, Панҷшанбе, 21-ноябр

ЗИ ДОНИШ БЕҲ АНДАР ҶАҲОН ҲЕҶ НЕСТ

 25.06.2024 276

ЗИ ДОНИШ БЕҲ АНДАР ҶАҲОН ҲЕҶ НЕСТ

Тавре аз таърих маълум аст, солҳои ҳафтодуми асри сипаригашта, давраи авҷи рушд, тараққӣ ва парастиши илм буданд.

Муаллим пурифтихортарин касб ба шумор мерафт.

Ӯ боқадртарин шахсияти ҷомеа, аз ҳама бологузар ва дар ҳифзи арзишҳои ҷомеаву сохти давлатдорӣ саҳмгузор буд. Кӯшиш мекард, ки аз одам инсон ва аз инсон шахсият созад.

Асоси таълимоти муаллим ва мактабро илм ташкил мекард.

Сухани муаллим вазн дошт. Зеро он саршор аз таҳлили таҷрибаи инсонӣ, назарияе, ки дар амал бо мисолу далелҳо тасдиқ шудааст, иборат буд.

Роҳ ёфтани назарияи носанҷида, барои зиндагии одӣ ва заминӣ нодаркор ва ба пешрафти маънавиёт ва рушди ҷомеа носозгор, ба макта  ғайриимкон ба шумор мерафт.

Ба фикрам, ҳамин шароит буд, ки мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, тоҷикон, ба қавли таърихшинос ва этнографи дақиқкор Е.К. Мейендорфф (1795 – 1863), тавре дар асараш «Сафар аз Оренбург ба Бухоро» менависад, ҳаштод дар сади мардуми ин минтақа, ки хондану навиштан наметавонистанд, соҳиби хатту савод шуданд.

Акнун аз байни фарзандони коргару деҳқон, дорову нодор, олимони барҷаста, шоирон, нависандагон, ходимони давлатӣ ба камол расиданд.

Муаллимон дар донишгоҳи Кӯлоб, аз рӯзҳои аввал, кӯшиш мекарданд, ба мо муҳассилин фарқи илмро аз дониш фаҳмонанд.

Ба ифодаи муаллими адабиёти тоҷик Ёралӣ Содиқов, илм гуфта, маҷмуи донишҳоеро меноманд, ки қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро меомӯзад. Ин донишҳо дар натиҷаи таҷрибаи инсонӣ тасдиқ гаштаанд ва ба беҳбудии зиндагии одамон нигаронида шудаанд.

Муаллимон, ҳар кадом дар доираи мавзуи худ, таъкид менамуданд, ки на ҳама донистанҳо илм аст. Ва баръакс, ҳамаи илмҳо донишро ташкил мекунанд.

Барои мисол, афсонаву ривояту қиссаву достонҳо ва он чизе, ки дар фазо ва вақт дар шакли тахайюли идеявӣ ва бадеӣ арзи ҳастӣ мекунанд, манзалати дарки воқеияти ҳастиро дар шаклҳои гуногун муарифӣ менамоянд, тасаввурот ва навъи ҷаҳонбинӣ мебошанд. Ҳаққи зиндагӣ кардан доранд. Аммо онҳо илм нестанд.

 Илм бояд ба саволи «Барои чӣ?» ҷавоб дошта бошад. Ҳақиқати воқеӣ – табиат, ҷамъият ва тафаккурро бо хосиятҳо, муносибатҳо ва қонунмандиҳои пайдоиш, тағйирот, инкишоф тафсир ва исбот карда тавонад.  Омили рушди инсонӣ гардад. Ба ниёзҳои рӯзмарраи судманди инсонӣ нигаронида шуда бошад. Рӯзгори одамонро осон намояд.

Адабиёти бадеӣ дар доираи донистанҳо ва тафсири воқеияти ҳастӣ бо роҳ ва услуби махсус, талаботи рӯзмарраи иҷтимоӣ метавонад барои инсоният хизмати бузург анҷом диҳад.

Ёралӣ Содиқов аз муаллимони донишманд, ҳамзамон,  сахтгири мо буд. Ӯ аз фанни адабиёт дарс мегуфт. Ҳам лексия мехонд ва ҳам семинар мегузаронд. Дарсҳои ӯ хеле ҷолиб ва шавқовар мегузаштанд. Ҳангоми таҳлили илмӣ-бадеӣ маълум буд, ки Содиқов методҳои тадқиқи адабӣ, назарияи адабиёт, услубшиносӣ, санъатҳои бадеӣ ва хусусан, морфологияву синтаксисро ба навъи аъло медонад. Аз ҳамин лиҳоз, машғулиятҳоро шавқовар доир мекард. Аммо донишҷӯйҳо аз ӯ ибо мекарданд. Мегуфтанд, ки баҳо гирифтан аз Ё. Содиқов кори саҳл нест. Усулияти баҳогузории муаллим иборат аз он буд, ки мегуфт:

– Хоҳед, ки донишгоҳ бо соҳибдипломҳои корноомад беобрӯ гардад, ба донишҷӯ баҳое гузоред, ки ба дараҷаи донишҳои ӯ мувофиқат намекунад.

Тибқи барномаи таълимӣ, дар нимсолаи дуюми курси дуюм, ҳамаамон аз адабиёт кори курсӣ – аввалин кори илмӣ менавиштем.

Хотирнишон бояд кард, барномаҳои таълимии донишгоҳ аз фанҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт, таърих ва фалсафа тарзе тартиб дода ва амалӣ мешуданд, ки аллакай, донишҷӯ эҳсоси ботинии кӯшиши «дар илм чизе гуфтан» пайдо мекард.

Ҳамин тариқ, дар кафедраи адабиёт номгӯйи мавзуъҳо барои интихоб ва навиштани корҳои курсӣ, ному насаби муаллим – роҳбари кори илмӣ пешниҳод мешуд.

Ман барои худ каме дертар мавзуъ интихоб карданӣ будам. Чун мавзуъҳои осон аз муаллимони «хуб», мисле, ки талошак мешуда бошад, дар рӯзи аввал тақсим мешуданд, мушкилтарин мавзуъҳо бо «мушкилтарин» муаллимҳо мемонд.

Ба кафедраи адабиёт омадам. Рӯйхати мавзуъҳои корҳои курсиро дидам. Аллакай, ҳамаи донишҷӯён мавзуъҳояшонро интихоб карда буданд. Ҳамагӣ чанд мавзуъ аз баъзе муаллимон боқӣ монда буду халос.

Дар ин миён, аз ҳафт мавзуи пешниҳодкардаи муаллим Ёралӣ Содиқов ягон донишҷӯ номгӯе интихоб накарда буд.

Донишҷӯёни курсҳои боло курсҳои поёниро таъкид мекарданд, ки зинҳор аз муаллим Содиқов кори курсӣ нагиранд, зеро ҳимояи он  мушкил хоҳад буд. Муаллим ниҳоят сахтгир аст. Барои навиштани кори курсӣ камаш панҷоҳ китоби илмии марбут ба мавзуъро бояд хонӣ. Онро дар майнаат хуб муҳокимаву гирдгардон кунӣ. Фақат аз рӯйи хулосаи онҳо бояд  кори курсӣ нависӣ.

Ростӣ, ман муаллим Ёралӣ Содиқовро ниҳоят эҳтиром мекардам. Ба ӯ эътиқод доштам. Ӯ бо тайёрии хуб ба дарс меомад. Тарзе ишора шуд, машғулиятҳоро дар дараҷаи баланди илмӣ, хеле ҷолиб ва хотирмон мегузаронд.

Муҳокимарониҳояш ғайриодӣ, пурмуҳтаво ва мантиқӣ буданд. Агар дар доираи мавзуъҳои адабӣ гап занад, назарияҳои илмии вобаста ба мақсади дарсро тавассути методҳои тадқиқот бо мисолҳо хуб тафсир мекард.

Як хислати ҷолиби диққат ва ба фикри ман, барои муаллим зарури Ё. Содиқов аз он иборат буд, ки хусусиятҳои руҳӣ, равонӣ, характер, маънавиёт ва тавони мафкураи илмии донишҷӯёнро  ҷиддан меомӯхт. Медонист ва тибқи он рафтор мекард.

Дар намуд як шахси одӣ, дидадаро, хушсуҳбат ва андак хушҳол менамуд. Дар омади сухан аз шӯхиву мутоиба ҳам истиҳола намекард. Ин хислат дарсҳои ӯро хотирмон, заминӣ ва боз ҳам ҷолибтар мегардонданд.  Аммо дар асл, муаллим ниҳоят ҷиддӣ, серталаб, сахтгир ва нисбат ба донишҷӯёни танбалу бепарво комилан бераҳм буд.

Аз мавзуъҳои пешниҳодкардаи муаллим Ё. Содиқов, барои ман «Таҳлили ғоявӣ ва услубии повести фантастикии Абдумалик Баҳорӣ «Сунбула» писанд омад. Ному насаби худро дар баробари он навиштам.

Рӯзи дигар пеши муаллим Содиқов рафтам.

Ӯ маро хуш пазируфт. Рӯйхати басандаи адабиёти илмиро пешниҳод намуд. Ғайричашмдошт ба хонааш таклиф кард.

Муаллим як духонагии «хрушёвӣ»-и хурд доштааст. Ба ин нигоҳ накарда, як хонаашро ба пуррагӣ китобхона кардааст. Аммо фаҳмидагӣ барин, аввал ӯ маро ба хоначаи майдаи хӯрокпазӣ даъват кард. Дар он ҷо дастурхон партофтагӣ, чой дам кардагӣ бо ду нон, се дона себу як хӯша ангур.

Тухмшӯрборо завҷаи муаллим дар табақ бардошта овард. Бо муаллим нонро дукаса реза карда, хеле бомазза тановул кардем.

– Ҳо, ошно, наволаатро катта-катта ва бо дили пур бигир. Мо вақте бо донишҷӯён ба деҳаи Ориёни шумо ба пахтачинӣ мерафтем, падарат чандин маротиба мо муаллимонро ба хӯрдани мурғшӯрбо даъват карда буд. Қарз ба қиёмат намонад гуфта, ман туро барои хӯрдани тухмшӯрбои ҳамон мурғҳо даъват кардаам, – гуфт муаллим, табассуми гуворое карда.

Ман аз ин илтифоти муаллим шод шудам. Аммо омадани муаллим Содиқовро ба хонаамон ба ёд оварда натавонистам. Як зарбулмасали падарам ба хотирам омад, ки дар тафсири кадом воқеаи нек ё бад гуфта буд:

– Бачам, «иззат ҳам қарз асту изо ҳам». Ин ҳикматро набояд одам фаромӯш кунад.

Баъд муаллим маро бо китобхонааш шинос кард. Аз он ҷо ду брошюраро интихоб намуда, ба ман дод. Яке аз онҳо китоби Г. Рузавин «Методы научного исследования», дигараш асари Е. Воронтсов «Фантастика как предмет литературного исследования» буданд.

Ман китобҳоро аз дасти муаллим норозиёна, бо дили нохоҳам гирифтам. Муаллим ин авзои маро гӯё эҳсос карда бошад, ки:

– Бе омӯхтани ин асарҳо навиштани кори курсӣ имкон надорад, – гуфт, ба ман нигоҳи ҷиддӣ карда.

– Муаллим, ман чунин адабиёти илмиро бо забони русӣ бори аввал мебинам. Хонам ҳам, намефаҳмам, – софдилона иқрор шудам ман.

– Додар, – гуфт муаллим, – ҳар оғоз мушкил аст. Аммо инсон набояд аз он тарсад. Забондонӣ ва илм заҳмат талаб мекунад. «Дар илм роҳи рости ҳамвор вуҷуд надорад. Ва фақат касе ба қуллаҳои дурахшандаи он баромада метавонад, ки аз хастагӣ нотарсида, ба пайраҳаҳои пурпечутоби сангини он часпида барояд».  

Агар нафаҳмӣ ҳам, ҳар як китобро дар танҳоӣ панҷ бор бо овоз, мисли наттоқон хон. Фақат ҷойҳои фаҳмидагиатро дар як дафтар кӯтоҳнавис кун. Ҷойе, ки завқи фаҳмишат боло гирифт, луғат истифода бар. Ту, аллакай, дарсҳои муқаддимаи забоншиносӣ, муқаддимаи адабиётшиносӣ, асосҳои фалсафа ва монанди инҳоро хонда, имтиҳон ҳам супоридаӣ. Яъне бо ҳуҷҷат тасдиқ кардаӣ, ки он илмҳо моли туанд. «Ҳақиқат наметавонад муқобили ҳақиқат бошад». Донишҳои илмӣ хосияти ҳамашумулӣ доранд, умумианд. Якдигарро тафсир мекунанд. Ин ду китобе, ки ман ба ту додам, давоми он илмҳост. Ҳамзамон, дониста бош, ки китобҳо китобҳоро тавлид мекунанд. Ва чунин натиҷагириҳо бояд илмро ҳадди ақал, заррае пеш барад. Муаммоҳоеро тафсир намояд, шарҳ диҳад, ки барои одамизод судманд оянд. Сухани Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «Гирд карданду гиромӣ доштанд, То ба санг андар ҳаме бингоштанд» маънои ҷамъкунӣ – аккумулятсияи донишҳои инсониро дорад. Таъйиноти он бошад, равшансозии роҳи ояндаи одамизод аст.

Мавзуе, ки ту интихоб кардӣ, аз рӯйи муҳтаво ва мантиқи илмӣ ҳамин маъниро дорад. Ин китобҳо ба ту методологияи тадқиқотро нишон медиҳанд.

Ин суханҳоро муаллим Ё. Содиқов устодона, бо қотеият гуфт. Ман ғайр аз ҳақ шуморидан ва иҷро кардани ин супоришот чораи дигар надоштам. Бори дигар фаҳмидам, ки барои чӣ донишҷӯён аз гирифтани корҳои курсӣ аз чунин устод худдорӣ мекардаанд.

Аммо дар ҳар сурат, аз тақдир ва аз чунин муаллими сахтгир сидқан розӣ будам.

Муаллим як ба чеҳраи ман ва як ба китобҳо нигариста, як моҳ муҳлати гузориши «омодагии назариявӣ»-ро барои тартиб додани нақшаи кори курсӣ дод.

Дар шабеҳи ин лаҳза, ҷумлаи дар таҳлили грамматикӣ машҳури устод Садриддин Айниро ёдоварӣ кардан мумкин аст: «Падарам барои ин кор ба ман як каландча харида дод ва ман ба кор сар кардам».

Давоми якуним моҳ, иловатан, ин ду китоб ва повести «Сунбула»-и Абдумалик Баҳориро то тавонистам, шабонарӯзӣ хондам. Ба қавле «қориазёд» кардам. Назди муаллим омадам. Ӯ тибқи таъкиди донишҷӯёни «огоҳ ва дониста», суҳбатро аз «садсавол»-и худ сар кард.

Аз маҷмуи саволу ҷавоби дусоата дарк карда натавонистам, ки муаллим аз натиҷаи он қаноатманд аст ё норозӣ.

Ман бо гирифтани кори курсӣ ба сифатҳои шахсии муаллим Ё. Содиқов боз ҳам бештар зеҳн мемондагӣ шудам.

Медидам, ки ӯ доим бо риши пок тарошида, мӯйи сиёҳи бисёр нозук ба самти рост шонакарда,  куртаи сафеди покиза ва бодиққат дарзмолгашта, шими сиёҳи гӯё ҳаргиз қатнохӯрда, як навъ корманди хадамоти махсусро мемонд.

Даме ягон сухани шӯхиомезро дар маъниву мантиқ тар карда ҳам, ки мегуфт, тез авзои ҷиддӣ мегирифт ва мақсади худро ба ҳамсуҳбат, махсусан, бо шогирдон мефаҳмонид.

Ҳангоме муаллим ба ман суол медод ва ҷавобро бодиққат гӯш мекард, ҳамзамон, ба дафтари ман ҳам гоҳ-гоҳе нигоҳ мекард, ки ман муҳимтарин қисмати хондагиҳоямро навиштаам ё не. Ман қариб ба онҳо нигоҳ накарда, гап мезадам.

Дар охир, муаллим Содиқов дар бораи предмет ва объекти тадқиқот аз ман пурсид. Ман гӯё посухи дурусти китобӣ дода бошам. Ӯ вокунише ба ҷавоби ман нишон надода, таъкид кард:

– Додарам, дониста бош, ки ширкаткунандагони тадқиқоти илмӣ се қисматанд: субъект, объект ва методи тадқиқ. Илова бар ин, ҷузъиёти муҳимми тадқиқотро предмет ё ҳадафи мушаххасгардонидашудаи мавзуи илмӣ меноманд. Агар бо ҳамин се, ҷамъи ду - ирода ва ҷаҳду кӯшиш илова шавад, ҳадафи илмӣ ба даст меояд.

Ба муаллим хуш меомад, вақте ман ҳар як сухани ӯро дар дафтари худ бо ду ранги ручкаи ситинаи донишҷӯӣ, дар вобастагӣ ба таносуби мавзуъ ва мантиқ менавиштам. Ин замон эҳсос менамудам, ки ӯ боз ҳам бо ҷиддият ва масъулияти бештар сухан мегӯяд. Ҳар ҷумлааш китобӣ ва мисли қоидаи имло садо медод.

Чунин муносибат на шаклӣ ва на барои гирифтани баҳо буд. Аз лиҳози ботинӣ ҳам, ман як умр одамонеро, ки ба касби худ эҳтиром мегузоштанд, донишҳои хуби тахассусмандӣ доштанд, дар иҷрои масъулияти ба зиммаашон гузошташуда содиқият нишон медоданд, хосса ҳурмат мекардам. Мехостам, заррае ҳам бошад, аз онҳо омӯзам. Имкон даст диҳад, ба онҳо монанд бошам.

Солҳо гузаштанд. Дар умри худ бо одамони касбу кори гуногун, аз ҷумла, номзадҳо, докторҳои илм ва академикҳо ҳам вохӯрдам. Аммо то ҳол тааҷҷуби ман аз он кам нашудааст, чӣ гуна ин муаллимони ҷавон ва беунвони Донишгоҳи музофотии Кӯлоб, дар суҳбат бо донишҷӯёни одӣ, бо нутқи саршор аз категория, дефинитсия, қонунмандиҳо, истилоҳот ва иқтибосоти илмӣ сухан мегуфтанд. Ҳангоми фаҳмонидани ин мафҳумҳо аз завқ чашмонашон мисли барқ медурахшид. Мехостанд, бо тамоми ҳастӣ донишу малакаи худро дар мағзи донишҷӯёне, ки фардо ҳамагӣ муаллими мактаби ибтидоӣ ё миёна мешаванд, ҷой кунанд. Онҳоро фаҳмонанд. Аз онҳо мутахассис тарбия намоянд.

Дар муддати ду моҳи дигар ман кори курсиамро бо роҳбарии муаллим Ёралӣ Содиқов навиштам. Ҳимоя кардам.

Муҳимтарин сабақе, ки ман дар ҷараёни навиштани он аз худ кардам, методологияи ибтидоии эҷоди кори илмӣ буд.

Баъдтар, аз фанни адабиёт кори курсии охиронро дар мавзуи «Калимаҳои арабӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» навиштам. Роҳбари илмӣ муаллими ҷавон Саидқул Сабзаевро интихоб кардам.

Хулосаи илмии кори курсии ман ҳақиқати ҳамашумул буд: Фирдавсӣ тавассути иншо кардани шоҳасари безаволи худ на танҳо миллати падардор, соҳибтамаддун, фарҳангӣ, таърихӣ ва асрҳо соҳибдавлат будани тоҷиконро исбот кардааст. Гузашта аз ин, ба аҷнабиёни ғосиб собит намудааст, ки дар натиҷаи таҷрибаи чандҳазорсолаи таърихӣ, ҷараён ва такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ баробари ноил гаштан ба сарватҳои бузурги моддӣ ва маънавӣ, ифодаҳои мантиқии ҳамсони тамаддунӣ тавлид кардааст. Ин дастовард забони бузурги муқтадири  ӯст.

Ҳамин тариқ, дар «Шоҳнома»-и нуҳҷилдаи Фирдавсӣ калимаҳое, ки шаклан, бо аломатҳои морфологӣ ҳам шабоҳат ба забони арабӣ доранд, аз лиҳози этимологӣ суханҳои аслии забони тоҷикӣ мебошанд. Онҳо дар тӯли сайри таърихӣ ба забони арабӣ ворид гашта, баъдан бозгашт ба решаи худ пайвастаанд.

Мусаллам аст, ки Фирдавсии тимсоли қаҳрамонони асари безаволи худ, исбот кардааст, забони тоҷикӣ маҳсули таърихии маънавиёти халқест, ки тавассути ин муҳимтарин абзори муоширати бани одам тамоми рӯйдодҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро қудрати ифода кардан дорад.

Ҳамин тариқ, муаллимони мактаби олӣ нуқтагузори тафаккури илмӣ дар масири пурпечутоб ва беохири дарки воқеияти зиндагӣ барои насли ҷавон – ояндаи миллат ва давлатдории миллӣ мебошанд. 

С. Ятимов

Бознашр аз рӯзномаи  «Ҷумҳурият», №:116, аз 20.06.2024




Ба рӯйхат