, Чоршанбе, 23-июл

САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН


САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН

Бо ҳамин мақсад имрӯз (14.07.2025)  ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи аксияи вилоятии «Саҳми ман-дар ободии Ватан» дар саҳни бинои маъмурии муассиса корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монданд.

Дар ин кори дастаҷамъӣ як қатор тадбирҳои тозакорӣ ва сабзкорӣ амалӣ гардонида шуд. Аз ҷумла, ҳудуди биноҳои таълимӣ, роҳравҳо, гулгаштҳо ва гирду атрофи донишгоҳ аз партову алафҳои бегона тоза карда шуда, ҷӯйборҳо покиза, партовҳо ҷамъоварӣ ва ба ҷойҳои махсус бурда шуданд.

Ҳадафи чунин иқдомҳо на танҳо тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, балки баланд бардоштани маърифати экологӣ ва бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба Ватан миёни ҷавонон мебошад.




Ба рӯйхат