,
Шанбе, 02-август
(Бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)
Имсол ҷомеаи илмӣ ва маорифпарвари Тоҷикистон 80-солагии яке аз марказҳои маъруфи илми Ватани маҳбубамон – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил мекунад. Ин даргоҳи маърифат, ки дар канори кӯҳҳои пуриқболи ҷануби кишвар мақом гирифтааст, тули ҳашт даҳсола бо бедории фикрӣ, парвариши ақлҳо ва тарбияи фарзандони арзандаи миллат саҳми барҷастае гузоштааст.
Имрӯзҳо ҳазорон хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб на танҳо дар кишвар, балки хориҷи он дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа - аз маорифу тандурустӣ то илму сиёсат- фаъолият доранд.
Солҳои охир Донишгоҳ таҳти сиёсати маорифпарварона ва навовариҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба як маркази муосири таҳқиқотӣ, инноватсионӣ ва илмии минтақавӣ табдил ёфтааст. Бо таҷҳизоти замонавӣ, барномаҳои таълимии нав, ва ташкили марказҳои илмӣ-амалӣ, Донишгоҳ ба посдори воқеии анъанаҳои илмиву маънавии тоҷикон мубаддал гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки, дар радифи дигар сохторҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, факултети филологияи рус аз нахустин ва бунёдитарин пояҳои ин боргоҳи маърифат ба ҳисоб меравад. Ин факултет тайи 80 соли фаъолияти Донишгоҳ дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи забону адабиёти рус, густариши робитаҳои фарҳангии миллатҳо ва таҳкими арзишҳои ҳамзистӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Аз солҳои аввали таъсиси Донишгоҳ, омӯзиши забони русӣ ҳамчун абзори илм, омӯзиш ва иртибот ба ҳайси яке аз самтҳои муҳими таълимӣ ҷойгоҳи махсус дошт. Маҳз дар факултети филологияи рус буданд устодони варзидае, ки дар давраҳои гуногун на танҳо омӯзгори донишҷӯён, балки тарбиятгари наслҳои омӯзгорони минбаъда гардиданд.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси омӯзгорони факултет дар Донишгоҳ ва мактабҳои минтақа курсҳои махсуси омӯзиши забони русӣ, маҳфилҳои адабӣ, намоишномаҳои тарбиявӣ ва мулоқотҳои фарҳангӣ баргузор шуданд, ки ин ҳама ба таҳкими дӯстию ҳамдигарфаҳмии байни халқи тоҷик ва рус мусоидат намудааст.
Имрӯз, дар замони густариши муносибатҳои дипломатӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои русзабон, нақши факултети филологияи рус беш аз пеш муассир гардидааст. Саҳми ин факултет дар тарбияи кадрҳои соҳавӣ, муаллимон, тарҷумонҳо ва кормандони бахшҳои гуногуни ҷомеа – нишонаи равшани рисолати он аст.
Факултети филологияи рус дар ҳамаи марҳалаҳои рушди Донишгоҳ на танҳо омӯзгор ва таҳқиқгар, балки тарбиятгари шахсиятҳои маъруфу муваффақ буд, ки имрӯз дар арсаи илм, маориф, идоракунӣ ва фарҳанг мавқеи намоён доранд. Ин ҷо хатмкардагони зиёде парвариш ёфтаанд, ки имрӯз бо фаъолияти босамари худ номи Донишгоҳро баланд медоранд. Хидирзода Махфират Умар, Дилбар Одилзода, Наргис Шарифзода, Бахтиёр Назаров, Абдулҳамид Нозимов, Маҳмад Абдураҳмон, Ниёзов Акбар, Салихов Нурали, Худойдодова Шарофат, Бобокулов Ҷумахон, Садбарг Нозимовна, Зуҳро Кенҷаевна, Юсупова Заррина, Рустамзода Муқаддас ва садҳо нафари дигар дар таҳкими мақому манзалати илми тоҷик саҳми арзандаи хеш гузоштаанд.
Фаъолияти пурмеҳнати онҳо, ки ҳам дар арсаи илм, ҳам дар идоракунӣ ва ҳам дар рушди маънавиёти миллӣ нақши муассир доранд, шаҳодати он аст, ки факултети филологияи рус на танҳо дониш, балки рисолати ватандӯстӣ ва инсондӯстиро дар қалби наслҳо ҷой додааст.
Шарифзода Одинамо ПИРНАЗАР, муовини ректори ДДК оид ба тарбия
Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, аз 17.07.2025 №: 138