мебошад, ки бевосита Роҳбари давлат зимни ироаи Паём солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Дар зимн ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, Хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Ҳамчунин Пешвоми миллат таъкид доштанд, ки бо мақсади таъмин намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт аз ҷумла ихтисосҳои иқтисодиёти рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ саривақтӣ ҳисобида мешавад.

Боиси сарфарозист, ки бо мақсади таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар мамлакат, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ то санаи 1-уми январи соли 2027 маратория эълон гардид, ки ин имкон даст медиҳад то рушди иқтисодиёти давлат боло рафта, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам баланд гардад.

Тибқи нақшаву барномаҳои стратегӣ оид ба саноатикунонии кишвар дар давоми панҷ соли охир маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбати нишондоди пешина наздики ду баробар афзоиш дида мешавад. Дар баробари ин бояд ёдовар шуд, ки дар ин давра дар кишвар 2040 корхонаҳои саноатӣ таъсис дода шуда 74 ҳазор нафар ба ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд.

 Дар баробари ин дар соли 2024 дар мамлакат 740 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар он зиёда аз 20 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд. Дар баробари ин суръати рушди ин соҳа 15% афзоишро дар бар мегирад.

Ташаккули «иқтисоди сабз» суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имконияти содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноканд. Албата вобаста ба рушди ин самтҳо стратегияю барномаҳои дахлдор татбиқ шуда истодаанд.

Бо дарназардошти зарурати таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар аз ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тавассути бозори қоғазҳои қимматнок, бахусус қоғазҳои қимматноки «сабз» гузариш ба «иқтисоди сабз» то соли 2037 дар воқеъ ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон ҳадафест, ки дар Паёмҳои қаблии  Пешвои муаззами миллат эълон гардида буд. Бо ин мақсад дар кишвар таҷдиду навсозии агрегатҳои неругоҳҳои «Қайроқум», «Себзор», «Норак» ва дигар неругоҳҳои тавлидкунандаи барқ азнавсозӣ шуда истодаанд, ки имконияти васеи тавлиди барқро дар онҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар баробари ин сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз манфиат холӣ нест, чунки бунёди он бо суръати баланд идома дошта, дар давоми ду соли охир аз буҷети давлат ба маблағи зиёда аз 9 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Тибқи маълумоти овардашуда зиёда аз 50% корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ ба наҷом расонида шудааст.

 Ҳамчунин дар Паём таъкид гардид, «гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ» аҳамияти хоса дорад.

Албатта, дар ин раванд зарурати истифода аз технологияи рақамӣ пайваста меафзояд, зеро онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисодии он мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат солҳои 2025-2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуд, ки дар панҷ соли минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои дар Паём овардашуда диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Бояд зикр намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ имкон медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамуда таъмин гардида, барои ҳар чи тезтар расидан ба ҳадафҳои миллии мардуми кишвар мусоидат хоҳад кард.

Назаров Муродалӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат