,
Якшанбе, 22-декабр
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Эмомалӣ Раҳмон
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти мардуми тоҷик ба марҳилаи нав қадам гузошт. Орзуи халқи тоҷик пас аз пош хурдани ИҶШС ташкил намудани давлати мустақил ва соҳибистиқлол буд. Вале ин ҳама хурсандиву фараҳ дер давом накард ва боз ҳам бо мусоидати душманон миллати тоҷик дар давлати навбунёди худ ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ боиси сар задани ҷангӣ бародаркӯш ва марги ҳазорҳо тан мардуми ватандӯст, инчунин ҳисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ гашта, мамлакатро ба қонуншиканию бесарусомониҳо оварда расонид.
Оғози марҳилаи навини давлатдорӣ барои мардуми тоҷик ниҳоят душвор ва гарон афтод. Мутаассифона, сарзамини кӯҳанбунёди мо ҳанӯз самараи истиқлолияти давлатиро ба даст наоварда, ба хатари марговаре рӯ ба рӯ омад, ки хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудан ба ӯ таҳдид мекард.
16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Шурои Олӣ интихоб гардид. Мардуми тоҷик тақдири ояндаи худ ва давлатро ба фарзанди фарзонаи миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар намуд.
Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дӯстӣ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳои мусаллаҳонаи дохилии Тоҷикистонро пеш гирифт.
Дар ин роҳи басо душвор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоату ҷасорати нотакрор, меҳри ватанпарастиву миллатдӯстӣ ҷони хешро ба гарав монда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд.
Хушбахтона, бо ташаббус ва ҷасорату ҷонфидоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” ба имзо расид.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардумамон шароити мусоид фароҳам овард.
Таърих собит намуд, ки ваҳдати миллӣ омили асосии оромиву субот ва ҷузъи муҳимтарини ҳувият, андеша ва ғояи миллии тоҷикон ба шумор меравад.
Аз лаҳзаи ба имзо расидани ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, Ватани азизи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, 27-сол сипарӣ гардид. Ҳамчун шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони маҳбуб, 27 сол дар нигоҳамон чун 27 соли эҳёи миллат, баҳамоӣ, худсозиву худшиносӣ, таъмини сулҳу субот ва эъмори давлати навини тоҷикон ба назар мерасад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».
Сулҳу оштӣ, якдигарфаҳмӣ толиби осоиштагӣ будани мардумро ифода мекунад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмиро дар худ таҷҷасум мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди ҷомеа ба шумор меравад. Танҳо ҷомеъае ба пеш меравад, ки дар он ваҳдату якдигарфаҳмӣ аст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.
Воқеан ҳам сулҳу ваҳдат ибораи бисёр ҳам фараҳбахш буда, бо шунидани он шахс як рӯҳу илҳоми дигар мегирад. Аз ин ибора мо дар ҳаёти ҳаррӯза хеле зиёд истифода мекунем, вале намедонем, ки барои ба даст овардани он заҳмат ва иродаи мустаҳкам доштан даркор аст. Ваҳдат ин беҳтарин неъмати бебаҳо дар ҳама давру замон буд ва ҳаст. Қайд кардан ба маврид аст, ки танҳо дар сурати ваҳдат мо метавонем тамоми душвориҳо ва мушкилотҳоро паси сар карда, рӯзгори мардуми сарзамини хешро беҳтар намоем.
Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ба ҳам омадани мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва кушиш ба харҷ диҳем, ки онро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дорем.
Алишери Абдулмаҷид – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ