,
Якшанбе, 22-декабр
Ман кори худро аз сулҳу салоҳ ва пойдории он оғоз мекунам. То рӯзе, ки охирин гурезаи тоҷик дар мулки ғарибӣ аст, ман дар Ватан осуда наметавонам зист.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мешавад. Сулҳ неъмати бебаҳои тақдирсоз, дастоварди бемисли миллати бонангу номуси тоҷик, ҳидоятгари масири ояндаи халқ аст ва ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ- ин пирӯзии фитрати неку, ақли солим ва адолати таърихӣ мебошад. Зеро Ваҳдати миллӣ яке аз сутунҳои устувори якпорчагии давлати навини тоҷикон ва муҳимтарини амали пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз 27 июни соли 1997 дар солномаи халқи тоҷик ва миллати тоҷик ҳамчун санаи тақдирсоз пурарзишу сабақомӯз бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст.
Он воқеиятеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба сулҳу ваҳдату оромӣ овардани кишвар пешбинӣ карда буд, амалӣ гардид. Ширкати муташаккилонаи мардум далели равшани болоравии сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳост, ки шаҳрвандони кишвар нисбати тақдири минбаъдаи худ бетафовут нестанд.
Воқеан ҳам бо имзои санади муҳими таърихӣ- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми азиятдидаи мо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, кишварамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобасомониву нобудӣ наҷот бахшид.
Бо шарофати сулҳу субот, ваҳдату иродаи матини кулли мардуми тоҷик, инчунин кумакҳои беғаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнарав мо тавонистем, ки на танҳо давлатамонро аз парокандагӣ наҷот бахшем, балки дар таъмини рушди побарҷои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.
Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар яки мо - саҳм гузоштан дар роҳи сулҳ ва устувории ваҳдати миллӣ мебошад. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мо метавонем сатҳи зиндагиамонро баланд бардошта, рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро таъмин намоем. Ногуфта намонад, ки мо сидқан аз он шукргузорем, ки дар кишвари офтобиамон тинҷию амонӣ ҳукмрон асту ид паси ид тантана дорад. Таҳти ғамхории сарвари хирадманди давлат мардуми диёр дилпурона ба сӯи фардои дурахшон раҳсипор аст. Ҳамагон баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии диёри биҳиштосоямон пайваста талош дорем. Аз пешрафту натиҷаҳои назаррас чашму дили кас об хӯрда, эътимодамон ба ояндаи неки Ватан мустаҳкамтар гашта, меҳру муҳаббатамон ба зиндагӣ афзун мегардад.
Сарзамини Тоҷикистон сарзамини Ваҳдат аст,
Зиндагии босаодат-ин талошу мақсад аст.
Шукри Ваҳдат, шукри давлат, шукри истиқлоли мо,
Миллати ман худ ҳамеша дар талоши ваҳдат аст.
Раҷабова Дилбар- коргузори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ