, Сешанбе, 21-январ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

 18.01.2025 29

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Санаи 18.01.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии хатмкардаи зинаи докторантураи PhD-и кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистика Раҳмонова Гулдона Соҳибназарова дар мавзуи “Таҳқиқи қиёсии асарҳои “Асрор” ва “Фарзанд”-и Ғаффор Мирзо (масъалаҳои матншиносӣ)”, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кӯчарзода Аламхон баргузор гардид. 

Дар муҳокима декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, профессор, роҳбари илмии муҳаққиқ Кӯчарзода Аламхон, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Асозода Ҳотам, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, доктори илмҳои филологӣ, профессор Асозода Ҳотам, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирзоева Маҳтовбӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд.  Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Раҳмонова Гулдона Соҳибназарова бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Раҳмонова Гулдона ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму таҳқиқ мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат