, Сешанбе, 21-январ

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ  ҶАВОНОН - САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

 10.01.2025 99

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ  ҶАВОНОН - САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муайян гардида, баҳри амалӣ намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба даврае рост омад, ки Тоҷикистон 33-юмин соли истиқлолияти худро сипарӣ ва баҳри ояндаи нек қадам мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҳар Паёми худ ҷавононро ояндаи миллат ва муаррифгари давлат арзёбӣ намуда, онҳоро қишри аз ҳама масъулиятноки ҷомеа мешуморад. Дар Паёми навбатии худ ин нуктаро такроран иброз намуданд, ки 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, онҳо муаррифгари Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат маҳсуб меёбанд. Инчунин, пешниҳод гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат гувоҳи он буд, ки ин абармарди таърих ба қувва ва неруи ҷавонони тоҷик эътимоди комил дошта, ояндаи гулгулшукуфони Ватани муҳбуби худро дар симои онҳо мебинад. Сиёсати ҷавонон дар меҳвари асосии Паёми Сарвари давлат қарор дорад ва Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, то ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат саҳми арзишманди худро баҳри пешрафти меҳани муқаддаси хеш гузоранд. Аз ҷумла, қайд гардид: «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Воқеан, ҷавонон муаррифгар ва пешбарандаи давлат буда, тавони онро доранд, ки Тоҷикистонро дар арсаи олам чун кишвари пешрафта ва дорои неруи бузург муаррифӣ намоянд. Ин масъулияти бениҳоят мушкил буда, аз ҳар ҷавон тақозои онро менамояд, то аз болои худ дучанд кор намояд, зеро ӯ на худро, балки миллати худро муаррифӣ месозад. Муаррифии давлат аз ҳар яки мо ҷавонон талаб менамояд, ки нахуст ба чанд масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Аз ҷумла таъриху фарҳанг ва расму оинҳои миллии худро ба таври дахлдор ва даққиқ донем, оид ба Тоҷикистони муосир маълумоти қонеъкунанда ва аз ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он тасаввуроти бештар дошта бошем, сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати кишварро пуштибонӣ ва аз дастовардҳои кишвар бохабар бошем, забонҳои хориҷиро аз бар намоем, зеро бидуни он шиносонидани миллат ғайриимкон аст ва дар баробари он забони тоҷикиро пос дорем ва кӯшем то сухане бо забони худ дар хориҷ аз кишвар гуфта бошем, дорои одоб, ахлоқ ва тарбияи баланд бошем, аз илму технологияи замони муосир бохабар бошем.

Доштани ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз забон ва таъриху фарҳанги аҷдодӣ вазифаи ҳар яки мо ҷавонон аст, ки ин масъала дар Паём ба таври зайл матраҳ гардид: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Хушбахтона, бо шарофати истиқлоли миллӣ ва оромии ҷомеа ҷавонони тоҷик имрӯз тавониста истодаанд Ватани ба ҷон баробари худро дар арсаи байналмилалӣ дар риштаҳои гуногун муаррифӣ намуда, ном ва парчами миллатро боло бардоранд. Ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар баробари дигар ҷавонони кишвар кӯшиши худро баҳри муаррифии Ватан равона намуда, дар хориҷ аз кишвар таҳсил, дар конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва баромад менамоянд, ки ин мояи ифтихор аст.

Мо ҷавонон қишри аз ҳама фаъоли ҷомеаем ва мекушем чун Пешвои миллат Тоҷикистонро дар сайёра муаррифгар ва номбардор бошем.

Имрӯз дар кишвар вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде қабул гардидааст. Ин бори дигар собит месозад, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Бешубҳа, метавон гуфт, ки ин ҳама санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият низоми махсуси фаъолият – сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва ҳамзамон барои татбиқи босамари он дар кишвар бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид. То ба имрӯз бо дарназардошти шароити ҷомеаи муосир ва рушду такомули ҷавонон дар ҳолати рақобатӣ ва муқовимат ба тазодҳои ҷомеа ба қонуни ҷавонон тағийротҳо шуданд, инчунин қонуни мазкур дар таҳрири нав қабул шуд. Соли 2004 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2004 №1142 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 6 боб ва 33 модда иборат мебошад. Қонуни мазкур самтҳои асосии фаъолияти ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос намудааст.

Инчунин, дар ин қонун асосҳои ташкилии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муқаррар гардида, мақоми идоракунӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муайян шудааст.

Разоқов Навруз - сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат