, Якшанбе, 22-декабр

ПЕШВОИ ВАҲДАТГАРО

 24.06.2024 322

ПЕШВОИ ВАҲДАТГАРО

 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Эмомалӣ Раҳмон

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, собиқ давлатҳои аъзои он истиқлолияти давлатии худро ба даст дароварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин росто 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Дар бархе аз ин давлатҳо истиқлолият бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад. Мутасифона, Тоҷикистон дар оғози дарёфти истиқлолияти давлатӣ ва ворид гардидан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид. Дар кишвари азизамон дар ин рӯзҳои ҳасос гурӯҳҳои алоҳидаи моҷароҷӯй таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба муборизаҳои  мусаллаҳона кашиданд. Дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ боло гирифт, ки осори харобиовари он то ба имрӯз боқӣ мондааст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ ба буҳрони шадиди сиёсӣ гирифтор шуд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 то моҳи июни соли 1997 давом ёфта, ба ҳайёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар таъсири ногувори худро расонид. Бар асари осори харобиовари ин ҷанг ҳазорон нафар сокинони  мамлакат, ки дар қатори онҳо намояндагони миллатҳои гуногун кам набуданд, ба зери ин даргириҳо монда қурбон шуданашон аз эҳтимол дур набуд, ба хориҷи  кишвар кӯч бастанд.

Ҳамин тариқ, воқеаҳои фоиҷавии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ, ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардиданд, ки ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо  номҳои "ҷанги бародаркуш", "ҷанги минтақавӣ", «ҷанги шаҳрвандӣ» ва ғайра баён меёфтанд. Дар он шароит андешаи ба ҳам омадан ва роҳи сулҳу осоишро пеш гирифтанро касе ҳам дар гӯшаи хаёлаш оварда наметавонист. Қудрати сиёсии давлат ва дигар институтҳои сиёсии давлат ва ҷомеа фалаҷ гардида буд. Дар хайёл ва назари аҳли ҷомеа рӯҳи ноумедӣ боло гирифта буд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ба сурати давлати ҷангзада шинохта мешуд. Дар ин ҷанги шаҳрвандӣ тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони  сиёсиву иқтисодӣ  фаро гирифт. Махсус оташи ин ҷанг дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар минтақаи Кӯлоб осори харобиовари  худро гузошта буд, ки бар асари он дар муддати 7 моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ афтодан аҳолии он ба чӣ даҳшатҳо ва фалокатҳое аз қабили гуруснагӣ, бемориҳои шадид ва ниҳоят бо марги қисме аз аҳолӣ оварда расонида буд.

Хушбахтона, дар ҳамон ҳавои нооромии мамлакат, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри  Хуҷанд гузашт, ки дар ин Иҷлосияи тақдирсоз   Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳо, аз қабили  қатъ гардонидани ҷанги хонумонсӯз, роҳи ба ҳам омадан, муттаҳид  кардани сокинони кишвар, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бахшиданд. Эмомалӣ Раҳмон аз он рӯзе, ки ба ҳайси Раиси Шурои Олии Точикистон интихоб гардиданд, савганд ёд карда,  иброз доштанд, ки ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи заҳматкашро аз фоҷиаи ҷангу хунрези наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати  кишварамонро таъмин менамоям.

Сарвари давлат ба қавли худ устувор буданашонро дар амал  исбот намуданд. Барои вохӯрӣ бо сарони мухолифин ба Эрон, Афғонистон, Русия сафар карданд. Ин роҳбари оқилу доно барои баргардонидани гурезаҳо комиссияи ҳукуматӣ ташкил намуда, новобаста ба вазъи ноороми Афғонистон ба ин кишвари ҷангзада сафар намуда ва бо ҳамватанони иҷборӣ ҳамсуҳбат гардида, онҳоро ба Ватан баргардонид.

 Бо нияти хотима додани ҷанги дохилӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳамдигарфаҳмӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон, музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ дар давраи солҳои 1994-1997 рӯи кор омад ва ниҳоят баъди кӯшишҳои зиёди Сарвари кишварамон 27 июни соли 1997, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  дар шаҳри Москва ба имзо расид.

Музокироти байни тоҷикон, 5 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав шурӯъ гардид ва ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ, даҳҳо мулоқоти ғайрирасмиро дар бар мегирифт. Ин музокирот наздик чор сол давом карданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 дар ҳамон шаҳри Мокав анҷом ёфт. Музокироти Тоҷикистон самараи дурахшон ба бор оварданд.

Дар ин рӯзи таърихии тақдирсоз барои мардуми Тоҷикистон дар ш. Маскав санадҳои зерин ба имзо расидаанд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти ҶТ Э. Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ. Изҳороти Маскав – аз ҷониби Президенти ҶТ Э. Раҳмон, Роҳбари ИНОТ С.А. Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттахид Г.Д. Мерем ба имзо расидааст.

Дар таъмини ваҳдати миллӣ албатта нақши Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон  аст. Замоне ки Пешвои миллат ба сари қудрат омад,  Тоҷикистон ба ҷангу ҷидоли дохилӣ,  гуруснагиву нодорӣ гирифтор буд ва мамлакати азизи моро хавфи нобудӣ таҳдид мекард. Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал дар пайи сафару гуфтушунид бо роҳбарони давлатҳои дахлдор ва бо   гурӯҳҳо, нерӯҳои мухталиф дар қазияи ҷанги кишвари мо шуд ва роҳро барои  сулҳ боз кард. Ба Ҷаноби олӣ муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақо¬моти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қону¬ниро дар шакли нисбатан беҳтар ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатро ба низом оварад. Дар натиҷа, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор шудааст ва қодир аст, амният, пешрафт ва беҳбуди ҷомеаро таъмин кунад. Имрӯз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо, истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонид ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.

Имрӯзҳо бо шарофати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар арсаи байналхалқӣ мақоми вижаеро ба худ касб намуд ва бо зиёда аз 126 мамолики ҷаҳон равобити дуҷониба ва бисёрҷониба дошта, аъзои  зиёда аз 50 созмонҳои байналхалқиву минтақави гардидааст. Аз ҷумла  ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Конфронси СММ, САҲА, СКИ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ғайра мебошад.

Ҳамин тариқ, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад, ки бо роҳбарии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва  сифати омили муҳими рушди ҷомеа барои ҳама комёбиҳои мо заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқадас-Ваҳдати миллиро нигоҳ дошта, ҷавонони ватандӯстро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиром намоянд.

Зиндаву ҷовид бод, соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллии мардуми сарбаланди тоҷик!

Исломова Фарида донишҷӯи курси сеюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ




Ба рӯйхат