,
Шанбе, 12-октябр
Мусаллам аст, ки ҷавонон маълумоти назариявиро дар робита ба масоилҳо аз мактаб ва донишгоҳ аз бар мекунанд ва тавассути васоити электронӣ ва сайтҳои интернетӣ онро такмил мебахшанд. Яъне онҳо аз ҷараёни ҳаёт бохабар ҳастанд ва ниҳоят як давраи ҳассосро дар дарку маърифати муҳит аз сар мегузаронанд.
Олимон муқаррар кардаанд, ки маҳз ҷавонони аз синни 16 то 25 сола як давраи лағжандаро аз сар мегузаронанд, ки рушди минбаъдаи онҳо аз таъсири муҳити атроф сахт вобастагӣ дорад. Ҳини муроҷиат бо онҳо, барқарор кардани муносибат ва дар ин замина рӯи кор овардани муколамаву мубоҳисаҳо бояд баъзе хусусиятҳои калидии мансуб ба хусусияти ҷавониро ба инобат гирифт. Аз ҷумла синну сол, ба гурӯҳи махсуси иҷтимоии ҷомеа мутааллиқ будани онҳо, ҳамзамон ҳамчун нерӯи мустақили пешраванда эътироф шуданашон, муҳимтар аз ҳама мансубияти онҳо ба гурӯҳи аз ҷиҳати ғоявӣ шакл нагирифтаи ҷомеа бояд дар мадди назар қарор бигирад. Дар баробари ин эътироф бояд кард, ки ҷавонон як қисми ҷомеае мебошанд, ки барои татбиқи мақсадҳои иҷтимоии худ кӯшиши беандоза менамояд.
Дар заминаи ин хусусиятҳо ҷавононро метавон аз назари сиёсӣ ва ҷаҳонбиниву фаъолияташон ба қисмҳои зерин ҷудо намуд:
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ ҶАВОНОН БА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ЭКСТРИМИСТӢ ДОДА МЕШАВАНД?
Ҳақиқат ин ҷост, ки дар замони муосир тероризм дар ниқоби дин бештар ҷилва мекунад ва худро ҳомӣ, пайрав ё муътақиди ин ё он дин меҳисобад.
Аслан терористон афродеанд, ки ақидаи шахсии худро надоранд ва ба шахсе ё гурӯҳе ба хотири моддиёт ё таъсири равонӣ тобеъ шудаанд ва гоҳо худ намефаҳманд, ки ба чи амале даст мезананд. Ҳатто, дар ағлаби маврид ҳини адои акти терористӣ худро қаҳрамони замон эҳсос мекунанд.
Суоле пайдо мешавад, ки кадом омилҳое мавҷуд аст, ки баъзе аз ҷавонон фирефтаи доми аҳриманон мегарданд? Ба андешаи ин ҷониб, омилҳои мусоидаткунанда дар ин самт: нофаҳмӣ дар оила, новобаста аз шароити зиндагӣ; ихтилофи ақида дар зиндагии рӯзмарраи ҷавонон; баъзе аз хислат ва хусусиятҳои манфии ҷавонон аз қабили монанди дигарон набудан, аз дигарон фарқ кардан, барвақт соҳиби ном ва обрӯй гардидан, ҷалб кардани таваҷҷуҳи дигарон ба худ ва монанди инҳо; таъсири усулии ҳаёти мардуми хориҷи кишвар, ки тавассути сайтҳои интернетӣ ошно мегарданд; қарор гирифтан зери таъсир ва фишори афкори диниву мазҳабӣ; надоштани мақсади муайян дар зиндагӣ ва зери таъсири гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарор гирифтан.
Маҳз маҷмӯи омилҳои фавқ боис мешавад, ки ҷавононро ташкилотҳои террористӣ ба доми худ кашанд. Гузашта аз ин, чунин ба назар мерасад, ки ҳар се қисми ҷавонон, ки дар боло таснифашон рафт, аз ин бало дар канор нестанд. Яъне, имрӯз усулҳои ҷалбкунии ҷавонон бо роҳҳои мухталиф рӯи кор меояд ва дигар намудани афкори дурусти онҳо низ кори осон шудааст.
Дар замони муосир яке аз роҳҳои таъсирбахшии ин нерӯҳои аҳриманӣ интернет, сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Воқеан сайтҳои иҷтимоӣ осонтарин роҳи ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстримстӣ мебошад. Роҳҳои гуногуни ҷалбкуниро истифода мебаранд ва гумон меравад, ки гурӯҳи калони намояндагони ин ташкилотҳо қувваи асосии худро дар самти тарғиб тавассути сайтҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд. Интернет имрӯз дастгоҳи асосии фаъолияти террористон дар тамоми олам мебошад ва Тоҷикистон низ ҳамчун ҳадаф аз он берун нест.
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ
Имрӯз бояд қонунҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯи кор оянд, ки меъёрҳои ягонаи мубориза бо терроризмро дар тамоми олам муайян намоянд. Танҳо муборизаи дастаҷамъона метавонад дар ин самт ҳадафманд бошад. Ҷои таассуф аст, ки на ҳамаи кишварҳои олам нисбати ин масъала таваҷҷуҳ доранд ва беаҳамиятии онҳо боиси сар задани фалокатҳои нав ба нав дар олам мегардад.
Бо вуҷуди ин дар қаламрави кишвар корҳоеро бояд ба анҷом расонид, ки он тавонад то ҳадде роҳи шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистӣ гирифта тавонад.
Инҳо аз ҷумла бештар ташкил намудани захираҳои интернетӣ бо мақсади аксуламал нишон додан ба ҳуҷумҳои иттилоотии ифротгароён, аз ҷумла таъсиси портал, сайтҳо блог, форумҳо ва ғайра.
Дар ин замина таъсис додани фазои ягонаи иттилотӣ бар зидди терроризм, ки дар он аз назари илмӣ шарҳу тавзеҳи ҳақиқати терроризм, ки ба ҷомеа зарароавар аст, инъикос ёбад.
Ҷалби ҷомеа дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ва таҳлилу баррасии пайваста дар байни ҷомеа оид ба ташкилотҳои ифротӣ. Фаъол намудани иштироки шаҳрвандон дар аксияҳои зиддитерористӣ. Аз ҷумла баргузор намудани интернет-конфренсия бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба экстремизм ва тероризм.
Дар мактабу донишгоҳҳо пайваста тавассути филмҳои ҳуҷҷатӣ, маърӯзаҳои ташкил намудани дарс ва вохӯриҳо, ки дар натиҷа метавонад як фазои тафаккури зиддитеррористӣ дар байни ҷавонон пайдо шавад.
Мураттаб сохтани барномаи махсуси машғулияти ҷавонон дар вақти холигии онҳо. Ин масъалаи ниҳоят муҳим буда, чорабиниҳо бояд берун аз қолабҳои анъанавӣ бо ғояҳои нави замонавӣ сурат гирад.
Таъсиси марказҳо илмӣ-таҳқиқӣ оид ба омӯзиши равандҳои ҷомеа, аз ҷумла масоили зиддитерроризм дар муассисаҳои олии таълимии кишвар.
Дар шароити имрӯза амалӣ шудани ин пешниҳод то андозае дар беҳдошти вазъият нақш хоҳад бозид. Ҳамин тариқ, терроризм як машинаи марговарест, ки ба тамоми ҷаҳон хавфовар аст ва мутаассифона ҳадафи асосии он ҷавонон мебошанд.
Аз ин рӯ бетарафӣ нисбати ин масъала беэътиборӣ ба фардои ҷомеа мебошад.
Хидиров Ф.Х., ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети молиявию иқтисодии Долнишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ