,
Шанбе, 21-декабр
Ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, ҳамсадоӣ ваҳдат аст,
Меҳрубонӣ, ғамгусорӣ, ошноӣ ваҳдат аст.
Воқеан вожаи ваҳдат барои ҳар як халқу миллат мафҳуми пурарзиш мебошад, чунки дар тамоми давраҳои таърих мардуми олам танҳо бо тавассути ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ бақои миллати хешро таъмин намудаанд.
Ваҳдат неъмати гаронбаҳо буда, таҳкими давлат ва наҷоти миллат дар ҳар давру замон мебошад.
Ваҳдат - ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, ҳамсадоӣ, меҳру муҳаббату самимияти инсонҳои ҳар як сарзамин маҳсуб меёбад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар вожаи ваҳдат муҳиммияти хосаро касб намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин баён намудаанд: «Ваҳдати миллӣ хамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳои бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард». Ҳар як миллату давлат дар таърихи худ саҳифаҳои гаронбаҳо ва сабақомӯзе дорад, ки аз ташаббусҳои созандаю хирадмандона маншаъ гирифта, барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи мунаввар хизмат манамояд.
Бо ташаббус ва корнамоиҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ваҳдати миллии мо мақоми волоро доро шуд, чунки Ваҳдати миллӣ боиси он шуд, ки миллати мо марҳила ба марҳила рушд карда, ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав муваффақ гардида, худро миёни дигар қавму миллатҳо бо сари баланд муаррифӣ намояд.
Барои миллати бонангу номус ва сулҳпарвари мо ҳам 27-уми июн, воқеан ҳам, як рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, ки ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гирифта мешавад. Дар таърихи миллати сарбаланди тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамчун санаи сарнавиштсоз ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Созишномаи сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ки 27-июни соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати кишвар, билхоса бо ибтикору иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯҳои мухолифин ба тасвиб расид, ҳамакнун, чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, нақши мондагор ва рисолати таърихӣ дорад. Боиси қайд аст, ки ин созишнома рисолати муқаддаси таърихиро барои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон анҷом дод. Танҳо ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ буд, ки пойдории давлати тоҷикон ва мавҷудияти миллати тоҷикро барои ҷаҳониён эълом намуд. Маҳз оромӣ, муросову мадоро, истиқлолияту ваҳдати моро эмин дошт ва забону миллати тоҷикро барои садсолаҳо поянда кард.
Зимни суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Имрӯз Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои миллии муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд».
Баъди ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ марҳалаҳои бонизоми рушди масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, илму маориф ва умуман, даврони созандагиву ободонӣ фаро расид. Ҳангоми ба даст овардани муваффақияту комёбиҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаётӣ, давлативу ҷамъиятӣ саҳми шахсии Пешвои азизи миллат беандоза бузург ва шоистаи таҳсин аст.
Моро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ин ҳадафи олӣ ва мақсади наҷиби ҳар як сокини кишвар бояд бошад.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ сиёсати ваҳдатофарини Ҳукумати мамлакат моро водор месозад, ки аз унсурҳои муҳимми он ифтихори ватандорӣ, муттаҳидӣ, шаҳрвандӣ, якдигарфаҳмӣ, шуури миллӣ, хештаншиносӣ дар рушд ва ташаккули соҳаи маориф ҳадафмандона кору фаъолият намоем. Барои тақвият ва устувории Ваҳдати миллӣ мо, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавоноро дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ, бунёдкориву созандагӣ, масъулиятшиносӣ тарбия намоему бегонапарастӣ ва тақлидкориро аз қалби онҳо берун созем.
27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба кулли мардуми шарафманди Ватан мубораку фархунда бод! Бигузор тинҷию оромӣ ва суботи сиёсӣ, пойдор бошаду кишвари маҳбуби мо, Тоҷикистони гулафшон, то абад ошёни сулҳу ваҳдат бошад!
Қаюмова Мубина – муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ