,
Сешанбе, 21-январ
Дар анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилотҳои об, дар шаҳри Киотои Ҷопон, 18-уми март соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш чунин қайд кардаанд: «Мушкилоте, ки мо имрӯз дар бораи таъминоти об муҳокима мекунем, сол то сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд».
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд.
Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба об, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ дастгирӣ шудаанд, соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018- 2028 мебошад.
Айни замон дар сатҳи кураи Замин пиряхҳо дар ҳаҷми зиёда аз 30 млн км3 мавҷуданд, ки ин 2/3 ҳиссаи захираи оби нӯшокиро ташкил медиҳанд. Бо ифодаи дигар, чунин миқдори пиряхҳо қодиранд, ки то 700 сол дарёҳои кураи Заминро бо об таъмин намоянд. Ҳисоб карда шудааст, ки майдони пиряхҳои тамоми сатҳи сайёраи мо ба 72,4 млн км2 мерасад, ки ин 14,2 % масоҳати Заминро ташкил медиҳад. Тақсимоти пиряхҳо дар сатҳи кураи Замин вобаста ба омилҳои иқлимӣ нобаробар мебошад.
Дар куҳҳои Осиёи Марказӣ қариб 7000 пирях мавҷуд аст, ки дорои тақрибан 20,1 ҳазор км2 об буда ва ин ба миқдори обе, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ мегардад, баробар аст.
Тоҷикистон дорои захираи бузурги табиӣ, аз қабили дарёҳо, кӯлҳо, обҳои зеризаминии одию маъданӣ ва пиряхҳо мебошад. Маҳз, пиряхҳо бузургтарин сарчашмаи обҳои дар боло ёдоваршуда мебошанд. Пиряхҳо ҷамъкунандаи оби тоза мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳо 25% ҳаҷми ҷараёни дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо хосияте доранд, ки ҷараёни дарёҳоро дар дохили сол ва ҳам тӯли солҳои бардавом танзим менамоянд. Онҳо дар солҳои хушку гарм 50% оби дарёҳоро медиҳанд, дар солҳои сербориш захираи худро афзоиш медиҳанд, яъне воридот ва содироти анбӯҳи худро тағйир медиҳанд. Майдони пиряхҳо 8 ҳазор километри мурабаъ (6% ҳудуди мамлакат)-ро ташкил медиҳад, захираи об дар пиряхҳо 550 километри мукааб арзёбӣ мешавад, ҳаҷми пиряхи калонтарини мамлакат - Федченко ба 93 километри мукааб баробар аст, ки он аз ҳаҷми умумии дарёҳои Тоҷикистон зиёд аст. Вале пиряхҳо абадӣ нестанд ва обшавии онҳо зери таъсири гармшавии иқлим идома меёбад. Масоҳати бо пиряхҳо пӯшидашуда аз аввал ва миёнаи асри гузашта алакай тақрибан 25-30% коҳиш ёфтааст (тибқи арзёбии ҳаҷми пиряхҳои миёна ва хурд). Дар назар аст, ки то соли 2050 ин масоҳат боз 25- 30% коҳиш меёбад, ҳаҷми дарёҳои асосӣ бошад, дар натиҷаи босуръат зиёд шудани миқдори об аз ҳисоби пиряхҳо дар аввал меафзояд, вале баъдтар, дар баробари хароб гаштани пиряхҳо, кам мегардад. Сарфи максималии ҳаҷми оби дарёҳо ба муҳлатҳои пештар мегузарад ва тобистон ва тирамоҳ, вақте ки заминҳои кишоварзӣ аз ҳама зиёд ба об ниёз доранд, кам мегардад. Таҳдиди селфароӣ зиёд мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ фароҳамомада, яъне «Феҳристи пиряхҳои ИҶШС» (с.1969-1980) дар ҳудуди Тоҷикистон 8492 пирях мавҷуд буда, 8476,2 км2 майдонро фаро гирифтаанд, ба 6% ҳамаи масоҳати ҷумҳурӣ мувофиқат мекунад. Ин рақамҳо маънои онро доранд, ки дар пиряхҳо 13 маротиба ҷараёни оби солонаи Тоҷикистон фароҳам омадаанд. Гиреҳи асосии яхбандӣ дар мавзеи пайвасти қаторкуҳҳои баландтарини кишвар, аз қабили Академияи илмҳо, Дарвоз, Пётри Як, Ванҷ, Язғулом ҷойгир мебошанд.
Пиряхҳо инчунин дар қаторкуҳҳои Паси Олой, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Шоҳдара, Музкул, ҳавзаи дарёи Зарафшон ва ғайра захира шудаанд. Дар ин гиреҳу қаторкуҳҳо хусусиятҳои орографӣ ва иқлимӣ барои ташаккули пиряхҳо шароити мусоид фароҳам омадааст. Дар гиреҳи яхбандии Федченко беш аз 5 ҳазор км2 майдони ях воқеъ гардидааст. Дар ин пирях, ғайр аз пиряхи калонтарини куҳии ҷаҳон Федченко, боз ду пиряхи калон, аз қабили Грум-Грижимайко ва Гармо ҷойгир мебошанд.
Омӯхтани захираи пиряхҳо, инкишофи яхбандӣ ва реҷаю таҳаввули пиряхҳои ҷудогона ва ё ҳавзаи дарёҳои алоҳида яке аз вазифаҳои муҳимми илми яхшиносии муосир маҳсуб меёбад. Илм бояд ба захираҳои пиряхҳо баҳои объективӣ диҳад, захираи обҳои ошомиданиро саҳеҳ муайян намуда, инкишофу таҳаввули минбаъдаи онҳоро пешгӯӣ намояд ва роҳу воситаҳои истифодаи босамари онҳоро нишон диҳад, то ин ки рушди устувору болоравандаи ба об эҳтиёҷдоштаи хоҷагии халқро таъмин карда тавонад. Аз ин лиҳоз, омӯхтани ҳолати имрӯза ва таҳаввули минбаъдаи пиряхҳои куҳистони Зарафшон ба аҳамияти калони илмию амалӣ молик мебошад.
Қариб ҳамаи шохаҳои пиряхи Федченко аз танаи асосӣ ҷудо шуда, мустақил гаштаанд. Ин вазъият аз таназзули умумии пирях башорат медиҳад. Аз ин хотир, омӯзиши минбаъдаи пирях аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ дорад, зеро ба реҷаи гидрологии дарёи Вахш таъсири калон мерасонад.
Аз маълумотҳои мавҷуда хулоса баровардан мумкин аст, ки таназзули яхбандии ҳавзаи дарёи Хингоб бештар ба амал меояд. Дар байни пиряхҳои ин ҳавза пиряхи Гармо бештар коҳиш меёбад, зеро он хобиши ҷанубу ғарбӣ дорад, таъсири нурҳои офтоб бештар ва бардавомтар буда, обшавии пиряхро метезонад. Эҳтимол дорад, ки тӯли ним аср 25 % майдони яхбандӣ ва 35 % ҳаҷми пирях талаф ёбад. Вобаста ба чунин тағйирот мумкин аст, ки обшораи дарёи Хингоб 15 – 20 % кам шавад. Пиряхҳои хурди то 1 км2 масоҳатдошта мумкин аст, ки то соли 2030 тамоман маҳв шаванд.
Яке аз роҳҳои истифодаи сариштакорона ва оқилонаи об ин ғункунии оби аввалҳои баҳорӣ ва тирамоҳии руду дарёҳо мебошад. Бо ин мақсад дар маҷрои дарёҳо ва ё дар ҷойҳои дигари мувофиқи куҳӣ сохтани обанборҳои сатҳашон хурд ва умқашон зиёд мебошад. Дар чунин ҷойҳо полоиш (филтратсия) ва бухоршавии об камтар рух медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки чунин обанборҳо аз ҷиҳати техникӣ мустаҳкаму бехавф бошанд, дар чунин обанборҳо НБО-ҳо сохта нашаванд, обанборҳо танҳо бо мақсади обтаъминкунии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ созмон дода шавад.
Воситаи дигари бо об таъмин намудани соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва хоҷагиҳои коммуналӣ ин сохтан ва ба истифода додани обкашҳои барқӣ мебошад, зеро дар бисёр водиҳо дарёҳо дар маҷрои чуқур ҷорӣ мешаванд, заминҳои киштбоб бошанд, дар ду тарафи соҳил, дар болои зинаҳои (террасаҳо) баланд воқеъ гаштаанд. Воситаи сеюми бо об таъмин намудани соҳаҳои обталаб ин истифодаи обҳои зеризаминӣ ва дар ҷойҳои мувофиқ сохтани «обанборҳои зеризаминӣ» мебошад, зеро дар чунин ҷойҳо буғшавии об, яъне талаф камтар рух медиҳад. Ва ниҳоят воситаи муҳимми истифодаи оқилонаи об ин таъмини майдонҳои обёришаванда, гузаштан ба истифодаи усулҳои каммасрафи об, нақли об ба воситаи лӯлаҳо, то ин ки об камтар бухор шавад. Бо мақсади оқилона ба роҳ мондани истифодаи захираҳои мавҷудаи об ин талафи обро дар системаҳои обёрикунӣ ва соҳаҳои дигари истифодаю истеъмол коҳиш дода, коэффитсиенти фоиданокии онро баланд бардоштан аст.
Ҳануз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва рӯзи ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Хушбахтона 14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “соли 2025- соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қаътномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони “Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ” дарҷ гардидааст.
Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Тибқи ин қатънома:
Ҷониби Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалии худро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим идома хоҳад дод, ҷунки мушкилотҳои умумиҷаҳониро на як миллату давлат ва ё як минтақа ҳал карда метавонад, балки масъулияти дастаҷамъонаи аҳли сайёраро тақозо дорад.
Ташрифи Шариф – ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ