, Якшанбе, 22-декабр

ПОЯНДА БОД СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 21.06.2024 523

ПОЯНДА БОД СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

(Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ)

Ҳар қадар аз он рӯзҳои сангини  ибтидои солҳои 90-уми асри XX вақти зиёд сипарӣ мешавад, арзиши оромиву осудагӣ ва сулҳ барои мардуми тоҷик ба маротиб зиёд мегардад. Орзумандам, ки он рӯзҳои мудҳиши ҷанги таҳмилли шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ ба сари миллати баргузидаи тоҷик барнагардад. Насли калонсол ва солхӯрда он замонҳои мудҳишу нооромиро хуб дар хотир доранд, аммо мо  пайваста бояд бар он кӯшиш намоем, ки насли ҷавон аз он огоҳ  бошанд ва ҳушёриву зиракии  сиёиро аз даст надиҳанд, билхоса дар шароити кунунӣ, ки авзои ҷаҳон басо мушкилу пуроошӯбу пурмоҷаро гардидааст.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистони азизи  мо, баъди пошхӯрии давлати  бузурги  Иттиҳоди  Ҷамоҳири  Шравии Сотсиолистӣ ва ба даст овардани Истиқлоияти давлатӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гашт. Бадандешон намехостанд, ин миллати таъриху тамаддуни куҳандошта, баъди ҳазор сол соҳиби давлату ҳукумати худ шаванд, барои ҳамин бо ҳар роҳу  восита кӯшиш менамуданд, ки дар сарзамини мо  нооромиву носуботиро ба роҳ андозанд ва сулҳу суботро аз байн бубаранду  халқи  тоҷикро аз миллату сарзамини хеш маҳрум созанд. Ва дар саргаҳи роҳи исиқлолияти давлатӣ тавонистанд ба ин ниятҳои нопоки худ муяссар шаванд.

Бо дасисаи душманони тоҷикбадбини хориҷӣ бо баҳонаи дину демократияву озодии андеша тавонистанд, миллати моро зидди якдигар шӯронанд, мафкураи мардумро махлут созанд.

Боиси таассуф аст, ки дар ин нооромиҳо аз сабаби ҷаҳолату гумроҳӣ, баъзе афроди алоҳида аз мардуми мо низ ҳамчун зархариди хориҷа дар ин нооромиҳо даст доштанд. Дар як муддати  кутоҳ дар мамлакати мо чандин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тундрави сиёсӣ ва диннӣ ташкил гашта, ҳар кадоме бо баҳонаи ҳимоя аз дину манофеи  миллӣ авзои бе ин ҳам ноороми сиёсиро нооромтар сохтанд. Сохти давлатдорӣ қариб, ки фалаҷ шуда буд ва аз сабаби талабҳои пайвастаи мухолифин мамлакат аъзёони Шурои олии қарорҳои муҳимми давлатиро, ки барои  ором намудани вазъият равона шуда буд, қабул карда наметавонистанд, чунки бо баҳонаҳои гуногун аз тарафи якчанд нафаре, ки дар ин ниҳод доштанд, рад карда мешуданд. Мардуми аз сиёсат дури навоҳии гуногуни Тоҷикистон аз тарафи мухолифини давлат ба майдон кашида шуданд. Барои дифоъ аз сиёсати давлату ҳукумат ва намояндагони мардумӣ аз минтақаҳои дигари кишвар, махсусан шаҳру навоҳии Кӯлоб ба майдон баромаданд. Билохира, кор ба задухӯрди тарафайн анҷом ёфт. Мухолифини силоҳбадаст аз яроқу аслиҳаи ҷангӣ сару кор гирифт. Аввлин қурбониёни ин дасисаву муноқишаҳои душмани миллати тоҷик мардуми оддӣ ва зиёиён буданд. Пеш аз ҳама сармуҳаррири «Садои мардум» Муродалӣ Шералӣ аз тарафи мухолифини силоҳбадаст кушта гардид. Намоягони мардумӣ аз тарафи опазитсия гаравгон гирифта шуданд. Хуласи калом, ҷанги бародаркуш оғоз гардид.

Ба ёд овардани он замон хеле дардовар аст, вале зикр намудани воқеияташ, барои огоҳ намудани насли ҷавон, ки ҷангу хархаша, бадбахтӣ меорад ва ба фиребу найранги душманони миллати тоҷик гирифтор нашаванд, хеле муҳим аст.

Ҳазорон хонаҳо вайрону валангор, мардумон сарсону саргардон, модарону падарон бефарзанд, фарзандон беволидайн гаштанд. Бародар қотили бародар, писар душмани падар гашт. Мардуми осоишта аз тарси хавфи ҷони хеш дар ба дару хонабардӯш гашт. Тоҷик ба хотири хавфи ҷони хеш маҳрум аз хонаву дар гардид. Дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат, махсусан дар шаҳри Кӯлобу баъзе навоҳии он ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ҳазрон ҳазор мардуми осоишта бо аҳлу авлод фирорӣ шуданд. Авбошиву ғоратгарӣ ҷои маърифату маданиятро гирифт. Қурбонёни ин фоҷиаи миллӣ рӯз аз рӯз меафзуд. Ҳазорон ҳамватанони мо дар ғурбат умр ба сар мебурданд. Шумораи қурбониёни ғариб аз ватан, махсусан дар Афғонистонбуда рӯз ба рӯз зиёд мегардид. Муҳоҷирони тоҷик дар шароитҳои бениҳоят мушкил, гуруснагиву қатҳӣ зиндагӣ мекарданд.

Дар он рӯзҳо вазъият бениҳоят мушкилтару печидатар мегардид. Дар ин миён ақли созандае лозим буд, ки  мардуми тоҷикро ба  ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботу оромӣ  расонад. Хушбахтона, ба бахти  миллати тоҷик ақли солим ғалаба кард ва баъди  маслиҳату машварат дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии Давлатро аввал, ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан Президенти мамлакат ба  зима гирифт. Дар он вазъияти бениҳоят хатарноку вазнин ин масъулияти бузург ва ҷоннисориро талаб мекард. Аммо Президети маҳбуби  мо, ки дар хеле ҷавону дурандеш ва марди оқилу ҷасур буд, ба хотири наҷоти миллат натарсида, наҳаросида тамоми кӯшишу ғайрат ва  нерӯи худро барои ба эътидол овардани вазъият ва баъдан ободии кишвари азизамон сарф намуду ҷони худро ба хатар андохта барои наҷоти миллат  корнамоӣ кард. Махсусан, сафари он кас ба Афғонистон ва мулоқот бо   роҳбарони онвақтинаи ин кишвар прфессор Бурҳониди Рабонӣ-Президенти Афғонистон ва Вазири мудофиаи он Аҳмадшоҳи Масъуд барои созиш сулҳ миёни тоҷикон ва баргардонидани муҳоҷирини тоҷик дар шароити бисёр хатарноки кишвари зикршуда, бозгӯйи ҷасорату мардонагӣ ва родмардиву вафодорӣ ба қавлу амали ин марди баору номуси миллати тоҷик мебошад. Шахсан банда ҳар гоҳе, ки навори суҳбати пурдарди Раҳбари муаззами миллатамонро бо гурезаҳои дар хоки Афғонистон тамошо мекунам, оби чашмамро дошта наметавонам. Мазмунан чунин аст, ...Солҳо мегузаранд ва ҳар касе, ки аз ин  ҷо мегузарад, мегӯд, ки ин қабристони гурезаҳои тоҷик аст. Ин магар барои мову  шумо айб нест. Айб нест, ки ҳамватанони мо  дар ғурбат умр ба сар баранд, дар ғурбат тарки ин дунё кунанд. Ва муроҷиатҳои пайвастаи он кас барои баргардонидани ғарибони аз Ватан дурафтода ҳеҷ гоҳ аз  ёд намеравад. Доимо таъкид мекарданд, ки ҳамватанони азиз, шуморо хонаву даратон, пайвандону наздиконатон интизор аст. Ба ватани аҷдодии худ баргардед.

Ҳамин тариқ, барои  ба сулҳу осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат  расидан раҳбари муаззаму маҳбуби кишвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои зиёд кашиданд, то ки мардуми  тоҷику тоҷикистонӣ дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар  барад. Шуруъ аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ дақиқае ҳам ором нагирифта, ҷони худро ба хатар андохта, бо неруву хиради азалии хеш барои сулҳи тоҷикон тамоми қуввату қудрат ва шуҷоату ҷавонмардии хешро истифода намуданд ва билохира бо ташаббуси он кас бо  намояндагони мухолифини тоҷик 27-уми  июни  1997 дар  шаҳри Масскави Федератсияи Россия Созишномаи Сулҳу ваҳдати миллӣ ба имзо расид, ки ин рӯз барои миллати тоҷик тақдирсоз мебошад. Маҳз, бо тавассути сулҳу осоиштагӣ мо тавонистем ба ваҳдати миллӣ расем, ки боиси дар  оянда шукуфоиву пояндагии Истиқлолияти давлатӣ гардем ва мамлакати азизи мо таҳти роҳбарии Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ ба як мамлакати амну аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангии пешрафтаи дунё табдил диҳем.

27 сол боз мо дар фазои ормишу осоиштагӣ умр ба сар бурда истодаем ва ба қадри он бояд расид. Худованд ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои пурдаҳшатро ба сари мо наорад. Мо ин фоҷиаи хунинро пушти сар намудем ва намехоҳем, ки он  бори дигар такрор шавад. Мо ватани биҳиштосову зебое бо номи  Тоҷикистон дорем. Давлат дорем, ҳукумат  дорем, ки сарвари он фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, марди оқилу доно ва дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мардуми баору номуси тоҷик  таҳти  роҳбарии ин шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки касе осиштагии кишвари моро барҳам занад.

Мо мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарханг ҳастем ва барои ҳимояти арзишҳои миллӣ  ҳамеша омода ҳастем.

Мо сулҳу осиштагӣ ва истиқлоияти давлату кишвари  хешро ҳамчун гаҳараки чашм азиз медорем ва барои ҳифзи он тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии хешро истифода мебарем.

Пояда бод Тоҷикистони азиз! Пояда бод Истиқлолияти давлатӣ! Поянда бод Сулҳу Ваҳдати миллӣ!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ мубораку ҳумоюн бод, ҳамватанони азиз!

Шермуҳаммад Тоиров-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат