, Чоршанбе, 23-июл

ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ – КАФОЛАТИ РУШДИ ҶОМЕА


ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ – КАФОЛАТИ РУШДИ ҶОМЕА

Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлубест, ки ба амнияти миллӣ, рушди иқтисодиёт, эътибори давлат ва адолати иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва мубориза барои манфиатҳои миллӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷомеаи мутамаддин ва давлатҳои ҳуқуқбунёд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари мустақил, аз рӯзҳои аввали истиқлолият мубориза бо ин падидаро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додааст.

Коррупсия, дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, бахусус мафкураи инсоният, таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити имрӯза пайдо кардани кишварҳои озод аз амалҳои коррупсионӣ қариб ғайриимкон гашта, ин падидаи номатлуб хусусияти умумибашариро касб кардааст.

Коррупсия яке аз намудҳои нави таҳдиди ҷаҳонӣ ба амнияти сиёсии кишварҳо буда, ба рушди тамоми самтҳои давлатдорӣ халал ворид месозад. Фаромӯш набояд кард, ки фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бояд мо дар якҷоягӣ саҳмгузор бошему барои бартараф кардани амалҳои коррупсионӣ талош намоем. Чунон ки 26-уми январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд карданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.

Амалҳои коррупсионӣ на танҳо дар сатҳи идораҳо, балки дар шуури ҷамъият низ реша мегиранд. Бинобар ин, барои пешгирии он, дар баробари ҷазо додан, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии мардум, махсусан насли ҷавон, аҳамияти калон дорад.

Ҳамзамон маъракаҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ, варақаҳои таблиғотӣ ва дарсҳои тарбиявӣ дар мактабу донишгоҳҳо бояд ба паҳн намудани донишҳои зиддикоррупсионӣ равона карда шаванд. Чунки ҳар шаҳрванде, ки аз ҳуқуқ ва вазифаҳои худ огоҳ аст, дар ҳолати дучор шудан ба амалҳои шубҳанок, метавонад бо шеваҳои қонунӣ муқовимат намояд.

Яке аз роҳҳои муассири пешгирии коррупсия таъмин намудани шаффофият дар ҳамаи марҳилаҳои қабули қарор, хароҷоти буҷа ва тақсими манфиатҳо мебошад. Дар ин самт, гузаронидани тендерҳо бо иштироки ҷомеа, нашри омори хароҷот ва ҳисоботдиҳии роҳбарон дар назди мардум, метавонанд роҳҳои вуруд ба амалҳои коррупсиониро маҳдуд созанд.

Пешгирии амалҳои коррупсионӣ танҳо бо қонунҳои сахт ва ҷазо амалӣ намешавад. Ин муборизаи фарогирест, ки иродаи сиёсӣ, иштироки фаъоли ҷомеа, фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварро тақозо мекунад.

Бояд дарк намуд, ки бе мубориза бо коррупсия наметавонем ба рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва ҷомеаи демократӣ ноил гардем. Самаранокии барҳам задани ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар ва муқовимат бо коррупсия аз муборизаи якҷояи давлату ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад. Пас, ҳар яки мо бояд муборизи ин вабои замона бошем ва ба ояндаи поку адолатпарвар замина гузорем.

Алишери Абдулмаҷид, дотсент, сардори маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат