,
Шанбе, 12-октябр
Таърихи гузаштаи башариат гувоҳ аст, ки сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ягонагии халқу миллатҳо омили асосии рушди устувори ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар таъмини суботу амният нақши созгор мебозанд. Ҳадафи асосии ҳар як давлат низ таъмини фазои сулҳу оромӣ барои осоиши мардум ва зиндагии пурбаракати ўст.
Тавре маълум аст, 9 сентябри соли 1991 кишвари азизи мо- Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Мутаассифона, сарзамини куҳанбунёди мо “...ҳанўз самараи истиқлолияти давлатиро фурсати чашидан наёфта, ба хатари марговаре рў ба рў омад, ки хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудан ба ў таҳдид мекард”. Ин хатари марговар ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки оқибатҳои тасаввурнопазир ва даҳшатовар дошт.
Якбора бо аланга задани оташи ҷанги дохилӣ дастгоҳи давлатӣ амалан фаъолияти худро аз даст дод. Яъне, “...фалаҷ шудани ҳокимият ва набудани маркази ягонаи идоракунӣ дар мамлакат, авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, афзоиши ҷинояткорӣ, буҳрони амиқи сохторӣ, мавҷуд набудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ метавонистанд ба футур ёфтани давлат, қисм-қисм гардидани мамлакат ва парешонии миллат оварда расонад”.
Ин парешонҳолию дармондагӣ ва бесарусомониҳои дар кишвар ба вуқуъ пайваста дар рўҳияи одамон ноумедиву дилсардиро ба фардои дурахшон меафзуд. Ҳамагон орзўи онро доштанд, ки ин оташи хонумонсўз ҳар чи зудтар хомўш гардида, сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмрон гардад. Ҳамин орзўву ормони мардумро аҳли қалам дар ашъори ҳузнагез баён менамуданд. Ин ҷо аз ғазали Шоири халқии Тоҷикистон Ашўр Сафар, ки дар сатрҳои он ҳодисаву воқеоти шуми ҷанги шаҳрвандӣ чун оина бозтоб гардида буд, ёдоварӣ намудан аз ормони мардуми азияткашидаи кишвари ҷангзада мебошад:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рўзи фурўзону шаби тор
Помоли фано зулмати шаб мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад?
Дар куштани фарзанд падар низ кашад теғ,
Дар байн суоле зи насаб мешуда бошад?
Дар ларза бадан аз сари таб шуда бисёр,
Нобуд чунин ларзаву таб мешуда бошад?
Аз дидаи дар гиря бувад хоб фирорӣ,
Меҳмон ба дари дида ғанаб мешуда бошад?
Кӣ кард ҷафо бешу кӣ овард бало пеш,
Бо ченаки таърих ваҷаб мешуда бошад?
Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?
Илҳоми гурезанда садо дод зи дурӣ:
Рози ту ба ин бахт сабаб мешуда бошад?
Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат соҳиби мартабаву шуҳрати беканор гардида, самараи умру хидматҳои беназир ва мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдшиносӣ мебошад. Воқеан ҳам корномаву қаҳрамониҳои ин фарзонафарзандони миллат дар мароҳили таърихӣ сарчашмаи илҳоми ватандӯстон ва умедбахшандаи зисту зиндагонии мардумон гардидааст.
Дар марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ин нукта, замоне ки мамлакат дар ҳалқаи сиёҳ печида, ҷомеаи шаҳрвандиро ноумедиву рўҳафтодагӣ фаро гирифта буд, таърих ба саҳнаи сиёсат марди наҷибу созанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард, маълуму мафҳум ва ҳақиқати возеҳу бебаҳс аст. Зеро “Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домони Худованд мезад, дар лаҳзае, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кўдаконро пахш карда буд, дар он рўзгоре, ки адлу инсоф, дўстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобарорӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулўгир намуда буд, ӯ масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва боварро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо кард”.
Бемуҳобот, дар он рӯзгорони ноумедиҳо, шикасти рӯҳияи миллӣ, бунёду барқарорсозии давлати мустақил ва эъмори ҷомеаи солим кори басе мушкил ва мураккаб буд. Анҷоми ин рисолати таърихиро абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дўши худ гирифта, тамоми ҳастиашро барои амалӣ намудани он равона намуд. Хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эмин доштани миллат аз парокандагию бадбахтӣ аз ҳадафҳои аввалини сарвари давлат ба ҳисоб мерафтанд.
Ин шахсияти бузург дар яке аз суханрониҳояшон, моҳи декабри соли 1992, дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” гуфта буданд: “Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам...”.
Тавре аз сарчашмаҳо маълум аст, Пешвои миллат аз рӯзи баён намудани ин савганди худ то лаҳзаи расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар маҷмӯъ 21 гуфтушуниди байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳайати мухолифинро доир намуда, 7 маротиба дар муколамаҳои мазкур шахсан ширкат варзидаанд.
Ин солҳо (1992-1997) дар таърихи навини тоҷикон солҳои пур аз эҳсосот ва ҷўшу хурӯш буданд. Дар ин солҳо барои тақдири ояндаи миллату давлати тоҷикон қарорҳои ниҳоят муҳим қабул гардиданд, ки истиқрори сулҳи тоҷикон аз онҳо вобастагии зиёд дошт.
Андешаи ғолиб ин аст, ки маҳз сифатҳои барҷастаи шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун матиниву иродатмандӣ ва мардонагиву боҷуръатӣ, кишварамонро ба рӯзгори осоишта расонд. Зеро зарурати ҳалли масъалаи сулҳро ҳама медонистанд, вале танҳо як нафар ба он сидқан бовар дошту ба дили ҳамватанони азизи хеш донаи умед мекошт. Ва ин шахси покниҳоду дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Бо талошҳои ин шахсияти барҷастаи таърих музокироти тӯлонӣ самар дод ва 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Таърихи навини кишварамон гувоҳи он аст, ки “...баъди ҳамин қарори қатъӣ кишвари мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, хатари аз байн рафтани миллат бартараф шуд. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти осоишта ва хушу хуррамонаи шаҳрвандон таъмин ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамакунун бо мақсади рушди устувор ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид”.
Аз ин адолати таърихӣ, яъне, аз ба ҳам омадани тарафҳои даргир устод Лоиқ Шералӣ ба ваҷд омада, сулҳу оштии миллиро ба ҳамдиёрон табрик гуфта буданд:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсўзи мо бигузашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Пири Канъоно, чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад.
Сулҳу салоҳ, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, омили наҷотбахши миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, таҷрибаи нодири сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун «формулаи сулҳу салоҳи тоҷикон» аз тарафи таърихшиносон, сиёсатмадорон ва олимону пажўҳишгарони ҷаҳон омӯхта мешавад. Зеро ин таҷрибаи миллӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик ва яке аз унсурҳои таркибии андешаи миллии ин миллати тамаддунсоз ба шумор рафта, барои дигарон-кишварҳои ба фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор, дарси ибрат аст.
Бо шарофати ин “формулаи суҳу салоҳ” миллат аз таҳдиди нобудшавӣ эмин монд. Яке аз намояндагони шинохтаи ҳаёти фарҳангӣ ва сиёсии Ҷумҳуроии исломии Эрон Алиасғари Шеърдўст навиштааст: “Дар Тоҷикистон дарёҳои хунин ҷорӣ мешуданд, аммо имрўз бо шарофати Президент Эмомалӣ Раҳмон обҳои мусаффо ҷорианд”.
Пешвои миллат бо корҳои созандаи худ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, таҳиягари рукнҳои осоиши ҷомеа, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонҳои таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, меъмори зиндагии босаодат ба дили тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳон роҳ ёфта, дар таърихи халқи тоҷик исми мубораки ӯ бо сарнавишти давлати соҳибистиқлол ва миллати тоҷик то ҷовидон пайванди ногусастанӣ дорад.
Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комил барои миллати тоҷик осон ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, чун гавҳараки чашм ҳифз намудани сулҳу амнияти Ватан, гиромӣ доштани заҳматҳои асосгузори он, идома додани роҳи интихобкардаи ӯ -ин қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, гувоҳи эҳтиром ба муборизаи халқи тоҷик барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Хуни дил хӯрдем, то ваҳдат ба даст овардаем,
Аз шикастан дасти ваҳдатро нигаҳ дорад Худо!
Муҳаммадҷони Абдувоҳид - сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ