,
Якшанбе, 10-ноябр
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст.
Баъди пароканда гардидани ҳокимияти Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.
Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардонид. Дар он рӯзҳои наҳс дар радифи дигар ранҷу балоҳо мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, ба кишварҳои дигар гуреза шаванд.
Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд.
Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор карда буд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кумаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».
Тақозои замон он аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.
Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ҳангоми мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат таъкид карда буданд, ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини Ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид. Дар ин замина, дастовардҳо ва ҳидоятҳои роҳбарияти ҳукумати ҷумҳуриро танҳо дар мисоли ҳифзу густариши арзишҳои дини мубини Ислом миёни ҷомеаи кишвар ва дастгирии ятимону бепарасторон ва мардуми барҷомонда, ки дини ислом низ беш аз пеш ин амалро талқин менамояд, зиёду бешуморанд.
Дар ана ҳамин ҷаҳони пуртазод ва олами бархурдҳо чун садҳо давлати дигар кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистони азиз низ қарор дорад. Тоҷикистоне, ки як маротиба дар ибтидои соҳибистиқлолии хеш пешпо хӯрд, гирифтори муборизаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гашт. Бо вуҷуди бохтҳову мусибатҳои овардааш ин ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми мо як сабақи таърихиву бебаҳо дод: Дар ғами Тоҷикистон ба ҷуз тоҷик, ба ҷуз мардуми худаш, ба ҷуз фарзонафарзандонаш касе набуд, нест ва наҳоҳад буд. Яъне ин сарзамин, ин кишварро касе мисли худи мо дӯст намедорад, касе мисли роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар фикри он нест. Ободиву осоиши ин сарзамин ба худи мо иртибот дорад. Агар мо соҳибмаърифат, худогоҳу худшинос бошем, касе наметавонад, осоишу суботи кишвари моро халалдор созад, теша ба решаи мо занад. Яке аз омилҳои ваҳдатсоз ин донистани таърихи миллат аст. Ва ин нуктаро борҳо Сарвари мамлакат зимни вохӯриву мулоқотҳояшон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа таъкид мекунанд.
Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанд, ба мо чиро мерос гузоштаанд ва мо - меросбарони онҳо кистему ба ояндагон чиро мегузорем. Дарки ин ҳама ба худшиносиву худогоҳии мо вобаста аст. Ва дар ин самт бояд иқрор кард, ки ҳеҷ замоне мисли имрӯз шароити мусоид пешниҳод насохта буд. Ин шароити мусоидро барои мо истиқлолият фароҳам овард. Акнун дар баробари кишварҳои абарқудрат бо ақлу идроку андешаи созандаи худ қадам дар ҷодаҳои мухталиф мегузорем. Санҷишу монеаҳои бузург ҳар лаҳза барои кишвари мо дар ин асри бархурди тамаддунҳо вуҷуд дорад.
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа-Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарин расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.
Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва рафоқату дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист ва дар ҷомеа ваҳдату субот пойдор аст.
Ҳар яки моро лозим аст, ки шукронаи суботи сартосарии кишварро ба ҷо оварда, атрофи сиёсати Роҳбарияти олии кишвар муттаҳид шавем, сулҳу ваҳдатро ҷавҳари зиндагии босаодати худ дониста, бо азм ва талошҳои пайваста ба корҳои созандагиву бунёдгароёна камари ҳиммат баста, барои имрӯз ва фардоиён Ватани ободу зебоеро ба мерос гузорем.
Ҳақназаров Толибҷон Меҳриддинович-номзади илмҳои педагогӣ, корманди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ