,
Шанбе, 12-октябр
Таъсири манфии омилҳои динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Чунин ҳолат сабабҳои мушаххаси худро дорад. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад. Дар ҷанги шаҳрвандӣ яке аз ҷонибҳои низоъро низ нерӯҳои сиёсии динӣ ташкил менамуданд. Инчунин баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то сентябри соли 2015 дар фазои сиёсии мамлакат ҳизби сиёсии динӣ амал менамуд, ки чунин ҳолат дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба назар намерасад. Муташанниҷ гардидани авзои сиёсии мамлакат низ дар зери таъсири омилҳои динӣ ба амал омада буд ва айни замон низ таъсири онро то дараҷаи муайян эҳсос намудан мумкин аст. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи хеле мушкил истиқлолияти худро ба даст овард ва соҳибистиқлолии мамлакат бо мавҷудияти мушкилиҳои зиёди дохилию берунӣ рост омад. Аз як тараф ҷанги тӯлонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва аз тарафи дигар ба амал омадани буҳрони сиёсӣ дар дохили кишвар вазъияти мамлакатро ногувор сохта буд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат омилҳои динӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамсафар буд ва имрӯз низ ба суботи сиёсии кишвар таъсиргузорӣ намуда истодааст.
Аз нуқтаи назари стратегӣ агар ба таъсири омилҳои динӣ баҳогузорӣ намоем, дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои асосиеро, ки дар зери таъсири дин қарор доранд, ба таври зерин нишон додан мумкин аст.
Якум, объектҳои иҷтимоию демографӣ (аҳолии мамлакат дар маҷмӯъ, қишрҳои гуногуни аҳолӣ аз лиҳози осебпазирии онҳо, шуури ҷамъиятӣ, тафаккури аҳолӣ ва ғайраҳо);
Дуюм, арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ (ҳуввияти миллӣ, анъанаҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва ғайраҳо);
Сеюм, сохтори конститутсионии давлат (дунявияти давлат, қонунҳои дунявӣ ва демократӣ, меъёрҳои давлати ҳуқуқбунёд ва ғайра).
Пеш аз баррасии ин гуна масъала як воқеияти диниро низ иброз намудан хеле муҳим аст. Дар ҳар як ҷомеа, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти аҳолӣ аз ин ё он дин дар сатҳҳои гуногун пайравӣ менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти оморӣ 90% аҳолиро пайравони дини ислом ташкил медиҳанд. Воқеият ин аст, ки ҳамаи пайравони дини исломро ба ду гурӯҳ-нухбагони динӣ ва мусулмонони қаторӣ тақсим намудан мумкин аст. Дар навбати худ ҳам нухбагони динӣ ва ҳам мусулмонони қаториро аз лиҳози ҷаҳонбинии динию сиёсӣ боз ба ду гӯрҳ ҷудо намудан мумкин аст: таҳаммулгаро (анъанавӣ) ва тундгаро (ифротгаро):
Нухбагони динӣ (руҳониён)
Таҳаммулгаро. Кӯшиш менамоянд, ки мардумро ба роҳи рост ҳидоят намоянд ва аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд.
Тундгаро. Кӯшиш менамоянд, ки мардумро дар муқобили сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат равона созанд.
Мусулмонони қаторӣ
Таҳаммулгаро. Нафароне мебошанд, ки динро ҳамчун ҷузъи таркибии ҳаёти маънавии худ тасаввур намуда, онро бо сиёсат омезиш намедиҳанд.
Тундгаро. Нафароне мебошанд, ки дар зери таъсири ғояҳои исломи тундгаро қарор гирифта, мисли руҳониёни тундгаро дар муқобили сиёсати давлатӣ баромад менамоянд.
Бинобар ин, таъсири омилҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таркиби иҷтимоии дини ислом бояд сурат гирад. Яъне, ба инобат гирифтани унсурҳои таҳаммулгаро ва тундгароии исломӣ ин ҷо нақши ҳалкунанда мебозад. Зеро муваффақияти давлат дар танзими муносибатҳои динӣ ва амалишавии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин аз тавозуни унсурҳои таҳаммулгаро ва тундгароии исломӣ вобаста мебошад. Ин масъала хусусияти тағйирёбанда дорад. Яъне, ки марҳила ба марҳила метавонад тавозуни он тағйир ёбад. Аммо воқеият ин аст, ки агар унсурҳои тундгаро зиёд гардад ва иқтидори таъсиррасонии онҳо бештар шавад, идора намудани рафторҳои динии мусулмонон каме душвор мегардад ва ҳамчунин равандҳои сиёсию иҷтимоӣ низ ба буҳронҳои мухталиф рӯ ба рӯ мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар шароити рушди муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба робитаҳои мутақобилаи дин бо давлат аз ҷониби худи мақомоти давлатӣ тарҳи хоссае омода карда шудааст. Аслан тарҳи мазкур моҳиятан дар асоси меъёрҳои демократӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ба инобат гирифтани тавозун байни манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ҳамкориҳо ва тамоюл доштан ба ҳусни тафоҳум эҷод карда шудааст. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар асоси таъмини ҳуқуқу озодиҳо ба вуҷуд оварда шудаанд, ки баробарӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои тамоми шаҳрвандонро новобаста аз мансубияти динию эътиқодияшон таъмин менамоянд. Қонунгузории кишвари мо гуногунрангии диниро истисно накарда, ниёзи инсонро баҳри алоқамандӣ ва баамалбарории меъёрҳо ва талаботҳои эътиқодию динӣ маҳдуд намегардонад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, унсурҳои сиёсию тундгароии дини ислом дар симои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат зоҳир мегарданд.
Мо дар мавриди омилҳои дохилию берунии таъсири тундгароии исломӣ метавонем ҳолатҳои гуногунро ёдоварӣ кунем. Аммо онро дар мисоли фаъолияти созмонҳо ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ агар таҳлилу баррасӣ кунем, моҳияти онро хубтару беҳтар метавонем шарҳ диҳем. Дар раванди ташаккулёбии исломи тундгаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои террористию ифротгароӣ таъсири амиқ мерасонанд. Аз қабили, ташкилотҳои террористию ифротгароии «Ал-Қоида», ташкилоти террористии бо ном «Давлати исломӣ», «Ихвон-ул-Муслимин» (Бародарони мусулмон), «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (Туркистон)», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», иттиҳодияи террористию ифротгароии «Паймони миллии Тоҷикистон», «Таблиғи ҷамоат», «Ансоруллоҳ», «ал-Ҷиҳод» ва ғайраро метавон ҳамчун ҳаракатҳои исломии тундгаро ёдоварӣ кард. Ба ҳамаи онҳо идеологияи исломгароӣ хос аст, яъне инкор намудани меъёрҳои демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ ва ҷонибдорӣ намудани ташкили давлати исломӣ хоси фаъолияти онҳо мебошад. Дар ҳамаи онҳо дар ин ё он дараҷа таълимоти ваҳҳобия, салафия ва дигар ҷараёнҳои ғоявии ифротгароию тундгароӣ дида мешавад. Ташкилотҳои мазкур ду мақсади асосӣ доранд: мақсади аввалия (бо роҳи таблиғи ғояҳои тундгароӣ бештар намудани ҷонибдорони худ) ва мақсади ниҳоӣ (ташкил намудани давлати исломӣ). Чунин мақсадҳои стратегии тундгароёни исломӣ на танҳо таҳдид ба суботи сиёсии мамлакат мебошад, балки хатар ба сохтори конститутсионии давлат баҳогузорӣ мегарданд.
Дар ин раванд ба инобат гирифтани воқеиятҳои таърихӣ низ хеле муҳим мебошад. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тундгароёни исломие, ки дар дохили мамлакат буданд, бо тундгароёни исломии кишварҳои ҷаҳони ислом робита барқарор карда наметавонистанд. Зеро робитаи ҷомеаи коммунистӣ бо ҷомеаҳои хориҷӣ танҳо дар доираи ҳамкориҳои давлатӣ сурат мегирифт, ки дар чунин шароит тундгароёни исломӣ барои паҳн намудани ғояҳои худ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар миёни якдигар имконияти хеле кам доштанд. Аммо дар натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сарҳадҳои идеологӣ низ аз байн рафт, ки дар ин раванд кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷаҳони ислом ворид шуданд ва эҳёи тундгароии исломӣ дар кишварҳои мазкур ба амал омад. Гузашта аз ин, дар солҳои минбаъда вобаста ба пешгирии паҳншавии ғояҳои тундгароии исломӣ аз ҷониби давлатҳои мазкур чораҳои ҷиддӣ андешида шуда бошанд ҳам, боз ба амал омадани рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ масъалаи мазкурро аз пештара дида мураккабтар гардонид. Ба ибораи дигар, шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иртиботӣ барои тундгароёни исломӣ имкониятҳои навро ба вуҷуд оварданд. Айни замон шуури ҷамъиятӣ ҳамчун объекти таъсиррасонии тундгароёни исломӣ акнун бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба амал бароварда мешавад.
Агар ба таърихи наҳзати исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, он дар солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал меояд. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар солҳои пештара омилҳои динӣ, аниқтараш унсурҳои сиёсию тундгароии дини ислом мавҷуд набуд. Баръакс онҳо ба таври пинҳонӣ робитаи дохилӣ барқарор намуда, пинҳонӣ фаъолият мебурданд. Қонунҳои ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» ва «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон» барои пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва иттиҳодияҳои динӣ боис гардиданд. Шумораи масҷидҳо аз 17 адади замони шӯравӣ то ҳазорҳо адад омада расид. Ин ҳолатро соли 2013 Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба таври зерин таъкид намуда буд: «Имрӯз шумораи масҷидҳо аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чаҳор ҳазор расида, теъдоди ҳоҷиёни кишвар аз 30 нафар то ба 200 ҳазор афзоиш ёфт ва Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромад». Дарвоқеъ, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтани масҷидҳо бо суръати хеле баланд идома дорад. Чунин тамоюлот то дараҷае рафта расид, ки шумораи масҷидҳо аз шумораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ зиёд гардиданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 ба ин масъала таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакатро ҷалб намуда, иброз доштанд, ки «Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд. Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем». Айни замон на танҳо шумораи масҷидҳо аз шумораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бештар шудааст, балки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози шумораи масҷидҳо ҷойи аввалро ишғол менамояд. Таҳқиқоти коршиносони Осиёи Марказӣ, ки дар доираи лоиҳаи Фонди Фридрих Эберт соли 2017 гузаронидаанд, ин оморро тасдиқ менамоянд (ниг. ба ҷадвал).
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо шумораи масҷидҳо ва аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин арзёбӣ мегардад:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи масҷидҳо 3930 адад, шумораи аҳолӣ 9 126 600 (ба январи 2019);
Дар Ҷумҳурии Қирғизистон шумораи масҷидҳо 2669 адад, шумораи аҳолӣ 6 389 500 (ба январи 2019);
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон шумораи масҷидҳо 2516 адад, шумораи аҳолӣ 18 632 200 (ба январи 2020);
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон шумораи масҷидҳо 2065 адад, шумораи аҳолӣ 33 905 800 (ба январи 2019).
Чи гунае, ки мушоҳида намудан мумкин аст, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи масҷидҳо бештар аст. Аммо омори пешниҳодшуда нишондодҳои соли 2017 дар бар мегирад. Чи гунае, ки шоҳид ҳастем, дар паёми солонаи Президенти мамлакат дар соли 2019 шумораи масҷидҳо зиёда аз 5 ҳазор гуфта мешавад, ки дар ду соли охир аз зиёд шудани онҳо дарак медиҳад.
Инчунин таҳсилоти динии аҳолӣ ва шаклҳои мухталифи он низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба равандҳои сиёсии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Маълум аст, ки дар замони шӯравӣ дар зери таъсири идеологияи коммунистӣ, ки хусусияти атеистӣ дошт, таҳсил намудан дар муассисаҳои динӣ ва гирифтани маълумоти динӣ ғайриимкон буд. Бинобар ин, муллоҳои кунҷакӣ дар хонаҳои худ ба таври пинҳонӣ ба толибилмон дарсҳои исломӣ мегузарониданд. Чунин тамоюлот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низ идома кард. Фақат як ҳолатро бояд махсус таъкид намуд, ки дар замони шӯравӣ мубаллиғони хориҷӣ наметавонистанд, ки ба дохили мамлакат ворид шаванд ва ҳамчунин шаҳрвандони кишвар низ наметавонистанд, ки дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар кишварҳои исломӣ таҳсил намуда, маълумоти динӣ гиранд. Аммо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ чунин вазъият ба куллӣ тағйир ёфта, ба дохили мамлакат на танҳо мубаллиғони исломӣ ворид шуданд, балки шумораи нафароне, ки мехостанд дар кишварҳои исломӣ таҳсил намуда, маълумоти динӣ гиранд, бамаротиб афзоиш ёфт. Албатта, чунин тамоюлот дар зери таъсири омилҳои гуногун ба амал меоянд. Пеш аз ҳама, руҳониёни кишварро метавон ёдоварӣ намуд, ки дар сафарбар намудани ҷавонон ба хориҷи кишвар барои гирифтани маълумоти динӣ ва бо руҳониёни кишварҳои исломӣ робитаҳои гуногун доштани онҳо метавонад омили муассир бошад.
Бо дарназардошти чунин вазъият чанд сол қабл бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои олии мамлакат фанни диншиносӣ ба номгӯйи фанҳои ҳатмии таълимӣ ворид карда шуда, таълими он дар ҳамаи факултаҳо ба роҳ монда шуд, то ки ҷавонон аз моҳияти на танҳо дини ислом, балки динҳои дигар низ огоҳ бошанд. Албатта, барои баланд бардоштани маданияти сиёсию динии ҷавонони кишвар ин иқдоми хуб ва саривақтӣ мебошад, аммо аз ҷониби киҳо ба роҳ монда шудани таълими ин фан масъалаи баҳснок аст. Ба андешаи мо, агар омӯзгори фанни диншиносӣ донишҳои илмию дунявӣ надошта бошад ва агар дингарои ашадӣ бошад, таълими фан на танҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, балки дар миёни ҷавонон нофаҳмиҳои зиёдро ба вуҷуд меоварад. Махсусан, агар фанни диншиносӣ моҳиятан ба қуръоншиносӣ ва ё илоҳиётшиносӣ табдил ёбад, он метавонад ҳамчун воситаи таблиғи андешаҳои динӣ баромад намояд. Омӯзгорони фанни диншиносӣ дар баробари шинохти динҳо инчунин бояд дар бораи муборизаи абарқудратҳо, махсусан муборизаҳои геополитикӣ, бархӯрди манфиатҳои миллию геополитикӣ, манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ, давлатдории миллӣ ва ғайраҳо маълумоти кофӣ дошта бошанд, то ки дар таълими ин фан тавонанд ба донишҷӯён масъалаҳои диниро бо дарназардошти манфиатҳои миллии мамлакат шарҳ диҳанд.
Ба андешаи мо, онҳое, ки аз хориҷии мамлакат ва баъзан аз дохили кишвар вобаста ба соҳаи дин ва танзими дин ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ менамоянд, ба асли масъала баҳои яктарафа медиҳанд. Бояд ин масъаларо бодарназардошти воқеаву ҳодисаҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар мамлакат рух додаанд, баҳогузорӣ намуд. Гузашта аз ин, ҳангоми таҳлили сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар бояд ба инобат гирифта шавад. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳои худ аз дини ислом пуштибонӣ намуда, терроризм ва тундгароии хушунатомезро, ки дар симои ислом зоҳир мегардад ва дини исломро бадном менамояд, маҳкум месозад. Чунончи соли 2007 Президенти мамлакат дар яке аз паёмҳои табрикии худ ба муносибати иди Қурбон дар атрофи моҳияти дини ислом чунин ибрози андеша намуда буд: «Дини мубини ислом тамаддун ва фарҳанги ғановатмандест, ки бо арзишҳои олии ҷовидонаи худ дар давоми асрҳо дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни олам, аз ҷумла тоҷикон, нақши бағоят бузург бозидааст. Фарҳанги бузурги исломӣ саршор аз ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстон, дилсӯзию ғамхорӣ ба беморону нотавонон, ёди хайр аз гузаштагон мебошад. Ислом адаб ва панду насиҳат аст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мусулмонон аз он иборат аст, ки дар тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷомеа ҳамаҷониба саҳм гиранд». Аммо дар мавриди аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ истифода гардидани дини ислом ва бадном шудани он низ доимо суханронӣ намуда, чунин амалҳоро қотеона маҳкум месозад. Чунончи соли 2019 ҳангоми мулоқот бо афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иброз доштанд, ки «Равандҳои муосири ҳарбиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон собит месозанд, ки сӯйистифода аз терроризм ва ғояҳои хушунатомези ифротгароӣ, кӯшишҳои сиёсисозии дини ислом ҳамчун бузургтарин хатар ба таъмини амният, сохти конститутсионӣ, дунявият, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо арзёбӣ мегарданд».
Муаррихи тоҷик Шарипов А.Н. қайд мекунад, ки «Дастури Пешвои миллат оид ба таълифи Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, осори пурғановати бузургон, сохтани Масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ, ҳимояти мазҳабу дин аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, аз қабили иртибот надоштани терроризм ба ислом, зиёрати хонаи Худо ҳамчун шукргузорӣ аз истиқрори сулҳ, шарафи зиёрати дохили ҳарами шариф, ворид шудан ба рўйхати 500 мусулмони муассири дунё аз камоли мусулмонӣ, ҳимоят аз дину оин ва мазҳаб, на танҳо дар фазои кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон бешубҳа мо метавонем Пешвои миллатро ҳамчун ҳомии мазҳаб ва сулҳ эътироф намоем, зеро такя ба мазҳаби ҳанафӣ ягона роҳи ҳифзи арзишҳои динӣ ва пешгирии хушунат дар заминаи динӣ мебошад».
Бояд гуфт, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию маънавии мамлакат ҳодисаю воқеаҳои гуногун ба амал омадаанд, ки аксари онҳо дар зери таъсири омилҳои динӣ пайдо шудаанд. Бо дарназардошти чунин ҳолат гуфтан мумкин аст, ки таъсири омилҳои динӣ на танҳо ба суботи сиёсӣ ва амнияти миллии кишвар, балки ба рушди ояндаи мамлакат таъсири амиқ расонидааст. Аз ҷумла, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997), ки дар он нерӯҳои зиддиҳукуматиро аслан нерӯҳои исломӣ ташкил менамуданд; ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар заминаи муқаррароти он на танҳо Комиссияи оштии миллӣ барои гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳарбӣ шуруъ намуд, балки фаъолияти ҳизби диниро дар мамлакат иҷозат дод; шуруъ аз солҳои 2000 хуруҷи ғояҳои тундгароии исломӣ, зиёд гардидани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ, ба сафи онҳо ҷалб гардидани шаҳрвандони мамлакат; кӯшиши анҷом додани табаддулоти давлатӣ аз ҷониби пайравони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва бо иштироки генерал Назарзода А., бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ ба иғвоангезию фитнаангезӣ машғул гардидани пайравони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва чанде дигар ҳодисаю воқеаҳо Ҳукумати мамлакатро водор намуданд, ки барои таъмини амнияти миллӣ ва пешгирӣ намудани низоъҳои навбатӣ чораандешӣ намоянд.
Бо дарназардошти воқеаҳои дохилию берунӣ, ки дар зери таъсири омилҳои динӣ ба амал омада буданд, Ҳукумати мамлакат дар сиёсати давлатии худ дар соҳаи дин як қатор чораҳои зарурӣ ва саривақтиро роҳандозӣ намуд. Пеш аз ҳама, муайян намудани номгӯи ташкилотҳои ифротгароию террористӣ ва бо қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон намудани фаъолияти онҳо дар қаламрави мамлакат яке аз иқдомҳои пешгирикунандаи оқибатҳои ногувори омилҳои динӣ мебошад.
Моҳи сентябри соли 2015, баъди оне, ки пайравони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ташкил намудани табаддулоти давлатӣ кӯшиш намуданд, Додгоҳи Олии мамлакат фаъолияти онро манъ намуда, онро ҳизби террористию ифротгароӣ эълон кард. Моҳи майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки яке аз он тағйиротҳоро манъ намудани фаъолияти ҳизбҳои динӣ ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, таъсири омилҳои динӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намуда, ба чунин хулосаҳо расидем:
–омилҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду шакл зоҳир мешаванд: созанда ва тахрибӣ. Омилҳои динию мазҳабии созанда аз исломи таҳаммулгаро ва исломи анъанавӣ сарчашма гирифта, моҳияти онро арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва ҷанбаҳои тарбиявии онро ахлоқи ҳамида ташкил медиҳад, ки он дар таъмини назму низоми ҷамъиятӣ саҳми арзанда дорад. Аммо омилҳои динию мазҳабии тахрибӣ бо фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ алоқаманд буда, ҷавҳари онро тундгароии динӣ ва зӯроварии хушунатомез ташкил медиҳад, ки он ба сохтори конститутсионии давлат, якпорчагии марзу бум, суботи сиёсии кишвар, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, амалӣ намудани муборизаи беамон бо омилҳои динию мазҳабии тахрибӣ хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад;
–тундгароии исломӣ ва ифротгароии динию сиёсӣ дар самти ташаккулёбии давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ монеа эҷод намуда истодааст. Ғояпардозон ва тундгароёни исломӣ бо ҳар роҳу восита андешаҳои ифротгароӣ ва тундгароии диниро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа паҳн намуда, бо ин ба шуури ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва рафтори шаҳрвандонро тағйир медиҳанд. Бо дарназардошти чунин омил гуфтан мумкин аст, ки тундгароии исломӣ ва ифротгароии динию сиёсӣ дар шароити навини давлатдори омилҳои бесуботкунандаи ҳаёти сиёсӣ ва амнияти миллии кишвар мебошанд.
Ҳусайнзода Аминҷон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ