, Чоршанбе, 23-июл

ДДК: ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲАЙАТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ


ДДК: ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲАЙАТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз (18.07.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зимни баргузории ҷаласаи ғайринавбатии раёсати донишгоҳ маросими муаррифии муовинони ректор баргузор гардид. Ҷаласаро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан роҳбарӣ намуд.
Дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни баромади худ матни фармоишоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси таъиноти кадрӣ ба самъи ҳозирин расонид. Тибқи фармоишот Аюбзода Сафар Аюб-муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ ба тариқи гузариш ба ҳайси муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилаӣ ва Камолзода Шодмон Валихон ба ҳайси муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи муассиса таъин гардиданд. Таъиноти нав дар доираи татбиқи сиёсати давлатии кадрӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти раёсати донишгоҳ амалӣ гардид.
Дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ ба муҳиммияти татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат таъкид кард. Аз тамоми ҳайати устодону кормандон даъват ба амал оварда шуд, ки муттаҳидона ва бо дарки баланди масъулият дар атрофи сиёсати созанда ва маърифатпарваронаи давлату ҳукумат қарор гирифта, баҳри рушду пешрафти илму маориф ва шукуфоии Тоҷикистони азиз талош намоянд.
Ба кадрҳои навтаъин таъкид гардид, ки фаъолияти худро дар самти таҳкими низоми идоракунӣ, роҳандозии равандҳои муассири таълимӣ ва илмию тарбиявӣ бо ҷиддият ба роҳ монда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии муассиса ва рушду пешрафти ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Кадрҳои навтаъин дар навбати худ бо ҳисси баланди садоқат ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти касбӣ изҳор доштанд, ки вазифаҳои ба зиммадоштаашонро содиқона иҷро намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ саъю талош хоҳанд кард.
Ҷаласа бо муҳокимаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти минбаъда ба анҷом расид.



Ба рӯйхат