,
Сешанбе, 21-январ
Таҳти чунин унвон имрӯз (15.01.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ - назариявии ҳайати профессорону омӯзгорони факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024 ва истиқболи шоистаи ҷашни 80-солагии Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, муовинони декан, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва дигар омӯзгорону магистрантон иштирок намуданд.
Сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром зимни сухани ифтитоҳӣ зикр дошт, ки воқеан ҳам Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷати муҳим ва роҳанамоест, ки ба рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ мусоидат менамояд.
Сипас, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад ба сухан баромада, маърӯзаҳои баррасишавандаи ҳамоишро ба аҳли нишаст ошно намуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки ҳар Паём на танҳо роҳнамои амалҳои кунунӣ, балки як стратегияи муфассал барои оянда мебошад. Он миллатро ба сӯи ҳадафҳои нави рушд мебарад, ваҳдату якпорчагии онро таъмин мекунад ва эътимоди шаҳрвандонро ба фардои беҳтар қавӣ мегардонад.
Дар идома Алишери Абдулмаҷид-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи журналистика дар мавзуи “Аз ғамхориҳо то шинохти масъулият”, Қаюмова Мубина-муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар мавзуи “Паём пайғоми фардои дурахшони миллат”, Ҳамидзода Зебуниссо-ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Ҳамқадами замон, балки пешрафтатар бошем” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Ҳамзамон Ашурова Нодира-доктори илмҳои филологӣ дар бахши музокирот баромад намуда, иброз доштанд, ки дар замони истиқлоли давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар Паёми Пешвои миллат, ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ барои рушди сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва равшангари имрӯзу фардои мамлакат ба ҳисоб меравад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, кишвари мо дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани нақшаву стратегияҳои нави соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.