,
Чоршанбе, 23-июл
Сулҳу ваҳдат-меваи шаҳдбореро мемонад, ки миллате ва ё халқе аз он ком ширин кунад, асрҳо он ширинӣ аз комҳо дур нахоҳад шуд.
Дар ҳақиқат ваҳдат ин меваи ширини ҳаёт, ҷараёни дурусти зиндагии ҳар халқу миллат маҳсуб меёбад.
Ба ҷаҳони имрӯза агар назар афканем, мебинем, ки мардуми дунё оромиш надоранд, ҷанг, низоъ, хунрезӣ зиндагии халқи ҷаҳонро халалдор карда истодааст.
Таърих гувоҳ аст, чунин рӯзҳои мудҳишро мардуми тоҷик низ аз сар гузаронидааст. Агар дар ҷаҳон як халқе бо халқи дигар дар набард бошад, дар Тоҷикистони мо ҷанги дохилӣ сар зад, ки бародар хуни бародар рехт, тоҷик тоҷикро кушт, оҳи модари тоҷик ба фалакҳо бархост. Албатта ин бесабаб набуд. Фикр мекунам сабаб пеш аз ҳама дар пастравии ахлоқи инсонӣ буд. Мутаассифона, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ аз тарбияву ахлоқ дур шуда буд. Чунин шуд, ки ҷилавро як гурӯҳи авбошону дуздон ба ихтиёр гирифтанд, ки мақсади онҳо на барои хизмат ба халқу давлат, балки ба воситаи амалҳои харобкорӣ бой шудан буд. Бархе аз ҷавонон одобу ахлоқро як сӯ гузошта, ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, бар зидди якдигар силоҳ гирифтанду хуни якдигарро рехтанд. Алангаи ҷанги таҳмилӣ бар осмонҳо баланд шуд, касе пайдо намешуд, ки ин алангаи оташро хомӯш созад.
Хушбахтона, дар ҳамон шабу рӯзи пуртаҳлука дар ҷомеа касони сиёсатмадору фарҳангие вуҷуд доштанд, ки ҷилави набарди дохилиро ба ихтиёри худ гирифта, 27-уми июни соли 1997, роҳҳои ҳаллу фасли дурусти низоъро пайдо намуда, «Ваҳдат» эълон намуда, ҷомеаро боз ба ҷараёни дурусти зиндагӣ раҳнамун сохтанд.
Албатта, он фарзанди фарзонаи халқ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷонашонро дар кафи даст гирифта, ба мардуми шарифи Тоҷикстон сулҳу ваҳдат оварданд, халқи тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ раҳониданд ва он аҳде, ки баста буданд, бар он аҳд устувор монданд.
Мо аҳли зиё мекӯшем ҷавононро дар рӯҳияи ягонагию якдигарфаҳмӣ, ободкорию созандагӣ, сулҳдӯстию меҳанпарастӣ тарбия намуда, дар атрофи сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари хеш ҷамъ оем ва нагузорем, ки чашми камбини бегонагон ва душманони халқу миллат ба тарафи Тоҷикистони биҳиштосои мо назар афкананд.
Мо имрӯз самараи сулҳу ваҳдатро дида истодаем. Ҳама ҷо ободу зебо, мардум хушу хурсанд умр ба сар бурда истодаанд. Тоҷикистони гулгулшукуфони мо биҳишти рӯйи заминро мемонад.
Барои ба чунин рӯзҳои нек расидан заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллати хешро набояд фаромӯш сохт, ки онҳо хеле ва хеле зиёданд.
Шоири шинохтаи тоҷик Саидҷон Ҳакимзода дар шеъри «Пешво» чунин менигорад:
Пешвои халқи мо аз ҷодаи ғамхорҳо бигзашт,
Ҳамчу нур аз мағз-мағзи оҳани озорҳо бигзашт.
Рӯ ба рӯ омад ба неку зишт бо пиндори неки хеш,
Аз миёни оташи сӯзандаи пайкорҳо бигзашт.
Аз барои хотири сулҳу амонии ватандорон,
Аз гуноҳи ноҷавонмардонаи бисёрҳо бигзашт.
Аз маишат дур гашту бо раият сахт шуд пайванд,
З-имтиҳони сахти домандори давлатдорҳо бигзашт.
Чеҳраи субҳонаи ӯ шомҳоро равшанӣ бахшид,
Чу шӯое аз дилу аз дидаи бедорҳо бигзашт.
То шиносонад ба олам Оли Сомонро чу давлат ӯ,
Аз ҳисори қасри бераҳмонаи ағёрҳо бигзашт.
Тоҷикистонро раҳонид аз ғами садпора гаштанҳо,
Аз балову аз қазои ҷумла қисматгорҳо бигзашт.
Давлати пояндаи мо боз ҳам пояндатар бодо,
Зинда бодо, он ки бо душвор аз душворҳо бигзашт.
Дар ҷойи дигар Саидҷон Ҳакимзода худро ва миллати сарбаланди тоҷикро ҳамчун як мардуми сулҳдӯсту сулҳпарвар муаррифӣ менамояд:
Мо дар бадии ҳеҷ башарзода набошем,
Мо тухми бадӣ дафъ бисозему напошем.
Мо қасд ба иғвогарию ҷанг надорем,
Ин шоҳиди он нест, ки мо нанг надорем.
Ин шоҳиди он аст, ки мо сулҳпарастем,
Бо сулҳпарастони ҷаҳон даст ба дастем.
Мо мардуми пурфатҳу барорем ба олам,
Аспи ҳунару фатҳ саворем ба олам.
Мо нахли пур аз бори умедем ба инсон,
Душман натавонад шиканад шохае аз он.
Бигузор сулҳу ваҳдати мо тоҷикон ва тамоми олам то абад поянда бошад!
Гиёева Таҳмина Иброҳимовна-ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ